Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии хабарнигори Озодӣ дар озмуни "Мӯъҷизаҳои иқтисодӣ"


Абдулло Ашӯров
Абдулло Ашӯров

Хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе Абдулло Ашӯров барандаи ҷоизаи Маркази бозори озоди Тоҷикистон барои беҳтарин эссеи иқтисодӣ шуд.

Маркази бозори озоди Тоҷикистон озмуни беҳтарин эссеҳои иқтисодӣ бо номи «Номгӯ ё ресепти мӯъҷизаи иқтисодӣ барои Тоҷикистон»-ро, ки бо пуштибонии молии Бунёди Фридрих Науман ва Бунёди иқтисодии таҳқиқотии «Атлас» озмун доир кардааст, рӯзи 3 июл натиҷагирӣ кард.

Дар ин озмун дар маҷмӯъ беш аз 40 эссе пешниҳод шуда буд. Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон» рӯзи 3 июл дар як маросими вижа эълон кард, ки ҳайъати ҳакамон эссеи Абдулло Ашӯров дар мавзӯъи «Иқтисоди хусусӣ ва масоили мухталифи он ҳамчун мӯъҷиза дар пешрафти иқтисоди кишвар»-ро сазовори ҷои аввал донистааст.

Абдулло Ашӯров дар бораи иншои барандашудааш мегӯяд, «агар Тоҷикистон ба иқтисоди хусусӣ ба таври мунсифона ва шаффоф муносибат кунад ва ба он ҳамаҷониба эҳтиром гузорад, воқеан як мӯъҷизае хоҳад буд, ки иқтисоди Тоҷикистонро такон ва рушд хоҳад дод.»


Матни гузориши барандашудаи Абдулло Ашӯров инҷост:

http://rus.ozodi.org/content/tajik-economic-miracle/25036360.html

Ҳадафи озмуни «Номгӯ ё ресепти мӯъҷизаи иқтисодӣ барои Тоҷикистон» муарифии иқтисоддонҳои боистеъдоди ҷавони Тоҷикистон гуфта мешавад. Баргузоркунандагон мегӯянд, онҳо бо ин озмун ба иқтисоддонҳои ҷавон имкон додаанд, то тавони худ дар амри муаррифии роҳҳои рушди иқтисоди Тоҷикистонро намоиш диҳанд.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо 8 миллион ҷамъияташ фақиртарин кишвари пасошӯравӣ ба ҳисоб рафта, қариб нисфи аҳолиаш зери хатти фақр ба сар мебарад ва гузарони зиндагии аксари хонаводаҳояш аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ ва умдатан дар Русия ба даст меояд. Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2012 7,6 миллиард долларро ташкил дод, ки ба ҳар сари аҳолиаш тақрибан 950 доллар рост меояд.
XS
SM
MD
LG