Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақбараи Саддом Ҳусейн дар Тикрит ба хок яксон шудааст


Мақбараи Саддом Ҳусайн дар шаҳри Тикрит. Акс аз бойгонӣ.
Мақбараи Саддом Ҳусайн дар шаҳри Тикрит. Акс аз бойгонӣ.

Мақбараи Саддом Ҳусейн, президенти пешини Ироқ дар ҷараёни даргириҳо миёни ҷангиёни гурӯҳи Давлати исломӣ ва шибҳи низомиёни шиаи вафодор ба ҳукумати Бағдод, ба хок яксон шудааст.

Тибқи гузоришҳо, дар ҷараёни даргириҳо миёни нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва артиши Ироқ дар шаҳри Тикрит, мақбараи Саддом Ҳусейн, президенти пешини он кишвар, тахриб шудааст.

Бар асоси аксҳое, ки хабаргузории Ассошиэйтед пресс ба нашр расонд, мақбараи Саддом Ҳусейн дар деҳкадаи Ал-Авҷо нобуд шуда ва танҳо сутунҳои он боқӣ мондааст. Соли гузашта ҷамъияти суннимазҳаби ин минтақа эълом карданд, ки ҷасади Саддом Ҳусейнро аз ин мақбара берун карда ва дар макони номаълуме дафн кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки аз чанд рӯз ба ин тараф дар шаҳри Тикрит миёни ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва шибҳинизомиёни шиаи тарафдори Эрон давом дорад. Ин рӯёрӯиҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбе шиддат ёфт ва нерӯҳои тарафдори ҳукумати Ироқ ваъда дода буданд, ки дар ду рӯзи оянда шаҳрро ба тасарруфи худ бигиранд. Артиши Ироқ гуфта буд, барои гирифтани комили шаҳри Тикрит аз гурӯҳи "Давлати исломӣ", ба пуштибонии ҳавоии нерӯҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико ниёз дорад.

Саддом Ҳусейн, президенти пешини Ироқ бар асоси ҳукми додгоҳи вижа, ки ӯро дар ҷиноёти башарӣ алайҳи мардуми Ироқ муҷрим донист, рӯзи 30 декабри соли 2006 ва дар арафаи иди барои мусалмонон саиди Азҳо, ба дор овехта шуда буд.

Саддом дар 28-уми апрели соли 1937, дар Тиқрит, дар оилаи чӯпон ба дунё омада, кӯдакияш пурмашаққат будааст. Бо фирор аз бадрафториҳои падархонд, вай дар синни даҳсолагӣ ба Бағдод рафт, то бо тағояш зиндагӣ кунад. Дар ин ҷо вай аввалин қадамашро ба ҷаҳони сиёсат гузошт ва дар соли 1957, дар синни бистсолагӣ узви ҳизби Баъс гардид ва мафтуни андешаҳои презирденти панарабисти Миср Ҷамол Абдулносир шуд. Дар байни ду соли баъдӣ Саддом дар аввалин амали хунин, сӯйиқасди ноком ба сарвазири Ироқ Абдулкарим Қoсим, ки худ баъд аз барканории зӯроваронаи шоҳ Файсали Ду соле пеш ба қудрат расида буд, ширкат кард.

Саддом бо баҳонаи таҳсил дар бахши ҳуқуқ ба Миср фирор кард ва аммо пас аз бозгашт ба Ироқ се солро дар зиндон ба сар бурд. Баъд аз ин вай дар ҳизби "Баъс" пайваста мақомҳои баландтар гирифт, то дар соли 1979 президенти Ироқ гашт. Дар чанд соли пеш аз ин ҳам вай амалан назорати кишварро дар даст дошт ва барои пешбурди барномаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини ҳуқуқи баробари занон соҳиби эътибор мегардид.

Аммо давраи президентии ӯ 24 соли барбарияти афзоянда шумурда мешавад, вақте ки ӯ дар соли 1980 аввал ба ҷанги ҳаштсолаи бесамар бо Эрон иқдом гузошт, ки ҷони садҳо ҳазор нафарро аз ҳарду ҷониб рабуд. Сипас, дар соли 1990 Кувайтро ишғол кард, ки дар натиҷа ба ҷанги аввали Халиҷ сабаб гашт ва эътилофи таҳти раҳбарии Амрико Кувайтро озод намуд.

Дигарандешӣ дар Ироқ ҳамеша бо таъқибу фишор рӯбарӯ мегашт. Дар соли 1988 вақте нирӯҳои ироқӣ дар Ҳалабҷо аз гази заҳрогин истифода карданд, 5 ҳазор курди ироқӣ кушта ва даҳ ҳазор нафари дигар ҷиддан маъюб шуданд. Дар соли 1991 Саддом шӯриши курдҳоро дар шимол ва шиъамазҳабонро дар ҷанубу маркази Ироқ бераҳмона пахш кард, ки гуфта мешавад, даҳҳо ҳазор нафар дар ин ҳамлаҳо кушта шудаанд.

Баъд аз шурӯъи амалиёти нирӯҳои амрикоӣ ва бритониёӣ дар Ироқ дар баҳори соли 2003, Саддом аз Бағдод фирор кард ва аммо моҳи декбари соли 2003 ӯро боздошт карданд. Саддом се бор издивоҷ карда, шаш фарзанд дошт.

XS
SM
MD
LG