Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Маскав кӯчарӯбҳои корпарторо ҷустуҷӯ дорад


Додситонии Маскав ба омӯзиши қазияи 26 роҳрӯби тоҷикистонӣ, ки гуфта мешавад, ним сол боз маош нагирифтаанд, оғоз кард.

Намояндаи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Маскав Иван Головин, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки додситонӣ ба тафтиши ин воқеа шурӯъ карда, дар навбати аввал мехоҳад, шахсияти муҳоҷирони корпарторо мушаххас кунад. Мақомоти шаҳри Маскав корхонаи "ПДХБ №2" – Хоҷагии ободонии ҳавливу хиёбонҳоро дар иҷро накардани масъулиятҳояш гунаҳгор ва ҷарима карданд. Сухангӯи шаҳрдории Маскав Игор Пергаменшик гуфт, ки ин ширкат дар шароити сахт, ҳангоми бориши шадиди барф дар Маскав ба кори худ хунукназарӣ зоҳир намуд.

Иван Головин, намояндаи хадамот дар ҳавзаи маъмурии шимолу шарқи шаҳри Маскав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шоми 4-уми декабр, баъд аз он ки расонаҳо ахбори ом хабари корпартоии муҳоҷирони кориро пахш намуданд, ба маҳалли зисти фаррошон рафт, вале дар он ҷо касеро пайдо накард.

"Азбаски ман нафаре аз кормандонро надидам, дақиқ гуфта наметавонам, ки оё онҳо дар он ҷо ба таври қонунӣ зиндагӣ ва кор мекарданд ё на. Вале бояд гуфт, азбаски ҳеҷ мақоме бо онҳо қарордоди расмӣ тартиб надодааст ва онҳоро расман ба кор қабул накардааст, чунин тахмин задан мумкин аст, ки онҳо дар корхона ба таври ғайриқонунӣ кор мекарданд. Ҳамкорони мо ҳам рӯзи 5 декабр ба корхонаи ПДХБ-2 рафта, бо раҳбарият ва муҳосиби он ҳамсӯҳбат шудаанд. Онҳо гуфтанд, ки чунин коргар надоштанд ва санадҳои онҳо ҳам ҳаминро собит мекунад". – гуфт ҷаноби Головин

Иван Головин мегӯяд, агар воқеан ҳам шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолати ногувор монда бошанд, ин ҷо, аз сӯе гуноҳи худи онҳо ҳам ҳаст, ки бо кордиҳанда қарордоди расмӣ набастаанд. Вай афзуд, агар чунин қарордод вуҷуд медошт, “дар чунин ҳолат мо ҳам метавонистем, ба онҳо кӯмак кунем”.

Айни замон, яке аз роҳрӯбҳои тоҷикистонӣ, ки дар қаламрави ҳавзаи шимолу шарқи Маскав кор мекунад, гуфт, роҷеъ ба шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон – фаррошоне, ки ним соли охир аз маоши худ бенасиб мондаанд, қиссаҳое шунидааст. Ӯ нахост, номаш гуфта шавад, вале таъид кард, ки “дар он корхона тоҷиконе кор мекунанд, ки аз ноҳияи Файзобод омадаанд”. Ӯ гуфт, фаррошони тоҷик дар ҳудуди минтақаи Северное Измайлово кор мекарданд ва ҳанӯз тобистони имсол бо чунин мушкили пардохти ҳаққи заҳмат рӯбарӯ шуданд. “Он вақт ба онҳо хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар бозгардони маблағҳо кӯмак карда буд”, -- гуфт ӯ.

Аз рӯи иттилои матбуоти Русия, сабаби ба чунин ҳол гирифтор шудани кормандони хадамоти коммуналӣ дар он аст, ки кордиҳанда дар давоми як сол се бор иваз шудааст ва ба эҳтимоли зиёд, қарзи музди кор дар натиҷаи бебандубориҳои мудирияти ин корхона ҳосил шудааст.

Сухангӯи муовини шаҳрдори Маскав Игор Пергаменшик низ печидагии вазъи коргарони муҳоҷирро ба ҳамин бебандуборӣ вобаста кард. Ӯ гуфт, мақомоти пойтахти Русия манфиатдор аст, ки ин гуна моҷароҳо ба зудӣ ҳалли худро пайдо кунанд ва сокинони Маскав дар шароити барфбории шадид дар ҳоли ногувор намонанд.

Бино ба иттилои муҳофизони ҳуқуқи инсон, эҳтимолан гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои корхонаи "ПДХБ №2" кор мекарданд, аз кордиҳанда ваъдаи лафзӣ гирифта буданд, ки дар ивази кори худ музди муайян хоҳанд гирифт. Ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки кордиҳанда аз тариқи афрод ё ширкати дигари миёнарав вазифаи поккории кӯчаҳоро аз барф бар дӯши муҳоҷирони тоҷикистонӣ гузошта бошад. Дар ҳоле, ки дараки худи роҳрӯбҳо пайдо нест ва касе ба намояндагӣ аз онҳо бо матбуот сӯҳбат намкунад, муайян кардани ҳаҷми қарзи корхона дар баробари онҳо ғайриимкон шудааст. Аммо ба гуфтаи матбуоти Русия, ширкатҳои коммуналии Маскав аз идораҳои сердаромад буда, бо истифода аз нируи арзони корӣ миллиард рублро ба яғмо бурдаанд.

Як мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирон дар мавсими тобистону тирамоҳ наздик ба 12 000 рубл ва дар сармои зимистон то 18 000 рубл маош мегиранд. Корхонаҳое, ки ба таври расмӣ муҳоҷиронро ба кор қабул мекунанд, мегӯянд, ки маоши коргарон якбора ба суратҳисобҳои бонкии онҳо ирсол мешавад. Аммо дар хабарҳои марбут ба коршикании кӯчарӯбони тоҷик ин талаб ҳам ҷой дошт, ки онҳо гуфтаанд, дигар намехоҳад, дар ивази 10 000 рубл даст ба кори вазнин ва сиёҳ зананд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG