Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 267 000 муҳоҷири қирғизро афв мекунад


Муҳоҷирони кории қирғиз.
Муҳоҷирони кории қирғиз.

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳазорон муҳоҷири қирғизро аз “рӯйхатти сиёҳ”-и афроди ихроҷшуда хат мезанад.

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ФМС) эълон кард, ки ҳазорон муҳоҷири ихроҷшуда аз Қирғизистонро аз рӯйхати сиёҳ”-и Русия берун меорад ва ба онҳо ҳаққи бозгашти дигарбора ба Русия дода мешавад. Ин тавофуқ, бино ба иттилои дафтари матбуоти ФМС, дар мулоқоти рӯзи 21 июни Константин Ромодановский, раҳбари ФМС бо Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург ба даст омадааст.

Ромодановский гуфтааст, азбаски Қирғизистон ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пазируфта шуд, онҳо тасмим гирифтаанд, то он шаҳрвандони Қирғизистонро, ки барои се сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд, аз рӯйхати сиёҳ берун кунанд. Аммо ин сабукӣ танҳо ба он муҳоҷирони қирғиз дода мешавад, ки то соли 2014 ва барои 3 сол аз қаламрави Русия ихроҷ ё берун карда шудаанд ва табъан то имрӯз аллакай нисфи ҳукми “бадарға”-ашон аз Русияро сипарӣ кардаанд.

Сабукии дигаре, ки ҷониби Русия ба муҳоҷирони қирғиз медиҳад, марбут ба онҳоест, ки қонунҳои муҳоҷирати Русияро вайрон кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон, ба ин муҳоҷирони қирғиз “имкон дода мешавад, ки аз 10 июл то 1 ноябри соли равон бидуни истифодаи кадом муҷозоте дар мавриди онҳо озодона аз қаламрави Русия берун шуда ва низ бидуни мамониат баргарданд.”

Муҳоҷирони қирғиз дар Сахалин.
Муҳоҷирони қирғиз дар Сахалин.

Оимхон Кулукеева, намояндаи сафорати Қирғизистон дар Маскав рӯзи 24 июн ба Озодӣ гуфт, “баъди вуруди дубора ба Русия тамоми қонуншиканиҳои қаблие, ки ба номи онҳо сабт шудааст, бекор карда мешавад ва ин нафар соҳиби як таърихи комилан тозаи муҳоҷират мешавад. Фақат инки бояд аз ин ба баъд тибқи қонун кору фаъолият кунад.”

Мақомоти вазорати муҳоҷирати Қирғизистон мегӯянд, то имрӯз 77 000 шаҳрванди ин кишвар ба “рӯйхати сиёҳ”-и ФМС Русия афтодаанд. Тақрибан 190 000 нафари дигар, ба гуфтаи Алмос Асанбоев, муовини вазири кор, муҳоҷират ва ҷавонони Қирғизистон, дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд: “Ин се маротиба бештар аз онҳоест, ки дар “рӯйхати сиёҳ” афтодаанд. Акнун ба ҳамаи онҳо ҳам имкон дода мешавад, ки озодона аз Русия баромада, аз нава баргарданд. Онҳо бояд то 1 ноябр санадҳои барояшон лозимро ҷамъ оварда, худро қонунӣ кунанд.”

Бар илова сафири Қирғизистон дар Маскав Болот Ҷунусов бо раиси ФМС Константин Ромодановский ба “Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар Федеросиюни Русия ва шаҳрвандони Федеросиюни Русия дар Ҷумҳурии Қирғизистон” имзо гузоштаанд. Тибқи ин созишнома, шаҳрвандони Қирғизистон ҳаққи 30 рӯз будубоши бидуни сабти номи ҳатмӣ дар Русияро ба даст меоранд.

Шумори муҳоҷирони қирғиз дар Русия аз 600 000 то 1 миллион нафар рақам зада мешавад. Онҳо асосан дар корхонаҳои хидмати коммуналӣ, сохтмонҳо ва қисме дар бозор кор мекунанд. Пули фиристодаи муҳоҷирон як манбаи асосии таъмини рӯзгори хонаводаҳо дар Қирғизистон низ ба шумор меравад.

Теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Русия аз 1 то 1,5 миллион нафар рақам зада шуда, шумори муҳоҷирони тоҷике, ки ба “рӯйхати сиёҳ”-и ФМС афтода, аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд, 277 000, яъне қариб 4 маротиба бештар аз муҳоҷирони мамнӯъулвуруди қирғиз баровард мешавад. Мақомоти Душанбе мегӯянд, бар илова, 400 ҳазор муҳоҷири дигари тоҷик дар Русия дар як ҳоли риск кору зиндагӣ мекунанд ва ҳар лаҳза хатари ихроҷ ё беру кардан ба онҳо таҳдид мекунад.

Аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир дар Тоҷикистон ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини рӯзгораш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст. Мақомоти Тоҷикистон ба ин далел тақрибан як сол боз талош доранд, то Русияро ба боз кардани дарҳояш ба рӯи ин ҳазорон муҳоҷири тоҷики мамнӯъулвуруд моил кунанд, вале ба фарқ аз мақомоти қирғиз, то ҳол дар ин маврид натиҷае ба даст наовардаанд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати вазорати шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 24 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзӯъ дар охирин ҷаласаи гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия, ки рӯзи 28 май дар Душанбе доир шуд, матраҳ шуда буд: “Дар ин ҷаласа аз ҷумла сарнавишти 5 табақаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вуруди онҳо ба қаламрави Русия манъ шудааст, мавриди баҳс қарор гирифт. Қарор шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи ин 5 табақаи муҳоҷиронро таҳия ва ба ҷониби Русия ироа кунад. Ин 5 табақа, ки дар ҳамин ҷаласа мушаххас карда шуда, аз ҷумла донишҷӯён, онҳоеро ки барои табобат мераванд, онҳоеро ки дар Русия хешу табор ваё молу мулк доранд, дар бар мегиранд. Русия дар мавриди ҳамин 5 табақа ба гузашт розӣ шудааст.”

Дар ҳамин ҳол, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо Андрей Исаев, муовини раиси Думаи давлатӣ ва раиси фирқаи ҳизби ҳокими “Единая Россия” пешниҳод кард, ки Маскав имкони қонунӣ гардондани тамоми муҳоҷирони тоҷик аз тариқи эълони як афви муҳоҷирон, аз ҷумла барои онҳоеро, ки дар қаламрави ин кишвар ягон ҷиноят содир накардаанд, баррасӣ кунад. Оқои Сатторов гуфтааст, мақоми қонунӣ ба даст овардани муҳоҷирон ба нафъи ҳарду кишвар аст, чунки имкон медиҳад, то ин қишри бузург аз бахши соягии иқтисоди Русия берун оварда шуда, ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо боло бурда шавад ва аз фасод дар бозори муҳоҷират ҷилавгирӣ шавад.

Ҷониби Русия ба пешниҳодҳои Тоҷикистон дар заминаи афви муҳоҷиронаш то имрӯз бо ҷумлаҳои хушке, чун “фиристед, меомӯзем, баррасӣ мекунем” иктифо мекунад. Ба гуфтаи як дипломати тоҷик, дар айни замон ироаи якбора як силсила сабукиҳо ба муҳоҷирони қирғиз оҳанги бештар сиёсӣ дорад ва Маскав бо ин гӯё ба ҳукуматҳо ва мардумони кишварҳои дигари пасошӯравӣ паём мефиристад, ки пайвастан ба Иттиҳоди АвроОсиё чунин имтиёзҳо дорад.

Ҳафтае пеш Русия ҳамин тавр, эълон карда буд, ки муҳоҷирон аз Қирғизистон аз ин ба баъд ҳамчун кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё дар қаламрави Русия мисли шаҳрвандони ин кишвар танҳо 13 дарсад андоз хоҳанд супурд, на 30 дарсад мисли муҳоҷирони дигар.

Ҳоло тибқи қонунҳои муҳоҷирати Русия, муҳоҷир ҳатто барои ду қонуншикании маъмурӣ метавонад аз қаламрави ин кишвар берун карда шавад ваё, агар аллакай ба зодгоҳи худ баргашта бошад, дар ғайбаш аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум шавад. Бисёриҳо баъди бозгашт ба Русия танҳо ҳангоми гузаштан аз хатти марзи ин кишвар мефаҳманд, ки дар “рӯйхати сиёҳ”-анд ва ноилоҷ маҷбур мешаванд, хароҷоти бузурги пули роҳ дар гарданашон бо ҳамон ҳавопаймо ба зодгоҳи худ баргарданд.

XS
SM
MD
LG