Пайвандҳои дастрасӣ

И.Шувалов: "Баҳси қарзи Тоҷикистон аз "Сангтӯда-1" ҳал нашудааст" (ВИДЕО)


Ноиби сарвазири Русия Игор Шувалов гуфт, Русия ва Тоҷикистон "тақрибан сари ҳамаи масъалаҳо ба ҳалли муштарак" расиданд, вале бозпардохти қарзи "Сангтӯда-1" ҳалношуда мемонад.

Тарафи Тоҷикистон низ дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, ки дар Душанбе баргузор гашт, тасдиқ кард, ки ягона масъалаи ҳалношуда ба қарзҳои "Сангтӯда-1" марбут аст. Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон пас аз музокираҳои комиссияҳои байнидавлатӣ гузориш дод, ки ҷонибҳо ба ҷуз аз масъалаи қарзи ин нерӯгоҳ, доир ба масъалаҳои дигар ба мувофиқа расидаанд ва масъалаи "Сангтӯда-1" ҳалношуда боқӣ мондааст. Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия низ дар суханронии худ гуфтааст, ки масъалаи Сангтӯда -1 ҳалношуда боқӣ монд ва ин масъаларо дар сафари худ намояндаи РАО ЕЭС Ковалчук ҳал хоҳад кард.

Игор Шувалов гуфт, «чун мо дар масъалаи Сангтӯда-1 ба мувофиқа нарасидем, ба Комиссияи байниҳукуматӣ ду маротиба вохурӣ мегузаронем. Барои баррасии ин масъала ширкати РАО ЕЭС бо роҳбарии Ковалчук то нимсолаи аввал вориди Душанбе шуда, ин масъаларо бо мақомоти тоҷик баҳсу баррасӣ мекунад.»

Дар ин мулоқот қарор шуд, ки Комисияи байниҳукуматӣ дар семоҳаи 4-уми соли ҷорӣ дар Маскав дидору мулоқот намоянд. Шувалов таъкид дошт, ки ба ҷуз аз мушкили Сангтӯда-1 ҳамаи он масъалаҳое, ки дар сафари охири Путин ба Тоҷикитон ҳосил шуда буд, ҳалли худро ёфтааст. Аммо дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорони дохиливу хориҷӣ имкони савол додан дода нашуд.

Қарзи «Барқи тоҷик» ҳамчун харидори ягонаи барқи "Сангтӯда-1" то 1-уми октябри соли 2013 ба 388 миллион сомонӣ ё муодили 81,4 миллион доллари ИМА баробар буд, аммо сарфи назар аз пардохти 10 миллион сомонӣ дар моҳ ҳаҷми қарзи он боз беш аз 20 миллион сомонии дигар афзудааст. Нерӯгоҳи «Сангтуда -1», 25 дарсади саҳмияҳояш ба Тоҷикистон ва боқимонда ба Русия тааллуқ доранд.

Ҷаласаи 12-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия таҳти роҳбарии Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия ва Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон рӯзи 24-юми январ дар «Кохи Сомон» баргузор шуд.

Дар оғози нишаст Қоҳир Расулзода Русияро шарики стратегӣ ва паймонкори муҳими Тоҷикистон хонд. Игор Шувалов низ зимни суханронии кӯтоҳи хеш нахуст Расулзодаро бо таъин шуданаш ба симати сарвазири Тоҷикистон табрик гуфта, афзуд «ҳарчанд ҳини гуфтугӯҳои дуҷониба онҳо дар бархе аз мавридҳо бо ҳам баҳс мекунанд, аммо дар маҷмуъ муносибатҳо хуб пеш мераванд. Шувалов афзуд то ба ҳол ҳамаи тавофуқоте, ки дар сафари охири Владимир Путин ба Тоҷикистон ҳосил шуда буд, амалӣ нашудааст. Вай ҳамчунин афзуд, мақсади ин вохӯрӣ пайдо кардани заминаҳои нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар мебошад.

Аз дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба Озодӣ гуфтанд, ки Игор Шувалов бо як сафари корӣ ва ба манзури ширкат дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байнидавлатии иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Русия ба Тоҷикистон омадааст. Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, муовини нахуствазири Русия пас аз дидору гуфтугӯ бо нахуствазири Тоҷикистон, дар ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии масоили иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистону Русия ширкат мекунад. Дар поёни ин нишаст миёни Тоҷикистон ва Русия, санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Ҳамчунин мулоқоти Игор Шувалов бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зӯҳри имрӯз сурат гирифт.

Тавре дар сомонаи расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар дода мешавад, "дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитарӣ баррасӣ шуд."

Ба навиштаи сомонаи расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон "Игор Шувалов ба сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишвар гузориш дода, аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ кард."

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷаласаи 12 - уми Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия дар масоили иқтисодӣ, тиҷорӣ, муҳоҷират, илму фарҳанг рӯзи сешанбеи 22 январ дар шаҳри Душанбе оғоз гардидааст.

Дар чорчӯби нишасти ин комиссия, Форуми муштараки соҳибкорони тоҷику рус баргузор гардид, ки дар кори он раҳбарону масъулони беш аз 30 ширкати Русия ширкат карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG