Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоми ҳамдастӣ бо сарҳанги шӯришгар, модар ва ҳам писарро ба зиндон бурд


Додгоҳе дар шимоли Тоҷиистон як сокини Истаравшанро ба ҷурми ҳамдастӣ ба гуруҳи сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, барои 17 сол равонаи зиндон кард.

Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон чанд рӯз қабл Ҳасан Дадобоев, сокини 28-солаи шаҳри Истаравшанро бо ҷурми ҳамдастӣ бо гурӯҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ба 17 соли зиндон бо мусодираи амвол, маҳкум кард.

Ба гуфтаи додгоҳ, ин нафар соли 2002 ба гурӯҳи мазкур пайваста, дар пойгоҳҳои ин гурӯҳ дар қаламрави Узбакистон таълими ҳарбӣ дидааст ва сокинонро ба шомил шудан ба ин гурӯҳи ошӯбгар даъват мекард.

Додгоҳ Ҳасан Дадобоевро мутобиқи шаш банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ташкили воҳидҳои низомӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, марзшиканӣ, хиёнат ба ватан, ҳаракат барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият, гунақкор донист.

Дар соли 2010 додгоҳ модари Ҳасан Дадобоев – М. Дадобоеваро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо гурӯҳи Худойбердиев, барои 17 сол паси панҷара фиристода буд. Ба думболи он писараш Ҳасан низ боздошт ва инак, зиндонӣ гардид.

Гуруҳи полковник Маҳмуд Худойбердиев тирамоҳи соли 1998 аз хоки Узбакистон ба Хуҷанд ҳамлаи мусаллаҳона бурда, даҳҳо нафарро куштаву маҷруҳ бар ҷой гузошта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG