Пайвандҳои дастрасӣ

Пономарев: "Тоҷикистон худро дар оина дид ва хушаш наомад"


Сергей Пономарев

Сергей Пономарев

Сергей Пономарев, муаллифи силсиламақолаи пурсарусадои "Тоҷикистон: аз карахтии Шӯравӣ ба ояндаи дурахшон", ки дар “Комсомольская правда” ба нашр расид, ба вокунишҳои ҷониби Тоҷикистон посух гуфтааст.

Сергей Пономарев дар саҳифаи рӯзномаи “Комсомольская правда” дар вокуниш ба изҳори назари ҷониби Тоҷикистон, ки силсиламатлабҳои ӯ дар бораи кишварро “ғаразнок, таҳқиру тавҳини миллати тоҷик” хондаанд, гуфтааст, дар асл мақомоти Тоҷикистон аз шунидани "вазъи воқеии кишвар" нороҳат шудаанд.

Ӯ навиштааст, "дар Тоҷикистон худро дар оина диданд ва аз ин воқеият хушашон наомад. Зеро дар Тоҷикистон расонаҳои давлатию мустақил таҳти назорати сахти давлат қарор дорад ва нашрияҳои тоҷикию русии ин кишвар ба маҷаллаи “Кореяи Шимолӣ”-и даврони Шӯравӣ шабоҳат дорад. Аз тариқи радио ва телевизион дар бораи дастовардҳои кишвар таҳти раҳбарии ин раҳбари бузург мадҳияҳо пахш мешавад."

Ба навиштаи Сергей Пономарев, феълан дар Тоҷикистон саноати даврони Иттиҳоди Шӯравӣ комилан хароб шуда ва кишоварзӣ дар ҳолати бад қарор дорад. "Бештари заминҳои кишоварзӣ ба хориҷиён ба иҷора дода шудааст. Мардум кор ва пул надоранд. Якуним миллион сокини Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, умдатан дар Русия кор мекунанд. То ҳол 220 ҳазор тоҷик шаҳрвандии Русияро гирифта ва 300 ҳазор нафари дигар дар остонаи дарёфти шаҳрвандӣ қарор доранд," - навиштааст ӯ.

Пономарев таъкид кардааст, кишваре бо чунин вазъи ногувор аз шунидани сухани ҳақ нороҳат мешавад. Ба эътиқоди вай, аз қатъ шудани чопи рӯзномаи “Комсомольская правда” дар ин кишвар чизе тағйир намеёбад.

Аз ин қабл сардабири нашрияи русии "Комсомольская правда" Владимир Сунгоркин ранҷиши Тоҷикистонро аз чопи мақолаҳои таҳқиромез дар бораи ин кишвар "як воҳима" номид. Владимир Сунгоркин дар сӯҳбат бо оҷонсии РИА "Новости" рӯзи 21 июл гуфт, ки силсиламақолаҳои муаллиф Сергей Пономорев воқеияти вазъ дар Тоҷикистонро бозгӯ карда, ҳатто "бомуҳаббат" дар бораи ин кишвар ва мардумаш иншо шудааст.

Вай гуфт, ҳатто дар сурати аз бозори Тоҷикистон маҳрум мондани ин нашрия "онҳо парво надоранд", чунки на барои "қонеъ кардани хостҳои ҳукумати Тоҷикистон", балки афроди ками ҳанӯз ташнаи шунидани хабарҳо аз Русия дар он ҷо ҳузур доштанд.

Ин дар ҳолест, ки чопи нашрияи "Комсомольская правда" шурӯъ аз 21 июл дар Тоҷикистон қатъ шуд. Шарифи Ҳамдампур, масъули чопи ин нашрияи русӣ дар кишвар гуфт, ин эътирози онҳо ба як мақолаи Сергей Пономарев аст, ки Тоҷикистонро “кишвари Равшану Ҷамшудҳо” номидааст.

Сергей Пономарев, хабарнигори махсуси “Комсомольская правда”, рӯзи 16 июли соли ҷорӣ дар мақолааш "Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее" (Тоҷикистон: аз карахтии Шӯравӣ ба ояндаи дурахшон) Тоҷикистонро "ватани Равшану Ҷамшудҳо" номидааст. Ин мақола дар сомонаи "Комсомольская правда" чоп шуда, Пономарев дар оғози матлабаш мегӯяд, “дар ҳавопаймое аз Маскав ба самти Хуҷанд равонем ва дар миёни мусофирон танҳо ман чеҳраи славянӣ дорам. Бақия Равшану Ҷамшуданд...”

Вай дар идома шеваи рафтору тарзи либоспӯшии шаҳрвандони Тоҷикистон ва сатҳи фаҳмишу саводи онҳоро ба масхара кашида, дар бораи планшету телефони гаронбаҳои муҳоҷирони тоҷик низ бо истеҳзо сухан рондааст.

Сергей Пономарев аз иваз шудани номҳои русии шаҳру навоҳӣ ва маҳалҳои кишвар низ нороҳат шуда ва аз ҷумла дар бораи тибдили номи Чкаловск ба Бӯстон чунин гуфтааст: “Чкаловск дигар вуҷуд надорад. Тамоман. Дар моҳи марти соли ҷорӣ охирин номи славянӣ аз харитаи Тоҷикистон пок карда шуд.”

Ин хабарнигори рус дар як ҷои мақолааш ҳатто ба мақомоти Русия “маслиҳат” додааст, ки раҳбарони Тоҷикистонро иваз кунанд.

Шарифи Ҳамдампур дар нишасти хабарии 21 июл дар Душанбе гуфт, "ин мақола саропо дар ҳаққи мардуму миллати тоҷик ва раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳқир ва тавҳин аст ва барои ҳамин тасмим гирифтем, ки чопашро қатъ кунем." Ӯ афзуд, "бо сардабири сомонаи "Комсомольская правда" дар тамос шуда ва тақозо кардам, ки дар мавриди дар сомона будан ё набудани он тасмим бигирад. Аммо ин дархост бидуни посух монд ва дар мавриди ин мақола таҷдиди назар сурат нагирифт. Он вақт ман дар мавриди қатъи чопи ин рӯзнома дар Тоҷикистон тасмим гирифтам." Рӯзи 18 июл Владимир Сунгоркин, сардабири рӯзномаи "Комсомольская правда" дар бораи қатъ шудани чопи ин нашрия дар Тоҷикистон огоҳ карда шудааст.

Ин мавзӯъ чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук, баҳс шуда, бисёре аз корбарони тоҷик аз ин мақола ба шиддат интиқод кардаанд ва онро ғаразомез номидаанд. Ҳатто бархе аз корбарон ин талабро дар миён гузоштаанд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расман ба ин мақола посухи дандоншикан диҳад.

Аммо то ҳол ҳеч ниҳод ва ё мақоми расмии Тоҷикистон дар бораи ин мақолаи Сергей Пономарев изҳори назар накардаанд.

“Комсомольская правда” аз соли 2006 боз дар Тоҷикистон бо теъдоди панҷ ҳазор нусха чоп мешуд. Ҳоло нашрияи дигари маъруфи Русия "Аргументи и факты" (АиФ) низ дар Тоҷикистон бознашр мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG