Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ ва тамосҳои интернети телефонӣ дар саросари ҷаҳон барои гурӯҳе аз хайрхоҳон дар Тоҷикистон имкони роҳандозии тарҳҳои марбут ба кӯмакҳои башариро фароҳам овардааст. Ҳамин тамосҳо буд, ки дар Хоруғ гурӯҳе аз ихтиёриён созмони ҷамъиятии ёрирасон ба эҳтиёҷмандони кӯмакҳои изтирориро роҳандозӣ карданд.

Созмони ҷамъиятии "Оянда. Устувор ва рушд" маъруф ба “Our”(тарҷумаи англисии “Аз мо”) дар муддати ду соли охир тавонист бо кӯмаки шабакаи иборат аз 300 ихтиёрӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон тарҳи кӯмакҳои башариро ба роҳ монад. Кори ин созмон аз вокуниши сареъ ба дархости кӯмак ба ниёзмандон, ҷамъоварии маблағ барои ёриҳои башарӣ ва ҳам анҷоми амалиёти ҷарроҳии гаронарзиш ба кӯдакони хонаводаҳои эҳтиёҷманд иборат аст.

Ин созмони ҷамъиятӣ охирҳои соли 2014 дар шаҳри Хоруғ таъсис ёфта, то имрӯз барои ҷарроҳии 6 кӯдак дар кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Русия ва инчунин дар дохили кишвар пул ҷамъ кардааст. Масъулони ин созмон мегӯянд феълан дар ҳоли ҷамъ кардани маблағ барои муолиҷаи ду кӯдаки дигар ҳастанд.

Далер Назаршоев, бунёдгузори ин созмон дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, ба онҳо бештар падару модароне муроҷиат мекунанд, ки фарзандонашон гирифтори бемориҳои вазнин ҳастанд. Ӯ мегӯяд, дар маҷмӯъ барои муолиҷаи тифлони бемор дар ин муддат бо кӯмаки ихтиёриёни вобаста ба ин созмон 25 ҳазор доллар ҷамъоварӣ кардаанд: “Ғайр аз ин, дар рафти кор нафароне ҳам пайдо мешаванд, ки масалан, барои модару кӯдак билети парвоз мехаранд ва бо беморхонаҳо ба хотири арзон кардани нархи ҷарроҳӣ маслиҳат мекунанд.”

Тобистони соли 2015 ба селзадаҳои деҳаи Барсем ва зарардидаҳои заминларзаи Бартанг либос ва маводи ғизоӣ ҷамъ кардаанд. Кори ин созмон бар асоси хайрияи мардум ва саҳми волонтёрҳо пеш меравад. Ба гуфтаи онҳо, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷамъоварии пул ва пешрафти корашон нақши хеле бориз доранд. Ба далели дур ва ҳам пароканда будани ихтиёриён дар шаҳру манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз пайёмрасони “вайбер” ба ҳайси тамоси корӣ, истифода мебаранд.

Далер Назаршоев мегӯяд, мардум ба хайр кардан хеле таваҷҷуҳ доранд: “Мардум вобаста аз имконоташон хайр мекунанд. Таҷрибаҳое доштем, ки яке 5 сомонӣ ва дигар ҳам 600 доллар ба тарҳҳои хайриявии мо кӯмак мекард”. Ин масъули созмони “Our” мегӯяд, талош талош доранд, ҷуғрофиёи кори худро аз ҳудуди Бадахшон густурдатар намоянд. Ӯ мегӯяд, на ҳамеша имкон даст медиҳад, ки ба ҳама афроди муроҷиаткарда сари вақт кӯмак расонанд.

Соро Бахтибекова яке аз шахсонест, ки бо кӯмаки созмони “Our” духтари 8-солаи худро дар Ҳиндустон ҷарроҳӣ кардааст. Хонум Бахтибекова дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, кормандони созмони “Our” пули ҷамъшударо ба ҳисоби беморхона дар шаҳри Деҳлӣ фиристоданд ва ман расидҳоро ба онҳо овардам: “Ман аз кормандони ин созмон ва онҳое, ки хайр карданд, хеле миннатдорам. Тамоми хароҷоти маро пардохтанд.”

Далер мегӯяд, волонтёрҳои созмони ӯ кори худро як ҳоббӣ арзёбӣ мекунанд. Ӯ гуфт, дар миёни онҳое, ки барои кӯмак дар ҷамъоварии маблағҳо ҷалб шудаанд, афроди касбу кор ва машғулиятҳои гуногун ҳастанд: "Бархе соҳибкору дигаре коргари ширкати бонуфуз, дигаре донишҷӯву чоруми хонанишин. Системаи кори онҳо чунин ба роҳ монда шудааст, ки агар ҳам ин ихтиёриён аз киссаи худ натавонанд дар маблағгузории тарҳе саҳмгузор шаванд, талош мекунанд тавассути робитаҳои хусусӣ, сӯҳбат бо дӯстону ҳамсоя ва ҳамкоронашон, аз ҷумла аз ҳисоби миллатҳои гуногун, ин тарҳро пуштибонӣ кунанд."

Ташаббускорони ин тарҳ мегӯянд, ҳамаи ихтиёриёни онҳоро як ақида муттаҳид мекунад, ки он ҳам -- бетараф набудан дар баробари мушкили шахси эҳтиёҷманд мебошад. Дар шабакаҳои иҷтимоие, ки маъмулан аз ҷониби тоҷикону тоҷикистониён фаъолона истифода мешавад, ҳар сари чанд ташаббус ва даъватҳое барои кӯмак ба кӯдакони ниёзманд ба амалиёти ҷарроҳӣ ва ё ҷамъоварии пул барои харидани захираҳои ғизо ба осебдидаҳои офатҳои табиӣ садо медиҳад. Вале аксари онҳо хусусияти якдафъаина дошта, дар пушти ин даъватҳо созмон ва ё гурӯҳе қарор надорад.

Созмони бадахшонии “Our” мегӯяд, тафовути он ҳам дар ҳамин аст, ки кори худро дар амри кӯмак ба ниёзмандон пайгирона ва аз рӯи тартиби муайян анҷом медиҳанд, масъаларо меомӯзанд ва баъди ин ба хайрхоҳон муроҷиат мекунанд. Далер гуфт, як бартарии онҳо ин аст, ки бо зиёд шудани мизони муҳоҷират ба хориҷа, имконияти молии ҳамватанон ҳам беҳтар шудааст ва онҳое ҳам, ки намехоҳанд аз мушкилоти ватан ва зодгоҳи худ дар канор бимонанд, аз роҳи дур истода дасти ёрӣ дароз мекунанд. “Агар барои бархе муҳоҷират як мушкил бошад, мо талош кардем ин масъаларо ба манфиати кор истифода кунем. Афроди хайрхоҳ кам нестанд”, мегӯянд ташаббускорони созмони хайрия.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG