Пайвандҳои дастрасӣ

Марги Симини Беҳбаҳонӣ, ғазалсарои маъруфи эронӣ, ки орзуи дидани Тоҷикистонро дошт, адибону мухлисонаш дар Тоҷикистон ғамгин кард.

Адибони тоҷик даргузашти Симин Бебаҳониро барои адабиёти форс ва ҷаҳони муосир талафоти бузург арзёбӣ мекунанд. Гулрухсор Сафиева, шоираи саршиноси тоҷик дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, шунидани марги Симин Бебаҳонӣ, ки шаби гузашта бар асари як бемории тӯлонӣ даргузаштааст, барои ӯ ғамангезтарин хабар мебошад. Вай афзуд, ки бо марги Симин вай дӯсти азиз, дугона, модар ва устоди ғазали порсиро гум кард.

Хонум Гулрухсор мегӯяд, «на танҳо адабиёти форсии мо, балки адабиёти ҷаҳон як бонуи тозасухан, тозагуфтори ғазалсароро гум кард, мутаассифона ҷомеаи мо онвақт ба қадри инсон мерасад, ки вақте аз байни мо равад, яъне бо ҳунару санъаташ моро танқид накунад, эрод нагирад ба чашми хор нахалад агар дар зиндагияш ба қадру манзалати ӯ нарасиданд, ақаллан баъди маргаш ба эътибори ӯ арҷ гузошта шавад.»

Гулрухсор бо ёдоварӣ аз як Конфросни байналмилали дар мавзӯъи ғазал дар Теҳрон гуфт, дар ин ҳамоиш зикр карда шуд, ки Симин Бебаҳонӣ ҳамчун устоди ғазал 42 навъи тозаи ғазалнависиро эҷод кардааст ва ҳамчунин устод буд ва мактаби ғазали худро дошт. Тавре Гулрухсор мегӯяд, Симин Беҳбаҳонӣ дар хонаводаи шеъру сухан ба дунё омадааст ва модараш низ шеър мегуфт.

Исфандиёри Назар, муҳаққиқ ва адиби тоҷик, ки ҳаққи чопи ашъори Симини Беҳбаҳониро дар Тоҷикистон дорад, ду сол пеш маҷмӯаи ашъори Симин Беҳбаҳониро зери унвони “Як доман гул” нашр кард, ки 9 дафтари мукаммали шеъри ӯро дар бар гирифтааст. Ин донишманди тоҷик гуфт, хидмати бузурги хонум Симин дар ғазали форсӣ аз тарафи пажӯҳишгарони шеъри муосир ва шоирони тавоно баҳои худро гирифтааст.

Ӯ афзуд, хонум Симин бо ғазалҳояш пайкараи азими худро дар зеҳни шеъри форсӣ тарошидааст ва эҳтиёҷе ба лавҳи мазор надорад. Исфандиёри Назар ҳамчунин гуфт, ”дар охирин дидоре, ки соли гузашта ба дидори Симин рафта будам, боқимонда китобҳои тозаашро, аз

ҷумла хотираҳо дар бораи модараш ва баъзе корҳои дигарашро дода ва таъкидан навиштааст, ки «ҳуқуқи бознависиву чопи ин ҳама осор бо Исфандиёри Назар аст. Ман фикр мекунам номи Симин ҷовидонист. Агар ба ӯ марги ҷисмӣ расидааст, марги ном ба ӯ намерасад, чаро ки ӯ аллакай пайкараи азими худашро дар таъриху адабиёти форсӣ гузошт.»

"Гуфтӣ ки мебусам туро" -- ин оҳанги маъруфи Аҳмад Зоҳир, ки барои аксарияти мардуми миёнасол ва ё бузургтар дар Тоҷикистон ошност, маҳсули эҷоди Симин Беҳбаҳонӣ, ғазалсарои маъруфи эронист, ки рӯзи рӯзи сешанбеи 19 август дар синни 87 дар Эрон даргузашт.

Ҳарчанд гуфта мешавад, ашъори Симини Беҳбаҳонӣ маҳз тавассути таронаҳои Аҳмад Зоҳир -- нобиғаи ҳунари мусиқӣ вориди Тоҷикистон шудаанд, аммо аксарияти мардум намедонанд, ки сурудаҳои мазкур моли ин нависандаи машҳури форсигӯ ҳастанд.

Султони Ҳамад, муассиси торнамои "Рӯзгор мегӯяд, чакидаҳои хомаи Симини Бебаҳонӣ ба мисли ашъори дигар шоирони муосири эронӣ солҳои 60-ум ва 70-уми қарни гузашта тариқи маҷмӯаҳои осори онҳо дастараси хонандаи тоҷик гардида буд. Ва он замон бо истифода аз ҳамон китобҳо овозхонони шинохтаи тоҷик Зафар Нозим, Одина Ҳошим ва Ҷӯрабек Муродов бар пояи шеърҳои Симини Беҳбаҳонӣ, тарона хондаанд.

