Пайвандҳои дастрасӣ

Парвози нархи бозорҳо ва тахфифҳои идонаи супермаркетҳои Душанбе


Ба фарқ аз бозорҳо, бархе супермаркетҳои Душанбе дар арафаи иди Қурбон нархи маҳсулотеро, ки мардум барои оростани дастурхонаи идона мехаранд, пойин бурдаанд.

Иди қурбон чун ҳама дигар иду ҷашнҳо ҳамроҳ бо мавҷи нави парвози нархҳо пой ба Тоҷикистон гузошт. Аммо ба фарқ аз идҳои дигар, тибқи мушоҳидаҳо, дар арафаи иди имсола, супермаркетҳо то ҷое ба рақиби бозорҳои калон ва серғавғои пойтахт табдил ёфтаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ҳолу ҳавои бозорҳо, ки махсусан дар ростои иду ҷашнҳо мардум ҷойи ба қавле поймонӣ намеёбанд ва бо истифода аз ин вазъ нархҳо ҳам якбора парвоз мекунанд, харидорон ҳарчӣ бештар рӯ ба супермаркетҳо меоранд.

Имсол дар арафаи иди Қурбон бархе аз марказҳои бузурги савдои шаҳр ҳам бо роҳандозии иқдому тахфифҳои ғайримаъмулӣ талоши ҷалби мизоҷонро карданд. Барои мисол, маркази савдои тозатаъсиси “Пайкар” дар арафаи иди Қурбон молу маҳсулоти асосӣ барои дастурхони идонаи мардум, мисли кулчақанду, нӯшоба ва қанду меваҷотро то 15 дарсад пойин бурдааст.

Ҷамшед Азизов, як масъули маркази савдои “Пайкар” мегӯяд, ин иқдом дар ростои ид сафи харидорони онҳоро якбора зиёд кард ва на танҳо мардуми доро, балки сокинони миёнаҳол ҳам, ба қавли ӯ дар ин миён кам набудаанд: “Аслан сиёсати кории мо чунин аст, ки нарх бояд аз бозор як каме арзон бошад, вале аз бозори яклухтфурӯшие, мисли “Сафар центр”, албатта, каме гаронтар аст. Мо, масалан, меваро ҳар рӯз аз дасти аввал, субҳи барвақт рафта, аз деҳқон мехарем. Бубинед, нархи як кило себ дар бозор ҳоло то 15 сомонӣ аст, ин ҷо мо 10 сомонӣ нарх гузоштем. Ангур, масалан, аз 3 то 6 сомонӣ аст”

Молу маҳсулот озода ва ботартиб дар рафҳои алоҳида чида шуда, ҳузури мушовирон дар ҳар бахши маркази савдо, ки ба харидорон дар интихоби маводи беҳтар кӯмак мекунанд, аз бартарии кори марказҳои савдо гуфта мешавад, ки мавриди писанди харидорон низ шудааст. Шаҳноза, зани ҷавоне, ки бо аробачаи пур аз шириниву маҳсулоти идона дар маркази савдои “Пайкар ” шоколад интихоб мекард, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, як сол боз ӯ ба бозор нарафтааст ва барои иду ҷашн ва ҳам рӯзҳои маъмулӣ аз супермаркетҳо харид мекунад: “Ин ҷо интихоб зиёд аст, бозор, худатон медонед, ки тоза нест, талотӯп, доду фарёд, чӣ кор карданатро намедонӣ. Марказҳои савдо, албатта, як-ду сомонӣ аз бозор қимматтаранд, аммо бовар кунед, меарзад, чун шароиташон беҳтар аст.”

Мусоҳибони мо дар ин маркази савдо аксаран мисли Шаҳноза мегӯянд, дер боз ба бозор нарафтаанд. Парвина Мӯъминова, яке аз харидорони дигар, дар сӯҳбат гуфт, барояш харид кардан дар маркази савдо осону роҳаттар аст: “Тамоми чизе, ки дар бозор ҳаст, ин ҷо ҳам ҳаст ва бартарӣ ин аст, ки ин ҷо молу маҳсулот тару тоза аст, на офтобхӯрдаву ифлос.”

Анбӯҳи зиёди харидорон дар марказҳои бузурги савдо, ба мисли “Пайкар” дар ҳоле дида мешуд, ки ғолибан чунин фурӯшгоҳҳо дар гузашта макони хариди асосан қишри доро маҳсуб мешуд ва мардуми оддӣ ҳам бо ин фикр, ки нарх дар супермаркет ҳатман бояд гарон бошад, новобаста ба ҳолу ҳавои бозор рӯ ба он меоварданд. Аммо тавре мо дар як рӯзи қабл аз иди Қурбон дар бархе аз марказҳои калони савдо мушоҳида кардем, нархҳо ин ҷо аз бозорҳо чандон фарқ надоранд.

Дар маҷмӯъ бо вуҷуди талошу таъкидҳои масъулин барои ҷилавгирӣ аз парвози нархҳо дар арафаи иду ҷашнҳо, дар остонаи иди Қурбон низ болоравии қиммати молу маҳсулоти идона дар бозорҳо харидоронро дигарбора нороҳат кард. Нархи мева ва донагиву шириниҳо дар бозорҳо дастикам 30 дарсад боло рафтааст. Барои мисол, нархи як кило шафтолуе, ки қаблан аз 7 то 10 сомонӣ арзиш дошт, дар арафаи ид ба 25 сомонӣ баробар шуд.

XS
SM
MD
LG