Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсири баҳси Риёзу Теҳрон ба тиҷорати хориҷии Эрон


Филиали бонки эронии "Содирот" дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Филиали бонки эронии "Содирот" дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Коршиносони умури иқтисод мегӯянд, ки идомаи танишҳо миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон ба тиҷорати хориҷии ҳар ду кишвар таъсир хоҳад дошт.

Дар пайи эъдом ё ба дор овехтани шайх Нимр Боқир Ан-Нимр, рӯҳонии саршиноси шиа дар Арабистони Саудӣ, равобит миёни Риёзу Теҳрон ба поинтарин сатҳи худ расидааст. Баъд аз ин ҳодиса, рӯзи 2 январ таҷаммӯи хашмолуди эрониён дар шаҳрҳои Теҳрон ва Машҳад ба сафорат ва консулгарии Арабистони Саудӣ ҳамла карда ва онҳоро ба оташ кашиданд.

Риёз ҳам дар вокуниш, дипломатҳои эрониро ихроҷ кард ва робитаҳои дипломатиашро бо Теҳрон қатъ намуд. Бархе аз кишварҳои ҳампаймони Арабистони Саудӣ низ дар эътироз ҳамлаҳо ба намояндагиҳои дипломатии Арабистони Саудӣ, робитаҳои дипломатии худро бо Теҳрон қатъ карданд.

Фаридун Хованд, коршиноси масоили иқтисодӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ ба ин пурсиш, ки танишҳои авҷгиранда дар равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ чӣ паёмаде барои тиҷорати хориҷӣ миёни ду кишвар хоҳад дошт, гуфт: ​"Равобити тиҷоратӣ миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ дар сатҳи маҳдуде аст ва қатъи ин равобит агар сирфан ҷанбаи тиҷоратиро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳем, он ҳам дар робитаи ду кишвар барои ҳеч яке аз онҳо мушкилзо нахоҳад буд. Дар ҳашт моҳи охир ҳаҷми равобити тиҷоратӣ миёни ду кишвар 173 миллион доллар будааст. Эрон ба ҳисоби 133 миллион доллар коло ба Арабистони Саудӣ содир карда ва аз он кишвар 40 миллион доллар коло харидааст. Эрон ба Арабистони Саудӣ фӯлод содир кардааст ва пиставу заъфарону миқдоре мева. Дар ин авохир бахше аз содироти Эрон ҳам аз тариқи кишварҳои дигар, аз ҷумлаи Имороти Муттаҳидаи Араб ба Арабистони Саудӣ ирсол шудааст."

Ӯ афзуд, "вале дар пушти мубодилоти сирфан тиҷоратӣ, таниш дар робитаҳои Теҳрон ва Риёз метавон паёмадҳои ғайримустақим дошта бошад. Масалан, касоне дар маҳофили иқтисодии Теҳрон аз ин метарсанд, ки Арабистони Саудӣ ба манзури эҷоди мушкилот барои Эрон дар содироти фаровардҳои нафтӣ, ба демпинг рӯ биёварад. Ба ин маъно, ки фаровардаҳоро арзонтар аз нархи воқеӣ бифурӯшад, то бозори нафтиро аз дасти Эрон бигирад."

Радиои Фардо: Аммо дар пайи таниш миёни Теҳрон ва Арабистони Саудӣ панҷ кишвари дигар робитаҳои дипломатиашонро бо Эрон қатъ карда ва ё коҳиш додаанд. Оё ин раванд наметавонад барои тиҷорати хориҷии Эрон мушкил эҷод кунад?

Фаридун Хованд: "Дар миёни панҷ кишваре, ки ба онҳо ишора кардед, чаҳор кишвар - Баҳрайн, Ҷибутӣ, Судон ва Кувайт - робитаи маҳдуди тиҷоратӣ бо Эрон доранд. Дар иваз, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки сатҳи робитаҳои дипломатиашро бо Эрон поин овардааст, баъд аз Чин бузургтарин шарики тиҷоратии Эрон аст. Бо таваҷҷуҳ ба шумораи ширкатҳои эроние, ки дар Иморот мустақар шудаанд ва нақше, ки бонҳои иморотӣ дар робитаҳои Эрон бо дунё доранд, ҳар гуна халал дар муносибати миёни ду кишвар, табъан паёмадҳои баде барои ҳар ду ҷониб хоҳад дошт. Гумон намекунам, ки дар ин марҳила Иморот воқеан қасд дошта бошад, дар мубодилаҳои тиҷоратиаш бо Эрон халал ворид кунад. Чун худаш ҳам ба шиддат зиён хоҳад дид."

Радиои Фардо: Бо ин ҳол рӯзи 7 январ дар Теҳрон нархи ҳар доллари амрикоӣ ба 3708 туман расид ва нархи дирами Иморот ҳам то 1010 туман пеш рафт. Гарон шудани арз бо тағйироти эҳтимолӣ дар робитаҳои тиҷоратии Эрон рабт надорад?

Фаридуни Хованд: "Гарон шудани нархи арз ё асъор дар Теҳрон бархоста аз афзоиши таниш дар робитаҳои минтақавии Эрон аст ва феълан бо робитаҳои сирфан тиҷоратӣ рабте надорад. Мебинем, ки дар Риёз ҳам арз гарон шудааст. Албатта, робитаҳои Имороти Муттаҳидаи Араб бо сабабҳое, ки гуфта шуд, фарқ мекунад. Вале худи иморотиҳо ба равобити тиҷоратиашон бо Эрон бештар аз он алоқаманд ҳастанд, ки бихоҳанд ба он зарба бизананд. Магар ин, ки таниш дар минтақаи Халиҷи Форс паҳлӯҳои дигаре ба худаш бигирад."

XS
SM
MD
LG