Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйдиҳӣ барои Думаи Давлатӣ, вале дар Тоҷикистон (ВИДЕО)


Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон тобеияти Русияро ҳам доранд ва дар раъйдиҳӣ ширкат мекунанд.

Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон тобеияти Русияро ҳам доранд ва дар раъйдиҳӣ ширкат мекунанд.

Имрӯз даҳҳо нафар шаҳрвандони Русия, ки муқими Душанбе ҳастанд барои иштирок дар интихоботи вакилони Думаи Давлатӣ ба Маркази илм ва фарҳанги Русия воқеъ дар маркази Душанбе омаданд.

Дар Тоҷикистон 6 қитъаи раъйдиҳӣ имрӯз барои интихобкунандагон дарҳои хешро боз карданд, ки сетои он дар дохили пойгоҳи 201-уми Русия ва боқимонда дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Норак мебошанд.

Дар 1 соати аввали интихоботӣ аз руи маълумоти комиссияи интихоботӣ дар Тоҷикистон 1500 нафар дар интихобот ширкат карданд. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон баъд аз раъйдиҳӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Ман боварӣ дорам, ки вакилони наве ба думаи Русия интихоб мегарданд, албатта ташаббусҳои худро дар мавриди ҳамкории бештар бо кишварҳои муштаракулманофеъ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ нишон хоҳанд. Яъне қонунҳоеро қабул хоҳанд кард, ки баҳри рушди муносибатҳо ва рушди дохилии он кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон хоҳад буд”.

Сафири Русия дар Душанбе ҳамчунин роҷеъ ба вазъи кору иқомати муҳоҷирони тоҷик дар Русия сӯҳбат кард ва гуфт, аз ҳоло пешгӯӣ кардан душвор аст, ки вакилони нав барои сабукӣ овардан дар кору иқомати муҳоҷирон тарҳе ва ё қонуне қабул мекунанд, ё не.

Аммо гуфт, ӯ пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё метавонад, вазъи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия осон кунад. “Беҳтарин роҳ барои беҳтар кардани вазъи муҳоҷирон албатта ҳамроҳ шудан ба Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё аст. Ҳамроҳ шудан ба иттиҳодия худ ба худ тамоми мушкилоту масъалаҳоро аз байн мебарад." -гуфт дипломати рус ба Радиои Озодӣ. Ӯ афзуд, айни замон Русияву Тоҷикистон кор мекунанд, то раванди муҳоҷирати кории тоҷиконро ба маҷрои қонунӣ дароварда ва соддаву осон кунанд.

Тоҷикистон то кунун ошкор эълон накардааст, ки ба узвияти Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё мепайвандад, ё не. Ба ҳайати ин созмони ба раҳбарии Русия, ҳамчунин Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистону Қирғизистон ва Арманистон шомиланд. Давлати Тоҷикистон гуфтааст, суду зиёни вуруд ба созмонро меомӯзад ва сипас тасмим мегирад, ки ба он шомил шавад ё не. Дар Тоҷикистон, бештар аз 6 ҳазор сарбози рус дар пойгоҳи низомии Русия хидмат мекунанд ва ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон ҳам айни замон табааи Русияро доранд ва аз ҳаққи раъйдиҳӣ бархурдор ҳастанд.

Рӯзи 18-уми сентябр интихобот ба порлумон ва ё Думаи Давлатии Русия шурӯъ шуд, ки интизор меравад, дар он аҳзоби тарафдори раиси ҷумҳур Владимир Путин пирӯз шаванд. Ҳизби Русияи Воҳид ва се ҳизби дигаре, ки аксари қарорҳои ҳукумат ва раиси ҷумҳурро бечунучаро қабул мекунанд, эҳтимол аксари 450 курсии палатаи поёнии порлумонро нигаҳ медоранд. Раъйдиҳӣ дар маҷмӯъ 22 соат идома мекунад. Владимир Путин пас аз раъйдиҳӣ дар Маскав ба суоли “ба кӣ раъй додед”, гуфт, ки “ман Ҳизби Русияи Воҳидро таъсис додам, аз ин рӯ ҳоҷат ба шарҳ нест.”

Дар нимҷазираи Қрими Украина, ки Русия соли 2014 ба қаламрави худ ҳамроҳ кард, раъйдиҳӣ идома дорад. Назарсанҷиҳои саросарӣ дар Русия нишон додааст, ки тақрибан 50 дар сади мардум тарафдори ҳизби ҳукуматгарои Русияи Воҳид ҳастанд ва раъйи онҳо кофист, ки аксарияти курсиҳои Думаи давлатӣ насиби ҳамин ҳизб шавад.

Назарсанҷиҳо айни замон нишон додаанд, ки мардуми зиёде нисбат ба интихобот бетавофут будаанд, аз ин рӯ ба ҳузури мардум дар интихобот таваҷҷӯҳ зиёд аст. Иддаоҳо дар бораи таққалубкорӣ дар интихботи гузаштаи соли 2014 сабаби тазоҳуроти густурда алайҳи Владимир Путин дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия шуд.

Раъйдиҳӣ дар Владивосток, як гӯшаи дурдасти Русия.

Раъйдиҳӣ дар Владивосток, як гӯшаи дурдасти Русия.

Ҳукумати Русия бо роҳ додани нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба интихобот, саъй кард, то ба мардум итминон бидиҳад, ки интихобот шаффофу одилона мегузарад. Ҳамчунин раиси Кумиссиёни марказии интихобот дар Русияро иваз карданд.

Элла Памфилова, фаъоли собиқи ҳуқуқи инсон ва ҳоло раиси кумиссиён рӯзи 17-уми сентябр аз мардум хост, дар интихобот ширкат кунанд ва гуфт, ки “мо тамоми ҷараёни интихобот дар кишвари бузургамонро назорат мекунем.” Дар интихобот дар маҷмӯъ 14 ҳизб ширкат мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG