Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Кишварҳои ҳамкор бо ДОИШ таҳрим хоҳанд шуд"


Қатъномаи нави Шӯрои Амнияти СММ аз ҳама кишварҳо мехоҳад, ки ҳар гуна муомилаи молии шаҳрвандони худ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро ҷиноят эълон кунанд.

Вазирони молияи 15 кишвари узви Шӯрои амнияти СММ рӯзи 17-уми декабр бо иттифоқи оро қатъномаеро ба манзури қатъи манбаъҳои молии гурӯҳи "Давлати исломӣ" тасвиб карданд.

Тибқи ин қатънома, ҳар фард, гурӯҳ ё кишваре, ки таҳти ҳар шароите дар муомилоти молӣ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ ҳамкорӣ дошта бошад, таҳрим хоҳад шуд. Ин қатънома аз ҳама кишварҳо мехоҳад, ки бо қабул кардани қонунҳо, ҳар гуна муомилаи молии шаҳрвандони худ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро ҷиноят эълон кунанд.

Қатъномаи нави Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин аз ҳама кишварҳо мехоҳад, ки қотеъона роҳҳои муомилаҳои молии гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро, ки бештар аз тариқи қочоқи маводи нафтӣ ва фурӯши осори қадимӣ анҷом мешавад, бибанданд. Тибқи гузоришҳо, ин гурӯҳ аз тариқи фурӯши нафт ва осори қадима, моҳона миллионҳо доллар даромад ба даст меорад.

Қаблан вазорати дифои Амрико эълом карда буд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" то пеш аз моҳи октябри соли ҷорӣ моҳона 47 миллион доллар даромад доштааст. Муовини вазири молияи Амрико дар ин бора гуфта буд, ки қисми зиёде аз даромадҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз тариқи фурӯши нафт ба даст меоянд.

Ба гузориши хабаргузориҳо, пешнависи ин қатънома аз сӯи Русия ва Амрико таҳия шуда буд. Ин қатънома мегӯяд, ки даромадҳои ба дастомада аз муомилот ва тиҷорат бо гурӯҳи "Давлати исломӣ", мусодира хоҳанд шуд.

Тибқи гузоришҳо, қабули қатъномаи Шӯрои амният дар рӯзи панҷшанбе натиҷаи талошҳои муштаракаи дипломатӣ барои поён додани ҷанг дар Сурия гуфта мешавад. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Шӯрои Амният қатъномаи пешниҳодии Русияро барои таҳрими молии гурӯҳи "Давлати исломӣ" тасвиб кард, аммо бархе кишварҳо ба иҷрои ин қатънома майле нишон надоданд.

Мақомоти Русия дар пайи танишҳо бо Туркия, эълон карданд, ки Анқара бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муомилоти нафтӣ дорад. Вазорати молияи Амрико ҳам чанде қабл гуфта буд, ки ҳукумати Башор Асад бахши калони маводи нафтии худро аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" харидорӣ мекунад.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар соли гузашта қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст.

XS
SM
MD
LG