Пайвандҳои дастрасӣ

Акси садои моҷарои "Славянка" дар гарнизони Кӯлоб


Гашти низомии нирӯҳои пойгоҳи 201

Гашти низомии нирӯҳои пойгоҳи 201

Рӯзи 10 июн як қисми кормандони ғайринизомии пойгоҳи Русия дар Кӯлоб ба кор набаромаданд.

Онҳо мегӯянд, ки 3 моҳ боз маоши худро гирифта наметавонанд. Беш аз сӣ сокини маҳаллӣ дар Кӯлоб тавассути ширкати «Ирбис Плюс» корҳои ғайриҳарбӣ, мисли тармими нақлиёту манзилҳои зисти ҳарбиён, тоза кардани саҳни ҳавлии ин пойгоҳро анҷом медиҳанд.




Чаҳор нафар аз онҳое, ки ба кор набаромаданд, дар сӯҳбат бо Озодӣ изҳор доштанд, ки аз моҳи март то май маоши худро дастрас накардаанд. Ин афрод, ба хотири аз даст надодани ҷои кор нахостанд, исмашонро сабт кунем.

Яке аз онҳо гуфт, то як соли пеш маоши хуб мегирифтанд, аммо аз моҳи декабри соли равон маошашонро бо таъхир дастрас мекунанд: «То моҳи моҳи декабр кор хуб буд, маошро сари вақт медоданд. Аз моҳи январ то март, ду моҳ ба мо маош надоданд, вале баъд думоҳаро пардохт карданд. Аммо ҳоло се моҳ боз маош нагирифтем.»

Нафари дигар аз ин кормандони ғайриҳарбии пойгоҳи Русия дар Кӯлоб гуфт: «Қариб 10- 15 нафар ба кор набаромадем. Ҳар рӯз ваъда ҳаст, ки имрӯз маошатонро медиҳем, фардо медиҳем, лекин 3 моҳ гузашт. Дар ин се моҳ мо ягон даромади дигар надорем. Мо 3 моҳ боз бо ваъдаи «фардо гирифтани маош» то кунун корамонро идома медодем.»

Дмитрий Матушкин, сухангӯи пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вуҷуди мушкилоти молӣ дар пардохти маоши ходимони ширкати «Ирбис Плюс»-ро тасдиқ кард: "Дар воқеъ, мо бо ҳоло бо ин ширкат мушкилот дорем. Ин мушкил иборат аст аз маоши пардохтнашудаи моҳҳои марту апрели ходимон дар 3 гарнизони Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб. Маоши моҳи февралро дар аввали май доданд. Масъалаи пардохти маоши ходимони ширкати “Ирбис Плюс” таҳти назорати додситонии низомии ҳам гарнизони мо ва ҳам додситонии низомии ҳавзаи марказӣ қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир бозсозии сохтории ширкати “Ирбис Плюс” идома дорад ва аз 1 май он ба шӯъбаи тоҷикистонии ширкати “Бытсервис Плюс” табдил дода шудааст. Мо пулро ба ҷамъияти “Славянка” медодем, ки ба ҳайъати “Оборонсервис” шомил мешуд. Аммо маоши онҳое ки дар “Ирбис Плюс” кор мекарданд, ҳатман ба зудӣ пардохт хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, дар 3 гарнизон тақрибан 100 ходими ғайринизомӣ кор мекард, ки фикр мекунам, ҳамаи онҳо ба ширкати нав истихдом хоҳанд шуд.“




Аммо Дмитрий Матушкин хабари рӯзи 10 июн ба нишони эътироз аз кор даст кашидани як гурӯҳи кормандони ғайринизомии гарнизони Кӯлобро радд кард.

Анатолий Сердюков

Анатолий Сердюков

Ба дунболи барканории Анатолий Сердюков аз мақоми вазири дифоъи Русия, мақомоти он кишвар фаъолияти ширкатҳои “Оборонсервис” ва “Славянка”-ро таҳти таҳқиқ қарор дода, алайҳи сарони ин ширкатҳо чандин парванда ҳам боз карданд. Матбуоти Русия ин қазияро аз намунаҳои барҷастаи фасод дар риштаи арзаи хадамот ба артиши ин кишвар ба қалам дода буд. Зоҳиран ин қазия акнун дар гарнизони Кӯлоб ба чунин сурат акси садо овардааст.

Ба гуфтаи кормандони ғайринизомии гарнизони Кӯлоб, маоши онҳо аз 600 то 1500 сомониро ташкил медиҳад. Як корманди ғайринизомии ин пойгоҳ мегӯяд: «Бо 600-700 сомонӣ ягон рус ба ин ҷо барои кор намеояд, аз ин рӯ, онҳо маҷбуранд тоҷиконро ба кор бигиранд. Лекин маоши ҳарбиёни русро сари вақт пардохт мекунанду аз моро не. Агар ҳамин хел давом кунд, аз баҳри корашон мегузарем.»

Гарнизони пойгоҳи Русия дар Кӯлоб дар масоҳати 40 гектар мустақар буда, дар ин пойгоҳ ба ҷуз афсарону аскарони рус, як теъдод аз сокинони маҳаллӣ низ кор мекунанд.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бо наздики 7000 сарбозу афсар бузургтарин пойгоҳи хориҷии Русия ба шумор меравад. Дар моҳи октябри соли 2012 Душанбеву Маскав бо имзои як созишнома замони ҳузури ин пойгоҳро то соли 2042 тамдид карданд. Аммо ба фарқ аз ҷониби Русия, ҷониби Тоҷикистон ин созишномаро то ҳол тасвиб накардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG