Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ президентро барканор кард


Додгоҳи Қонуни асосии Кореяи Ҷанубӣ раъйи парлумони он кишвар дар бораи бозхонди Пак Кин Хе, раиси ҷумҳури он кишварро таъйид кард ва ба ин тартиб, ӯро расман аз мақоми президентӣ барканор намуд. Барканории раиси ҷумҳури Кореяи ҷанубӣ дар пайи ифшои парвандаи дахолатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирифтааст.

Пак Кин Хе дар авохири соли гузашта аз тарафи парлумони Кореяи Ҷанубӣ, ки аксарияти онро ҳамҳизбиҳои ӯ ташкил медиҳанд, бозхонд шуд. Моҳҳо пас аз тазоҳурот ва раҳпаймоиҳои густурда ва камсобиқа дар чанд даҳаи ахир дар Кореяи Ҷанубӣ, дар ин муддат ҳаводорони хонум Пак Кин Хе низ даст ба раҳпаймоӣ ва эътирозҳо зада буданд.

Ҳарчанд эътирозҳо алайҳи ҳукумати Пак Кин Хе пас аз замони пирӯзии ӯ дар интихоботи президентии соли 2013 идома дошт, аммо ифшои парвандаи дахолатҳои васеи яке аз дӯстон ва мушовирони пешини ӯ дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ, ин эътирозҳоро бештар кард. Дар ниҳоят ҳизби муҳофизакор низ натавонист дар баробари фишорҳо муқовимат кунад ва барои бозхонди ӯ аксарият дар парлумон раъй доданд.

Барканории раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ дар пайи ифшои парвандаи дахолатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирифтааст.

Дар пайи бозхонди раиси ҷумҳури Кореяи ҷанубӣ, нахустазир ба унвони ҷонишин ӯ идораи давлатро ба ӯҳда гирифт. Аммо Пак Кин Хе ҳамчунон аз дахлнопазир бархӯрдор буд ва дар "Кохи обӣ" дафтар ва иқоматгоҳи раиси ҷумҳури ин кишвар, ҳузур дошт. Раъйи додгоҳи Қонуни асосӣ, ҳамакнун масуният ва дахлнопазирии хонум Пак Кин Херо аз байн мебарад. Ба ин тартиб, нахуствазири он кишвар то вақти баргузории интихобот, раиси ҷумҳур хоҳад монд. Интихоботи нав бояд то ду моҳи оянда баргузор шавад.

Бо вуҷуди ҳузури нахуствазир, низоми давлатдории Кореяи ҷанубӣ раёсатӣ ва ё президентӣ аст ва раиси ҷумҳур низ барои як давраи

панҷсола, интихоб мешавад. Ин нахустин бор аз замони ислоҳоти демократӣ дар Кореяи Ҷанубӣ аст, ки президенти он кишвар аз кор барканор мешавад.

Пак Кин Хеи 65-сола фарзанди Пак Ҷон Хи, диктатори пешини он кишвар, муттаҳам ба он мешавад, ки ба яке аз дӯстон ва мушовиронаш бо номи Чой Соон Сил барои фишор овардан бар ширкатҳои бузурги он кишвар ва гирифтани кӯмакҳои молӣ барои ду бунёди сиёсии тарафдори худаш, пуштибонӣ кардааст. Аммо Пак Кин Хе ҳамаи иттиҳомотро рад кардааст.

Дар ҷараёни баррасии ин қазия дар Додгоҳи Қонуни асосӣ, тазоҳурот алайҳи раиси ҷумҳури бозхондшуда идома дошт ва ҳаводорони ӯ низ дар ин муддат даст ба эътирозҳо заданд. Барканории қонунии раиси ҷумҳури Кореяи ҷанубӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки вазъият дар нимҷазираи Кореяи ҷанубӣ дар пайи озмоиши нави мушакии Кореяи Шимолӣ, ба бӯҳрони нав рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG