Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аксари ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернетӣ дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро, ки аз чанд моҳ ба ин тараф масдуд шуда буданд, барқарор кардаанд.

Дар Тоҷикистон аксар ширкатҳои интернетрасон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook, ВКонтакте ва видеохостинги Youtube-ро барқарор карданд. Ин ширкатҳо пас аз ҳодисаи ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон дар таърихи 4-уми сентябри соли гузашта дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои хабарие мисли “Озодӣ” ва “Озодагон”−ро масдуд карда буданд. Аммо дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ мисли “Озодӣ” ва “Озодагон” ҳамоно ҳам имконнопазир аст.

Корбарони интернет аз боз шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи ширкатҳои Билайн, Мегафон ва Тселл хабар медиҳад. Аз хадамоти матбуоти ширкатҳои Билайн, Мегафон ва Тселл рӯзи 19-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ боз шудани дастрасӣ ба шабакаҳои интернетро тасдиқ карданд. Аммо дар ҳар се ин ширкатҳо дар мавриди ба чӣ сабаб боз шудани ин шабакаҳоро шарҳ надоданд. Танҳо дар яке аз ин ширкатҳо, ки нахостанд аз онҳо ном бибарем, гуфтанд, “мо хомӯширо дар ин маврид авлотар медонем, чунки агар мабодо лаб кушоем, шояд шабакаҳо дубора баста шаванд.”

Корбарони интернет аз боз шудани дастрасии бевосита ба шабакаҳои интернетӣ хеле хурсанд ҳастанд ва бисёре аз корбарон боз шудани Facebook ва Vkontakte-ро як навъ «тӯҳфаи ҳукумат ба мардум дар Наврӯз” унвон карданд.

Корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ то ба ҳол низ бо вуҷуди масдуд шудани шабкаҳои иҷтимоӣ, тавассути нармафзорҳои филтиршикане мисли VPN ва browsec ба шабакаву торнамоҳои дилхоҳашон ворид мешуданд. Аммо ин нармафзорҳо қисмати зиёди трафики интернети онҳоро зоеъ масраф мекард ва албатта ба суръати он низ бетаъсир намемонд.

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон мисли ҳарвақта мегӯянд, хадамот дар қатъ ва ё боз шудани дастрасӣ ба сомонаҳо даст надорад. Қаблан ҳам Татяна Холмуродова, муовини сардори Хадамоти алоқа дар ин робита изҳор намуда буд, ки онҳо барои қатъ гардинаи дастрасӣ ба сомонаҳо ҳеҷ дастуре надодаанд.

«Касе мегӯяд, ки Хадамоти алоқа ба бастани сомонаҳо дастур додааст, оё ягон тасдиқи ҳуҷҷатӣ ба ин гуфтаҳояшро дорад? Бигузор нишон диҳанд. Ягон шаҳрванд дар бораи баста шудани сомонаҳо шикоят накардааст, аз ин рӯ, ба гардани Хадамоти алоқа бор кардани ин гуноҳ дурӯғи маҳз аст», - таъкид дошта буд Холмуродова.

Имкони дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта Дейвид Кайе, гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид маҳдуд шудани дастрасӣ сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоиро ба тундӣ интиқод карда буд.

Ҷаноби Кайе, ки аз 3 то 9-уми марти соли равон дар Тоҷикистон қарор дошт, гуфт, мақомоти тоҷик далели масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳоро “нигоҳ доштани амният” ва “мубориза бо терроризм” медонанд, аммо бо баҳонаи мубориза бо террор набояд озодии баён ва андеша дар кишвар маҳдуд шуд. Ӯ дар анҷоми ин сафараш зимни нишасти хабарӣ ба давлати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки дастрасӣ ба ҳамаи пойгоҳҳои хабарии интернетӣ ва аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоиро таъмин кунад.

Ҳоло дар Тоҷикистон чаҳор ширкати бузурги мобилӣ – Бабилон, Мегафон, Билайн ва Тселл ба муштариён хидматрасонии гуфтугӯҳои мобилӣ ва интернети мобилӣ ироа мекунанд. Дар бозори интернет беш аз 10 ширкат фаъолият доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG