Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як сокини Қӯрғонтеппа барои қатли сарбози рус


Алексей Буенков

Алексей Буенков

Манобеи Озодӣ мегӯянд, ки як сокини маҳаллаи Хатлони шаҳри Қӯрғонтеппа ба гумони даст доштан дар қатли сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон боздошт шудааст. Дар ҳоли ҳозир ному насаби гумонбар гуфта намешавад, аммо ин ҳодиса шаби 30 ба 31 июл, баъди муноқиша дар тарабхонаи "Карина"-и шаҳри Қӯрғонтеппа, рух додааст.

Мадина, як пешхидмати тарабхонаи "Карина", рӯзи 3 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, алакай муфаттишони додситонӣ онҳоро барои бозпурсӣ даъват кардаанд. Ӯ афзуд, "ҳодиса соати 23:30 рух дод. Мо дидем, бачае, ки ҷанг кард, дар дасташ корд дошт ва мегуфт, ки ҳамаатонро мекушам. Баъд аз ҷои ҳодиса фирор карда буд."

Пойгоҳи 201: Куштори сарбози рус як ҷинояти маишӣ аст

Ярослав Рошупкин, роҳбари хадамоти матбуотии Округи марказии ҳарбии Русия, ки пойгоҳи 201−ум низ тобеи он аст, рӯзи 3 август дар сӯҳбат бо Озодӣ ҳодисаи кушта шудани сарбози русро тасдиқ кард ва гуфт, ки аз рӯи таҳқиқоти пешакӣ, "ин як ҳодисаи маишӣ аст". Ӯ гуфт, ин ҳодиса "як моҷароест, ки паёмадҳои сангин дар пай доштааст". Рошупкин афзуд, тафсилоти дигари ин ҳодиса дар ҷараёни таҳқиқи ин парвандаи ҷиноӣ маълум мешавад, ки аз ҷониби фармондеҳони пойгоҳи 201-ум ва ҳам сохторҳои тафтишотии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ба саволи Озодӣ дар бораи исм ва мӯҳлати хизмати ин сарбози рус дар Тоҷикистон Рошупкин гуфт, маълумоти хусусии марбут ба низомиёнро онҳо фош намекунанд. Вай танҳо гуфт, ки низомии кушташуда "сарбози қаторӣ буд". Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеи худ гуфтааст, ин сарбози пойгоҳи 201-ум Алексей Буенков ном бодошта, сержанти қаторӣ буд.

Як афсари пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Озодӣ хабари баъд аз як муноқиша кушта шудани ҳамхидматашро тасдиқ кард ва ба шарти набурдани вазифаву номаш гуфт, ҳодиса шаби шанбе ба якшанбеи гузашта дар тарабхонаи “Карина”-и шаҳри Қӯрғонтеппа рух додааст. Ӯ гуфт, "он шом миёни сарбози рус ва ҷавонҳои тоҷик муноқишае бархост ва дар натиҷа сарбози рус кушта шуд."

Шоҳидони куштори шаби шанбе - пешхизматҳои тарабхонаи "Карина" ба Озодӣ гуфтанд, ки он шом нахуст миёни як ҷавон бо номи Аҳлиддин ва сарбози рус муноқишае бархост: "Аҳлиддин берун рафт ва баъди муддате корд дар даст баргашт ва ба сарбози рус ҳамла кард". Онҳо мегӯянд, сабаби ин моҷаро барои онҳо ҳам маълум нест. Аз рӯи иттилои онҳо, он шом сарбоз ҳамроҳ бо ҳамсари русаш, ки сокини Қӯрғонтеппа мебошад ва чанд дӯсти дигараш истироҳат мекард.

Ҳоло ин қазияро маъмурони Шӯъбаи умури дохилӣ ва ҳам додситонии маҳаллӣ таҳқиқ мекунанд.

Дар шӯъбаи милиса ва ҳам додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳодисаи куштори сарбози русро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки дар идомаи рӯз тафсилоти ин ҳодисаро шарҳ хоҳанд дод.

Аз рӯи иттилои дарёфтӣ, дар моҷарои шаби шанбеву якшанбе як ходими Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон захм бардоштааст. Дар ин сохтор дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба Озодӣ гуфтанд, як корманди ин ниҳод бо номи Умед Раҳмонов дар муноқишаи шаби шанбе ба якшанбе аз корд захмӣ шудааст.

Пойгоҳи 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа

Пойгоҳи 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа

​Тафреҳгоҳи “Карина” яке аз маъмултарин маҳалҳои истироҳату рақси сокинони маҳаллӣ мебошад ва маъмулан дар ингуна муассисаҳои фароғатӣ ходимони оҷонсии зидди маводи мухаддир ба хотири ҷилавгирӣ аз гардиш ва истеъмоли нашъа назорат мебаранд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки “Карина” тафреҳгоҳи маъруфи фароғатӣ барои низомиёни руси пойгоҳи 201 мебошад ва маъмулан онҳо рӯзҳои истироҳат ин ҷо гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG