Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо мактабхон дар Хоҷағалтон заҳролуд шуданд


Беморхонаи ноҳияи Шӯрообод. Акс аз бойгонӣ.

Беморхонаи ноҳияи Шӯрообод. Акс аз бойгонӣ.

Беш аз 50 тан аз хонандагони мактаби деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин), аз таъсири доруи зидди пашша заҳролуд шудаанд.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон таъйид карданд, ки беш аз 50 нафар аз хонандагони мактаби шумораи 3-и деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз таъсири доруи зидди пашша (Нурел Д), заҳролуд шудаанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 29-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 52 нафар талабаи ин мактаб рӯзи 27-уми май аз таъсири доруи зидди пашша заҳролуд шуданд. Ба гуфтаи оқои Наврӯзов, дар пайи ҳодиса ҳама хонандагони осебдида ба бемористони маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин интиқол ёфтанд ва ба ҷуз 7 нафар, ки вазъи саломатиашон вазнин будааст, боқимондаҳо ҳамон рӯз баъди ташхис, мураххас шуданд.

Наврӯз Ҷаъфаров афзуд, ки бинобар зиёд будани пашшаву хомӯшакҳо дар синфхонаҳои мактаб, мақомоти маҳаллӣ барои нест кардани он доруи (Нурел Д) ва навъи дигари доруи зидди ҳашаротро истифода карданд. Ба гуфтаи ӯ, ин доруҳо аз худ як навъ бухор ҳосил мекунанд, ки инсон ҳавосашро гум мекунад ва вақте хонандагон ба синфхонаҳо ворид шудаанд, аз таъсири он осеб диданд.

Саид Аламов, директори маркази эпидемиологии минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ шумораи онҳоеро, ки аз доруи зидди пашша дар мактаби деҳаи Хоҷағалтон заҳролуд шудаанд, 75 нафар гуфт.

Ба гуфтаи ҷаноби Аламов, рӯзи 26-уми май пас аз анҷоми машғулиятҳои таълимӣ, бо ибтикори мақомоти маҳаллӣ синфхонаҳои ин мактаб дору зада шуданд ва маъмурияти мактаб супориш гирифтанд, ки дару тирезаҳои синфхонаҳоро боз бигузоранд. Аммо ба гуфтаи ӯ, кормандони мактаб танҳо равзанаҳои хурд (форточкаҳо) боз гузошта ва тирезаҳоро бастаанд, ки бӯи ин дору ба таври комил ба берун набаромадааст ва ин боиси заҳролуд шудани мактабхонҳо гаштааст.

Саид Аламов афзуд, ки дар басти аввал хонандагони синфҳои 6 ва 11 ба мактаб ҳозир мешаванд ва бидуни онки, аз заҳри дору мутаассир шаванд, ба хонаҳояшон бармегарданд. Аммо хонандагони синфҳои панҷ вақте дар басти дувум ба дарс меоянд, аз дарди чашм, сар ва ҳамчунин дилшӯрӣ шикоят мекунанд ва дар пайи муроҷиати онҳо, маъмурияти мактаб 75 нафарро ба бемористони марказии ноҳия интиқол медиҳанд.

Бо супориши Маркази эпидемиологии минтақа, дари ин мактабро барои ду рӯз бастанд ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳоло мегӯяд, ки ниҳодҳои тиббии ноҳия пас аз ин ҳодиса вазъро таҳти назорат гирифтанд ва синфхонаҳоро поккорӣ карданд ва ҳоло раванди таълим дар ин мактаб ба таври маъмулӣ ҷараён дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG