Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ аз Сӯх ба Бодканд қисман боз шуд


Роҳ аз тариқи ҷазираҷаламрави Сӯхи Узбакистон ба сӯи деҳаҳои вилояти Бодканди Қирғизистон барои ҳаракати нақлиёт ва равуои мардум давоми рӯз боз шуд.

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҷониби Узбакистон дар мавриди кушодани ин роҳ аз соати 8-и субҳ то 8-и шом тасмим гирифт. Шабона ба хотири таъмини амният роҳ чун пештара баста аст.

Ёдовар мешавем, рӯзи 6--уми январ насби сутунҳо барои интиқоли нерӯи барқ дар посгоҳи Чорбоғ аз сӯи марзбонони қирғиз боиси моҷаро дар марзи миёни Узбакистону Қирғизистон шуд ва сокинони ҷазирақаламрави Сӯх дастикам 30 қирғизро гаравгон гирифтанд. Баъд аз ин Қирғизистон роҳ ба ҷазирақаламравҳои Сӯх ва Шоҳимардон ва Узбакистон роҳ сӯи минтақаи Бараки Қирғизистонро баст. Дар ҷазирақаламрави Сӯх тақрибан 60 000 нафар ба сар мебаранд, ки аксари онҳо тоҷиканд.

Аммо, тавре Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигор ва таҳлилгари маҳаллӣ, дар сӯҳбат бо мо гуфт, рӯзона боз шудани роҳ мушкилоти мардуми Сӯхро кам накардааст. Ӯ мегӯяд, ки аз вилояти Фарғона ба самти Сӯх се роҳ мавҷуд аст, яке аз тариқи шаҳри Қуқанд ба қисмати поёнии ҷазирақаламрав мебарад, дигарӣ аз тариқи шаҳри Риштон ва низ сӯи қисмати поёнии Сӯх аст. Роҳи сеюм аз тариқи ноҳияи Қадамҷой ва шаҳраки Ҳайдаркони Қирғизистон ба саргаҳи Сӯх меравад. Айни ҳол, ба гуфтаи мусоҳиби мо, фақат роҳи сеюм барои ҳаракати нақлиёту равуои мардум рӯзона боз аст.

Мирасарори Фарғонӣ бо такя ба гуфтаҳои сокинони Сӯх меафзояд, ки мардум то ҳол наметавонанд озодона ва аз тариқи мошинҳояшон аз ин роҳ убур карда ба маркази вилоят ва дигар мавзеъҳо раванд, зеро аз як сӯ тарсу ваҳм то ҳол дар дили мардум ҷойгир аст ва аз сӯи дигар қирғизҳо низ барои равуои онҳо монеъа эҷод мекунанд.

“Бар пояи иттилои ман, мардуми деҳаи Ҳушёр, ки моҷарои марзӣ аз ҳамон ҷо сар зад, мавриди фишору таъқиби шадиди марзбонҳо ва ҳатто мардуми маҳалли қирғиз қарор доранд ва онҳое, ки дар шиносномаҳояшон маҳалли зист деҳаи Ҳушёр нишон дода шудааст, боздошт ва кофтукобу пурсуҷӯ мешаванд”, мегӯяд Мирасрори Фарғонӣ.

Ӯ меафзояд, ки ахиран бо деҳаи Ҳушёр рафта буд ва шоҳиди мушкили зиёди мардуми ин деҳаи кӯҳӣ шуд, ки дар инзивои башарӣ қарор доранд. Сокинони деҳа, аз ҷумла, об надоранд ва барфро об карда менӯшанд, дарёфти маводи озуқа ва дорувор ҳам душвор аст.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ахиран онҳое, ки баъд аз моҷаро дар ду тарафи марз монда буданд, тавасути чаҳор автобус ба манзилҳояшон расиданд.
XS
SM
MD
LG