Пайвандҳои дастрасӣ

"Роҳбарият зарур донистанд, таъйин карданд, хизмат мекунем ба ватан"


Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Муҳаммадшоҳ Искандаров ба вазифаи раиси полиси шаҳри Турсунзода таъйин шуд. Дар як сӯҳбати мухтасари телефонӣ Искандаров ба саволҳои Озодӣ посух дод.

Бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 3 декабр Муҳаммашоҳ (Шоҳ) Искандаров, ноиби сардори Раёсати умури дохилии минтақаи Рашт ба вазифаи раиси полиси шаҳри Турсунзода таъйин шуд. Собиқ фармондеҳи нирӯҳои мухолифин соли 2012 дар паи амалиёти низомии Хоруғ ва пахши гурӯҳҳои Алии Бедакиву Мулло Абдуллоҳ дар водии Рашт (2010-2011) рутбаи генерал-майорро гирифт. Саволи аввали радиои Озодӣ ба Шоҳ Искандаров ин буд, ки оё ба таъйиноти наваш дар вазифаи раиси полиси шаҳри Турсунзода, ки дар марз бо Ӯзбакистон ҷойгир аст, чӣ назар дорад?

Искандаров: Роҳбарияти вазорати корҳои дохила лозим донистанд, таъйин карданд, хизмат мекунем ба ватан.

Озодӣ: Минтақае, ки шуморо раиси полис таъйин карданд, дар марз бо Ӯзбакистон ҷойгир аст ва аз он ҷое, ки то имрӯз кор мекардед, тафовут дорад. Кор дар ин ҷо душвор намешавад?

Искандаров: Барои чӣ душвор мешавад? Дар якҷоягӣ бо дигар мақомот кӯшиш мекунем, ки ҳам тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳам тинҷиву амниятро таъмин кунем.

Озодӣ: То куҷо масъулиятҳои кори шумо аз салоҳиятҳое, ки дар водии Рашт доштед, тафовут хоҳад дошт?

Искандаров: Ягон фарқе надорад. Ҳамон вазифае, ки дар Рашт иҷро мекардам, дар ин минтақа ҳам ҳамин вазифаро иҷро мекунем.

Озодӣ: Дар водии Рашт, ки наздиктар ба Афғонистон асту ҳанӯз чанд соли пеш шоҳиди убури гурӯҳҳои ҷангӣ ба хоки Тоҷикистон шудааст ва таҳдидҳои амниятиаш зиёдтар аст, фарқи ин водиро аз манотиқи дигар таъкид мекунад. Дар марз бо Ӯзбакистон шояд вазифаву чолишҳо дигаранд?

Искандаров: Мо тоза корро шурӯъ кардем ва боварӣ дорам, ки бо дастгирии роҳбарияти вазорат ва ҳайати шахсӣ аз ӯҳдаи ҳалли ҳама проблемаҳо мебароем. Ман ҳоло дар Турсунзода ҳастам ва корро имрӯз баъди нисфирӯзӣ шурӯъ кардем. Корро аз шинос шудан бо ҳайати шахсӣ ва роҳбарияти ноҳия шурӯъ кардем.

Озодӣ: Шумо дар Тоҷикистон як генерали номдор ҳастед, корномаи шуморо бисёриҳо дар гузашта хуб ёд доранд, шояд ягона намояндаи оппозитсиюн ҳастед, ки ҳоло узви ҳукумат буда, аз ҷониби нирӯҳои қудратӣ вазифа гирифтаед. Ин ки ба шумо имрӯз масъулияти иҷрои як вазифаи муҳимро бовар кардаанд, чӣ гуна баҳо медиҳед. Ин нишонаи садоқат ба ҳукумат аст ё чизи дигар?

Искандаров: Фикр мекунам, ки хизмати ҳар як шахсро роҳбарияти ӯ баҳо медиҳад.


Маълумотнома:

Шоҳ Искандаров 45 сол дошта, дар совхози Туркманистони Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқи ДДМТ ва Академияи нирӯҳои марзбонии Русия мебошад. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қумандони нирӯҳои мухолифин буд, ва соли 1997 Созишномаи сулҳ бо ҳукуматро пазируфт. Соли 1998 яке аз гурӯҳҳои мухолифинро дар амалиёти зидди ҷангиёни полковники саркаш Маҳмуд Худойбердиев дар вилояти Суғд раҳбарӣ кардааст. Аз соли 1999 раҳбарии нирӯҳои марзбони Ҷиликӯлро ба ӯҳда дошт. Соли 1999 дар амалиёти озодкунии ходимони милисаи Қирғизистон, шаҳрвандони Ҷопон ва генерали қирғиз Шамкеев миёнҷигӣ кардааст. Ҳамчунин яке аз ширкаткунандагони асосӣ дар гуфтушуниди мақомоти давлат дар тирамоҳи соли 2010 бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт буд, ки баъд аз он мусаллаҳон ба халъи силоҳ ва қатъи муқовимат ризоият доданд.
Моҳи апрели соли 2011 ба мақоми ноиби раиси Раёсати умури дохилии водии Рашт таъин шуд. Ин мақомро Искандаров бар пояи саҳми ӯ дар амалиёти зидди мусаллаҳон дар Рашт ба даст овард. Ҳамроҳ бо 30 тан аз сарбозонаш аз оғози амалиёти вижаи сохторҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон дар моҳи июли соли 2012 ба Хоруғ эъзом шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG