Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавони 18 солае аз ошёнаи дуюми бинои Колеҷи тиббии Кӯлоб ба зер афтода, ҳалок шуд. Иттифоқҳои касаба кордиҳандаҳоро дар пинҳон доштани марги коргарон муттаҳам мекунад.

Масъулини Колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, бегоҳии рӯзи 12-уми август, ҳангоми таъмири бино як нафар ба ҳалокат расид. Ба қавли онҳо тахтаи зери пои ин бинокори ҷавон лағжида, ӯ аз боло ба поён сарозер шудааст.

Ба гуфти масъулон ин ҷавон, ки аз ӯ Мизроб Тайбов ном бурда мешавад, бар асоси фармоиши ширкати сохтмонии «Пахта» ба таъмири девори Колеҷи тиббӣ машғул будааст.

Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса додситонии шаҳри Кӯлоб тафтиш оғоз кардааст. Озар Исоев, муовини додситони Кӯлоб мегӯяд, натиҷаҳои таҳқиқи ибтидоӣ нишон медиҳад, ки корфармо ба ин коргари ҷавон аслан техникаи бехатариро омӯзиш надодааст ва ин ҳодиса бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух дод.

Наздикони ин ҷавон, ки дар кӯчаи Турсунзодаи шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунанд, хеле ғамзада буданд ва нахостанд, дар бораи фоҷеаи ба сари фарзандашон омада бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кунанд. Масъулини ширкати сохтмонии «Пахта» низ аз баррсаии ин мавзӯъ даст кашиданд.

Дар гузашта ҳам дар Кӯлоб ҳодисаҳои марги коргарон дар сохтмон ҷой дошт. Тибқи омори расмӣ, моҳе пеш аз ошёнаи дуюми Маҷмаи варзишӣ, ки сохтмони онро Бег Зуҳуров -раиси хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ сарпарастӣ мекунад, нафаре ба замин афтода, бар асари захмҳҳои шадид ба ҳалокат расид.Ҳамчунон ду ҳафта қабл Султонмурод Мадёров, ҳангоми иҷрои корҳои кафшергарӣ дар корхонаи марбут ба Мавҷуда Чолова, як соҳибкори маҳаллӣ, зери оҳанпораҳо монда, ҷон додааст.

Озар Исоев, муовини додситони Кӯлоб мегӯяд, нисбат ба ин ду ҳолат алайҳи корфармоён тибқи моддаи 154-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне вайрон кардани қоидаҳои муҳофизати меҳнат, парванда боз шудааст. Аммо Шӯрои иттифоқи касаба дар Кӯлоб аз сар задании чунин ҳодисаҳо ва бехабар мондани онҳо изҳори нигаронӣ мекунад.

Икром Фозилов, сардори Шӯрои иттифоқҳои касабаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, аз рӯи қонун ҳар корфармо дар ҳолати сар задани чунин ҳодиса, бояд иттифоқҳои касабаро дар ҷараён гузорад. Аммо азбаски бисёр коргарҳо бидуни қарордод ба кор ҷалб мешаванд, аз ин рӯ ин ҳодисаҳо маъмулан пинҳон мемонанд.

Фозилов гуфт: «Агшар мо аз ҳодиса бохабар шавем, ҳатман санҷиш гузаронида, корфарморо ӯҳдадор мекунем, ки товонпулӣ пардохт кунад. Дар ҳолати фавт корфармо 10 маоши солонаи коргарро ба хонаводааш бидиҳад.»

Шӯрои иттифоқи касаба дар Кӯлоб мегӯяд, дар давоми соли ҷорӣ корфармоёне, ки коргаронашон ҳангоми иҷрои вазифа маъюб ё ҳалок шудаанд дар ягон ҳолат ба онҳо муроҷиат накардаанд.

Ин масъала, дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, оилаҳои афроди зарардида аз қонунгузорӣ бехабаранд ва аксаран талаби товони зарар намекунанд.
Аммо Бег Зуҳуров, раҳбари Хадамоти алоқаи кишвар, ки дар Кӯлоб сохтмони Маҷмаи варзиширо ба ӯҳда дорад, дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ба хонаводаи корманде, ки ҳангоми афтодан аз ин бино ҳалок шуда буд, онҳо ҳамаҷониба кӯмак кардаанд ва хонаводаи ин фард дигар ҳеҷ шикояте надорад.

Тайи шаш моҳи ахир тибқи ҳисоботи расмӣ 7 нафар дар Кӯлоб аз баландошёнаҳо афтода, ба ҳалокат расидаанд. Чаҳор тани онҳо тифлон будаанд, ки ҳангоми бозӣ аз ошёнаҳои чорум, ки панҷараҳои муҳофизатии дуруст надоштаанд, ба поён афтодаанд. Се тани дигар, ки ҳама болиғ будаанд, ҳангоми фаъолияти корӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ба ин аҳвол дучор шудаанд.
XS
SM
MD
LG