Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорат хабари боздошти "подполковники тоҷик"-ро таҳқиқ мекунад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

​Расонаҳои Русия навиштанд, гӯё як подполковники тоҷик ба иттиҳоми "педофилия" боздошт шудааст. Аммо сафорат гуфт, қазоват дар бораи ин ки нафари боздоштшуда тоҷик мебошад, ҳанӯз барвақт аст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, хабари гӯё боздошти афсари калони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба иттиҳоми "педофилия" онҳоро низ такон додааст ва ҳоло пайи таҳқиқи қазия ҳастанд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат, 14 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, консули фахрии кишвар дар Санкт-Петербург бо дастури сафир Имомуддин Сатторов муваззаф шудааст, дурустӣ ё нодурустии ин хабарро мушаххас кунад.

"Дар сурати ба даст омадани иттилои дақиқ, ки воқеан ин хабар то куҷо дуруст ва то куҷо дурӯғ мебошад, расонаҳоро огоҳ хоҳем кард," -- афзуд Эгамзод.

Ӯ гуфт, "ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ин фарди боздоштшуда аз Тоҷикистон аст, ё аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ. Вале матбуоти Русия ҳоло ӯро афсари калони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба "педофилия" ҳам муттаҳам намуданд."

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон афзуд, "ин тӯҳмати андак нест. Барои ҳамин, бо вуҷуди он ки ҳанӯз дар бораи боздошти шаҳрванди худ аз сӯи мақомоти Русия маълумотномаи расмӣ нагирифтем, аммо консули фахриро вазифадор кардем, қазияро тавассути дӯстони худ таҳқиқ намояд."

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, то замони дақиқ шудани иттилоъ дар бораи подполковники боздоштшуда ин қазияро шарҳ нахоҳад дод. Зеро, ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, "бисёр ҳолатҳое шудааст, ки матбуоти Русия пеш аз пода чанг бардошта дар чунин амалҳо тоҷиконро муттаҳам кардаанд, ҳарчанд дар охир исбот шудааст, ки афроди муттаҳам тоҷик набуданд. Матбуот дубора ба ин мавзӯъ барнамегарданд, вале номи шаҳрвандони Тоҷикистон доғдор мемонад."

Мақомоти Русия рӯзи 12 июн аз боздошти подполковники 32-солаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хабар доданд, ки ба қавли онҳо ба "педофилия" муттаҳам мешавад.

Расонаҳои русӣ аз қавли онҳо навиштанд, боздошти ин афсари калони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Санкт-Петербург шоми 11 июн, ҳангоми дидораш бо як ноболиғ дар истгоҳи роҳи оҳани "Маскав" сурат гирифтааст. Аз ин подполковники тоҷик ном бурда намешавад, вале торнамои "Питер ТВ" навиштааст, ӯ барои такмили ихтисос ба Русия рафта, бо писари ноболиғ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ошно шудааст.

Торнамои "Фонтанка.ру" ҳам мегӯяд, "ин мард дар сӯҳбати маҷозӣ бо писари ноболиғ саволу ҷавоби шаҳвонӣ карда, баъдан вохӯриро дар миён мегузорад, аммо ба ҷои писарбача ӯро маъмурони пулис пешвоз мегиранд."

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтанд, дар ин бора иттилои расмӣ нагирифтаанд ва сӯҳбат дар бораи қазияе, ки барояшон дақиқ нест, мушкил аст. Онҳо гуфтанд, агар иттилое дар замина ба даст биояд, ба расонаҳо низ хоҳанд гуфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG