Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари чоррӯзаи Карл Билдт ба Эрон


Карл Билдт

Карл Билдт

Боздиди чоррӯзаи вазири хориҷаи Шветсия аз Эрон ҳамчун аломати азми Ғарб барои ташвиқи Эрон ба ҳамкории бештар бар сари барномаҳои ҳастаияш унвон мешавад.

Карл Билдт, вазири хориҷаи Шветсия рӯзи 3 феврал бо як сафари чоррӯза вориди Эрон мешавад ва қарор аст, рӯзи 4 феврал гуфтугӯҳоеро бо мақомоти Теҳрон анҷом диҳад. Ҳамзамон бо ин сафар як ҳайъати иқтисодии Фаронса низ ба Эрон сафар кардааст, ки эҳтимолан ҷанбаҳои ҳамкорӣ бо риштаҳои муҳими иқтисоди ин кишварро баррасӣ мекунанд.

Сухангӯи вазири хориҷаи Шветсия Эрик Зига дар мавриди сафари вазир ба Эрон гуфт, “ин сафар ченакест, ки ба як созиши доимӣ табдил шудани тавофуқи муваққатиро мемомӯзад.”

Бар пояи қарордоди шашмоҳа Теҳрон барномаҳои ҳастаияшро муваққатан мутаваққиф карда, Ғарб бояд дар иваз таҳримоташ алайҳи Эронро сабуктар кунад. Ин созиш байни қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон моҳи ноябр ба даст омад ва аз 20 январ ба иҷро гузошта шуд.


Музокирот дар мавриди бо як санади дарозмуддат иваз кардани қарордоди муваққати байни Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ , қарор аст, рӯзи 18 феврал дар Вена баргузор шавад. Музокироти ҳастаӣ бо Эронро 5 узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид - Британия, Фаронса, Русия, Чин, Ийолоти Муттаҳида, ки ҳаққи вето доранд, бо иловаи Олмон анҷом доданд.

Вазири хориҷаи Шветсия дар блоги худ сафараш ба Эронро даст додан ба имкони дигаргунӣ ва ҳамкорӣ унвон кардааст. Карл Билдт гуфтааст, бо вуҷуди ихтилофи амиқ бо режими Эрон огоҳии бузурге аз аҳамияти ин кишвар ва эҳтиром ба фарҳангу таърихи он вуҷуд дорад.

Илова бар баҳсҳои ҳастаӣ, Эрон бо бахши умдаи давлатҳои ғарбӣ бар сари низоъи Сурия низ ҳамчунин бигӯ-магӯ дорад. Теҳрон дар муқобили Ғарб ва салтанатҳои халиҷи Форс аз режими Башор Асад пуштибонӣ мекунад.

Вазири хориҷии Шветсия Карл Билдт сафараш ба Эронро аз Исфаҳон, макони як пойгоҳи коркарди уран оғоз кард. Ӯ рӯзи якшанбе дар ҳошияи анҷумани амниятии Мюнхен дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Фардо изҳори умед кард, ки дар сурати муваффақ шудани гуфтушунидҳои ҳастаӣ равобити Ғар бо Эрон метавонад рушд кунад: “Интизороти рӯшани дигаргуниҳо дар Эрон дар байни мардуми зиёд вуҷуд дорад. Аммо ба назари ман, ин пеш аз ҳама ба музокироти ҳастаӣ бо Ғарб бастагӣ хоҳад дошт. Агар гуфтушунидҳо муваффақ бошанд, ин метавонад роҳро барои дигаргуниҳо дар бахшҳои дигар низ боз кунад.”

Ҷавод Зариф (аз чап) ва Ҷон Керрӣ. 23.11.2013

Ҷавод Зариф (аз чап) ва Ҷон Керрӣ. 23.11.2013

Дар ҳошияи нишасти амниятии Мюнхен вазири хориҷии Эрон Ҷавод Зариф мулоқоти хусусиеро бо ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрӣ анҷом дод, ки ҳамчун як дидори нодир арзёбӣ мешавад. Ҷавод Зариф дар Мюнхен ба хабарнигорон гуфт: “Он чӣ ман ваъда медиҳам, ин рафтан ба ин музокирот бо иродаи сиёсӣ ва эътимод ва даст ёфтан ба созиш аст, зеро беақлӣ мебуд, агар мо танҳо барои 6 моҳ созиш карда бошем. Ин барои ҳама бадбахтӣ мебуд, ки равандро оғоз ва баъди шаш моҳ дафъатан онро қатъ кунӣ.”

Рӯзи душанбе Ҷавод Зариф зимни суханронӣ дар Берлин гуфт, ки созиш бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон дар давоми шаш моҳи дигар имконпазир аст, агар иродаи сиёсӣ мавҷуд бошад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки аз талошҳои Конгресси Амрико барои ҷорӣ кардани таҳримоти нав алайҳи Эрон нигарон аст ва афзуд, президенти Ийолоти Муттаҳида ваъда додааст, ки ҳамагуна таҳримоти нав алайҳи Ҷумҳурии исломиро вето мекунад.

Феълан омӯзиши ҷанбаҳои низомии барномаҳои ҳастаии Эрон аз ҷониби нозирони Созмони Милали Муттаҳид идома дорад. Эрон борҳо гуфтааст, ки дар пайи силоҳи ҳастаӣ нест ва барномаҳояш табиати осоишта доранд.
XS
SM
MD
LG