Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи ҳандбол дар Кӯлоб


Мусобиқаи қаҳрамонии ҳандбол ё тӯби дастии Тоҷикистон миёни дастаҳои мардона имрӯз, 2-юми ноябр дар Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб шурӯъ шуд.

Дар ин мусобиқа панҷ даста аз вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва шаҳри Душанбе ширкат дорад. Вале тимҳои шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Ҳисору Панҷ ба иллати мушкилоти молӣ ба Кӯлоб омада натавонистанд.

Саид Маҳмудов, муовини аввали раиси Федератcиюни ҳандболи Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт,“ҳандбол дар Тоҷикистон ҳафт соли ахир, баъди таъсиси Федератсиюни миллии тӯби дастӣ таҳти раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз нав эҳё шуд. Ва ҳоло ин навъи олимпии варзиш дар вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Душанбе,Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор роҳандозӣ шудааст. Дар ин муддат дар кишвар якчанд мусобиқаи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барпо гардид. Ҳамчунин ҳандболбозони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Афғонистон, Покистон, Узбакистон ва Эрон ширкат карданд. Масалан, тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар Бозиҳои IV бонувони кишварҳои исломӣ дар Эрон миёни 12 даста дар мақоми 7-ум қарор гирифт.Моҳи апрели соли равон дастаи мунтахаби занонаи ҳандболи Тоҷикистон дар мусобиқаи минтақаи Осиёи Марказӣ севум шуд.”

Ҷаноби Маҳмудов афзуд, дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон ба мусобиқаи ҳандбол, ки 25-уми ноябри соли равон дар пойтахти Афғонистон – Кобул баргузор мешавад, даъват шудааст. Инчунин дар ин мусобиқа ширкати дастаҳои мунтахаби Туркманистону Узбакистон дар назар аст.

Вале ба гуфтаи ҷаноби Маҳмудов, барои рушди минбаъдаи ин навъи олимпии варзиш дар Тоҷикистон ҳандболбозон ба толорҳои замонавӣ ва майдонҳои ҳандбол ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG