Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварон аз Русия барои бозии Тоҷикистону Сурия


Виталий Мешков
Виталий Мешков

Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Сурияро ҳакамон аз Русия доварӣ мекунанд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон доварони бозии дӯстонаро байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Сурия аз Русия даъват кардааст. Сардовари ин бозӣ Виталий Мешкови 32-сола, ки аз соли 2012 довари ФИФА мебошад, таъин шудааст. Вай ба ҷуз доварӣ дар мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони шаҳри Дмитров, инчунин дар бошгоҳи футболи «Колос»-и Новосинково ба ҳайси мураббӣ фаъолият мекунад. Ба Мешков ҳамватанонаш - ёварони довари ФИФА Дмитрий Мосякини 36-сола ва Максим Гаврилини 31-сола кӯмак хоҳанд кард.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки моҳи июни соли равон шурӯъ мешавад, моҳи март бо тимҳои миллии Молдив ва Сурия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад. Бозии дӯстона бо мунтахаби Молдив 26-уми март дар меҳмонӣ ва бозии дӯстона бо Сурия 31-уми март дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказӣ, барпо мегарданд.

Дар айни ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Молдив дар ҷойи 133-юм, Тоҷикистон дар ҷойи 141-ум ва Сурия дар ҷойи 152-юм қарор доранд.

Баъди анҷоми бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия бозии лотерея баргузор мешавад, ки бурди асосиаш мошини сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс» мебошад.

XS
SM
MD
LG