Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарфу харҷи маблағҳо дар сохтмони Роғун дар соли 2015 ва зиёд намудани сармояи ойинномавии ин нерӯгоҳи барқи обӣ аз масъалаҳои муҳими ҷаласаи саҳомон дар ҷаласаи моҳи май хоҳад буд.

Интизор меравад, рӯзи 27 май ҷаласаи саҳомони нерӯгоҳи Роғун баргузор шавад, ки сохтмони он ба далели шиддат гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ суст шудааст. Як манбаъ дар ҷамъияти саҳомии “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” рӯзи 25 апрел ба Озодӣ гуфт, ин тасмимро Шӯрои нозирони ҷамъият гирифтааст.

Ба қавли манбаъ дар ин ҷаласа “масъалаи зиёд намудани сармояи ойинномавии Роғун” ва “сарфу харҷи маблағҳо дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар соли 2015” масъалаҳои асосӣ хоҳанд буд. Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ ва ё тақрибан 300 миллион доллар пешбинӣ карда буд, вале ҳоло маълум нест, дар ин сол, ки буҷа иҷро нашуд, барои сохтмони ин иншооти азими Тоҷикистон чӣ қадар пул сарф кардаанд.

Вале тобистони соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба маҳалли нерӯгоҳи барқи обии Роғун рафт ва дигарбора ба аҳамияти сохтмони ин нерӯгоҳи ниматамом таъкид кард.

Ӯ гуфт, ки “пешрафти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишварамон ба бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ ва дар навбати аввал нерӯгоҳи барқи обии Роғун вобаста мебошад ва маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеият мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон эълон намудем”.

Як сол пеш дар моҳи май дар нишасти солона, саҳомони Роғун бо қабули қароре сармояи ойинномавии нерӯгоҳро аз 12 миллиард сомонӣ ба 14 миллиард сомонӣ расониданд. Бар асоси арзёбиҳои муассисаҳои байналмилалии молӣ, барои сохтмони нерӯгоҳ аз 3 то 5 миллиард доллар зарур аст, ки Тоҷикистон дар ихтиёр надорад.

Давлати Тоҷикистон соли 2009 гуфт, нерӯгоҳи азими Роғунро худаш ва бе ширкати сармоягузорони хориҷӣ месозад ва барои ин маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғунро шурӯъ кард. Дар солҳои 2010 то 2012 аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо бештар аз 800 миллион сомонӣ ҷамъ оварданд, вале баъдан ҳукумат зери фишори созмонҳои байналмилалии молӣ фурӯши саҳмияҳоро қатъ кард.

Дар куҷо нигаҳ доштани ин миллионҳо сомонӣ ҳам баҳси зиёдеро барангехт, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ин пул ҳеч куҷо нашудааст ва барои бунёди Роғун сарф мешавад. Тақрибан 87 дарсади саҳмияҳои Роғун ба давлати Тоҷикистон ва ё ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тааллуқ доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш дар сурати такмил метавонад, солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад. Ин миқдор нерӯи барқ ҳам Тоҷикистонро аз бебарқӣ дар зимистон халос мекунад ва ҳам метавонад, кишварро ба яке аз содиркунандагони нерӯи барқи арзон ба Афғонистону Покистон табдил диҳад.

Аммо аз замони шурӯи корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Узбакистон ба бунёди он муқовимат кардаанд. Ин кишварҳо мегӯянд, дар сурати бунёди Роғун, ки маҷрои об аз рӯдхонаҳои Тоҷикистон ба Узбакистону Қазоқистону Туркманистон мерасанд, камтар шуда ва боис ба камобӣ дар он кишварҳо хоҳад шуд.

Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаоҳо асосе надоранд, зеро об дар обанбори Роғун ба тадриҷ ва дар муддати 14 сол ҷамъ карда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG