Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъи ирсоли СМС-ҳо тариқи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон


​Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон қатъи хадамоти ирсоли паёмакро "мушкили фаннӣ" хонданд. Аммо ин тасмим дар ҳолест, ки амалиёти боздошти Абдуҳалим Назарзода идома дорад.

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон хадамоти ирсол ва қабул кардани паёмак ё СМС-ро барои муштариёнашон қатъ кардаанд. Бархе аз корбарони телефонҳои мобилӣ аз он шикоят доранд, ки аз нимаи дувуми 6 сентябр наметавонанд, ба якдигарашон паёмак фиристанд ва ё қабул намоянд. Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои фиристодани паёмак ҳадди ақалл тариқи чор ширкати бузурги мобилии кишвар низ натиҷа надод.

Масъулони ширкатҳои мобилии Билайн ва Babilon рӯзи 7 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ қатъ шудани хадамоти ирсолу қабули паёмакро "мушкили фаннӣ" хонданд. Аммо дар ҳеч яке аз ширкатҳои мобилӣ нагуфтанд, ки ин хадамот кай дубора фаъол карда хоҳад шуд ва мушкили фаннӣ аз чӣ иборат аст?

Бори охир хадамоти фиристодани паёмак тариқи телефонҳои мобил дар Тоҷикистон рӯзи 10 октябри соли гузашта аз сӯи ширкатҳо мухобиротӣ қатъ гардида буд. Он замон гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, бахусус "Гурӯҳи 24" дар мавриди ташкили як гирдиҳамоӣ дар кишвар овоза паҳн карда, мардумро ба тазоҳурот даъват карда буданд.

Ҳоло қатъи хадамоти ирсолу қабули паёмак ба замони амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон барои боздошти Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ ва ҳамроҳонаш дар дараи Ромит рост омадааст. Мақомот генерал Назарзодаро барои таъсиси гурӯҳи террористӣ ва ҳамла болои Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ муттаҳам медонанд. Худи ӯ шоми 4 сентябр бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз мақоми муовини вазири дифоъ озод шуд ва ба қавли мақомот дар Ромит пинҳон шудааст.

XS
SM
MD
LG