Султони Ҳамад

Султони Ҳамад

Султони Ҳамад гуфт, «ҳар як суруде,ки бар ашъори Симини Беҳбаҳонӣ хонда шудаанд, сурудҳои нобанд. Барои мисол аксарияти овозхонони ҷавони тоҷик, оҳангҳои Аҳмад Зоҳирро, ки ба қалами ин « бонуи ғазали Эрон» тааллуқ доранд бозхонӣ кардаанд, аммо бештари онҳо муаллифи шеърро намедонанд. Таронаи Манижа Давлатова овозхонони хушсадои тоҷик,бо номи Беҳтар аз ҷон, ки низ яке аз таронаҳои пурҳаводор аст, бар ашъори Симини Беҳбаҳонӣ ғазалсароӣ бузурги эронист, ки мутаасиффона аз дунё даргузашт.»

Ҳарчанд маҳфилҳои фарҳангии Тоҷикистон борҳо хостаанд, Симини Беҳбаҳониро ба кишвар даъват кунанд, аммо бинобар масоили сиёсӣ ва ҳам вазъи сиҳатиаш ин шоираи маҳбуб натавонистааст, бо вуҷуди ошноии ғоибона бо Тоҷикистон ба кишвар сафар кунад.

ДАРГУЗАШТИ СИМИН БЕҲБАҲОНӢ

Симин Беҳбаҳонӣ, ғазалсаро ва нависандаи машҳури форсигӯ, ки рӯзҳои гузашта бинобар бад шудани саломатиаш дар бемористон бистарӣ шуда буд, бомдоди рӯзи сешанбе даргузашт.

Хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломӣ, ИРНА хабари даргузашти Симин Беҳбаҳониро аз қавли яке аз масъулони бемористон "Порс"-и Теҳрон, ҷое ки ин шоираи шаҳир дар он бистарӣ буд, таъйид кардааст.

Сабаби бистарӣ шудани ин ғазалсаро ва шоири шаҳири шеъри форсӣ, мушкилоти қалбӣ ва нафаскашӣ гуфта шудааст. Пештар Алӣ Беҳбаҳонӣ, писари Симин Беҳбаҳонӣ низ гуфта буд, бемории ин шоир, қалбӣ мебошад. Симин Беҳбаҳонӣ аз шомгоҳи рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористон ба сар мебурд ва вуруди аёдаткунандагон мамнуъ шуда буд.

Алӣ Беҳбаҳонӣ ба хабаргузории ИСНА гуфтааст, "ҳоли модарам дирӯз аср андаке беҳтар шуда буд ва мо фикр мекардем ӯ мутаваҷҷеҳи иттифоқоти атрофаш аст. Аммо мутаассифона мисли шӯълаи шамъ, ки боло мегирад ва баъд хомӯш мешавад, соати яки бомдод аз бемористон хабар доданд, ки даргузаштааст.

Ба гуфтаи оқои Беҳбаҳонӣ, онҳо дар ҳоли тасмимгирӣ барои интихоби маҳали оромгоҳ ҳастанд.

Симин Беҳбаҳонӣ 19 июли соли 1927 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст. Падар ва модари ӯ ҳар ду шоир буданд. Номи хонаводагии ӯ аз сӯи падар Халилӣ буд. Худ солҳо ба кори омӯзгорӣ машғул буд. Аз аъзои Шӯрои шеър ва мусиқӣ ва Конуни нависандагони Эрон буд. Аз ӯ беш аз 20 девони шеър мунташир шуда ва хонум Беҳбаҳонӣ барандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ низ шудааст.

Аз осори ӯ метавон ба "Се тори шикаста", "Дар бораи ҳунар ва адабиёт", "Растохез", "Шеъри замони мо" ишора кард. Ин ғазалсарои шаҳири шеъри форсӣ даҳҳо вазни тоза дар ғазали форсӣ навоварӣ намуда ва ба унвони яке аз навоварони ин сабки классикӣ ёд мешавад.

Cимин Беҳбаҳонӣ 19 июли соли 1927 дар Теҳрон ба дунё омада аз 12 солагӣ ба шеър майл пайдо кард ва дар 24 солагӣ нахустин дафтари шеъраш бо номи “Ситорашикаста” мунташир шуд. Ин ғазалсарои шинохтаи форсигӯ агарчӣ риштаи ҳуқуқро дар Донишгоҳи Теҳрон хатм кардааст, вале ба муаллимӣ машғул буд.

Аҳли адаби Тоҷикистон ба хонаводаи хонуми Беҳбаҳонӣ изҳори тассалият карданд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG