Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми нави Маскав ба пуштибонӣ аз ҷудоихоҳони Украина


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав нақша дорад, натиҷаҳои интихоботи ояндаи минтақаҳои ҷудоихоҳи Украинаро ба расмият шиносад.

Ҷудоихоҳони шарқи Украина ба рағми ҳукумати Киев мехоҳанд, 2-юми ноябр интихоботи худро баргузор кунанд.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 28 октябр дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Известия” гуфт: “Мо интизор дорем, ки интихобот ҳамон гуна ки ризоияташ ҳосил шудааст, пеш хоҳад рафт ва мо, албатта, натиҷаҳои онро ба расмият хоҳем шинохт.”

Раҳбарони ошӯби тарафдорони Русия дар минтақаҳои Донетск ва Луҳанск гуфтаанд, ки онҳо дар ин интихоботи ҷудогонаи хеш порлумон ва сарварони, ба истилоҳ “ҷумҳуриҳои мардумӣ”-ро муайян хоҳанд кард.

Киев, Иёлоти Муттаҳида ва чанд кишвари дигар гуфтаанд, ки ин интихоботҳо қонунӣ нахоҳанд буд ва натиҷаи онҳо эътироф нахоҳад шуд.

Аммо Лавров гуфт, интихоботҳои ҳамзамон аз нигоҳи таъмини қонунмандии ҳукуматҳои манотиқи рӯ ба Русия муҳим хоҳанд буд.

Русия дар бораи интихоботи ҷудоихоҳони Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00
Линки мустақим

Дар ин байн хабаргузории Интерфакс ба нақл аз сухангӯи Кремлин, Дмитрий Пешков рӯзи 28-уми октябр гуфт, Русия сабабе барои эътироф накардани интихоботҳои тарҳрезишудаи Донетск ва Луҳанскро надорад.

Намояндаи аршади Вазорати умури хориҷии Украина ин мавзеъгирии Русияро танқид кард ва гуфт, он ҳамаи кӯшишҳои ҳалли кашмакаши шашмоҳаро баҳам мезанад. Дмитро Кулеба ба хабаргузории Франс-Пресс гуфт, “қасди Русия зидди созишномаи сулҳи Минск, коҳиши шиддат ва ҳалли осоиштаи низоъ буда, нақши онро ҳамчун шарики боварбахши байнулмилалӣ суст мекунад.”

Соҳибони ҳаққи раъй дар минтақаҳои Донетск ва Луҳанск дар интихоботи порлумонии 26-уми октябри Украина, ки дар он ғарбгароён пешсаф шудаанд, ширкат накарданд. Украина дар ин байн аз Русия хоста буд, ба ҷудоихоҳон фишор орад, то интихоботи хусуматомез баргузор накунанд. Аммо ҳам Лавров ва ҳам Пешков мегӯянд, интихоботи Донетск ва Луҳанск бар пояи нақша баргузор хоҳад шуд. Пешков инчунин гуфт, ки таъсири Русия ба ҷудоихоҳон “номаҳдуд” нест ва набояд зиёд шумурда шавад.

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко гуфт, ҳама гуна интихоботи маҳаллӣ дар кишвараш бояд тибқи қонунҳои Украина баргузор шавад. Ин чунин маъноро хоҳад дошт, ки Киев инихоботҳои Донетск ва Луҳанск нахоҳад шинохт. Киев барои бахшҳое аз ин манотиқ се соли “худидора”-ро пешниҳод кард ва интихобот дар ин маврид қарор аст, 7-уми декабр ҷараён гирад.

Ин дар ҳолест, ки Донетск ва Луҳанск дар моҳи март пас аз он ки Русия Қримро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард, худро мустақил эълон карданд. Моҳи гузашта оташбас эълон шуд, вале то он наздик ба 3600 нафар дар ҷангҳои шарқи Украина кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG