Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгор рӯз дорад, рӯзӣ чӣ?


Мактаби деҳаи Арақчин
Мактаби деҳаи Арақчин

Тибқи маъмул дар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ҳамасола шанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад.

Дар ин бастагӣ мо қарор додем, дар мисоли вазъи омӯзгорони як деҳа, ки дар маҷмӯъ бозгӯи ҳоли аксари дигар
дабистонҳои русто аст, вазъу шароит ва мушкилоти омӯзгоронро баррасӣ кунем.

Мактабе, ки мо дар он меҳмон шудем, дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Варзоб ҷой гирифтааст. Мактаби № 41, ки 50 соли қабл ба таври ҳашар дар деҳаи Арақчин дар нишеби куҳ сохта шуда, аз ду бинои якошёна иборат аст. Ҳарчанд, биноҳои мактаб зоҳиран каме таъмирдида мушоҳида мешавад, аммо аз манзилҳои истиқоматии атрофаш чандон тафовуте надорад.

Дар дабистони мазкур беш аз 200 хонандаи деҳ таҳсил мекунад, дар ҳоле, ки он танҳо барои 70 нафар пешбинӣ шудааст. Ба ин толибилмон 20 омӯзгор дар се баст таълим мегуфтааст.

Омӯзгорони мактаби деҳаи Арақчин

Аксари омӯзгорони дабистон ҷавонони худи деҳаанд, ки баъд аз хатми донишгоҳ фаъолияташонро дар зодгоҳашон идома медиҳанд. Дар шароите, ки бисёри омӯзгорон тарки касби худ намудаанд ва хатмкардаҳои донишгоҳи омӯзгорӣ низ аз фаъолият дар соҳаи маориф худдорӣ мекунанд, то куҷо омӯзгорони ҷавони ин мактаб аз пешаи интихобкардаи худ розианд ва дар кадом шароит феълан фаъолият доранд?

Ба гуфтаи муаллимон, онҳо дар шароите фаъолият мекунанд, ки ҳатто ба оддитарин таҷҳизоти таҳсил ва иттилоъоти саривақтӣ дастрасӣ надоранд.

Бачаҳо мегӯянд, аз аввали соли хониш ҳамагӣ як бор аз компютер истифода кардаанд. Аммо муаллими компютер гуфт, бо иллати набуди барқ маҷбур аст дарсҳои шабона ташкил диҳад.

Толибилмони мактаби деҳаи Арақчин

Ва аммо оё хонандаҳои ин мактаб вақти бештари худро барои таҳсил сарф мекунанд? Ё ҷамъоварии ҳезуму чидани ангур?

Ба гуфтаи бархе аз толибилмон, масъулияти ҷамъоварии ҳезум ва чидани ангур ғолибан ба души онҳост.

Оё чунин шароити таҳсил ба сатҳи дониши бачаҳо бетаъсир мондааст?

Ба ин ва дигар суолҳо аз гуфтори «Ояндасоз» огоҳ хоҳед шуд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG