Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни Радиои Озодӣ: Касе ғолиб нашуд


Радиои Озодӣ бахшида ба мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2012 барои мухлисони футбол озмун эълон карда буд.

Ба ин озмун ҳамагӣ 105 нафар ҷавобҳои худро тавассути почтаи электронӣ (e-mail): tajikweb@rferl.org фиристодаанд.

Ба ширкаткунандагони озмун се савол пешниҳод шуда буд.

1. Чаҳор дастаеро номбар кунед, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд?
2. Кадом дастаҳо ба финал мебароянд ва ҳисоби бозии ниҳоиро пешгӯӣ кунед.
3. Кӣ беҳтарин нишонзан мешавад ва чанд гол мезанад?


Мутаассифона, ягон нафар ба се савол комилан посухи саҳеҳ надодааст.

Ба саволи аввал дувоздаҳ нафар - Самир, Рустам, Сафар, Alex,Till (ҳама аз Душанбе), Фирӯз (Хуҷанд), Акмал (Исфара), Йигити Кӯлобӣ ва Баха (ҳарду аз Кӯлоб), Умар (Файзобод), Умед (TJK), Фаррух (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) аз чаҳор даста сетоашро дуруст ном бурдаанд. Вале онҳоро дастаҳои Ҳолланд, Фаронса, Инглистон, Русия ва Дания ба иштибоҳ андохтаанд.

Чунон ки маълум аст, дастаҳои Португалия, Олмон, Испания ва Италия ба даври ниманиҳоии Ҷоми Аврупо-2012 роҳ ёфта буданд.


Ба саволи дувум 8 нафар - Алӣ ва Баха (Кӯлоб), Абдулло, Масъуди Маъсум, Ромини Маъсум (ҳарсе аз Хуҷанд), Мухлиси футбол (Файзобод), Ҷаҳон (Душанбе) ва Қосим (маконашро нанавиштааст) дуруст пешгӯӣ кардаанд, ки Испания қаҳрамони ҷаҳон мешавад, вале дар пешгӯии рақиби Испания дар бозии ниҳоӣ ва ҳисоби бозӣ иштибоҳ кардаанд.


Шаби 1-уми июл бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Испания ва Италия, ки дар варзишгоҳи “Олимпӣ”-и пойтахти Украина – шаҳри Киев баргузор шуд, бо пирӯзии испаниҳо бо ҳисоби бузурги 4:0 ба анҷом расид. Голҳоро Давид Силва дар дақиқаи 14-ум, Хордӣ Алба дар дақиқаи 41-ум, Фернандо Торрес дар дақиқаи 84-ум ва Хуан Мата дар дақиқаи 88-ум ба самар расонданд. Ҳамин тариқ, мунтахаби Испания, қаҳрамонии феълии ҷаҳон, барои бори севум ба унвони қаҳрамони Аврупо мушарраф шуд. Бояд гуфт, ки Испания ягона дастаест, ки барои авалин бор дар таърихи Ҷоми Аврупо ду бор паиҳам унвони қаҳрамониро соҳиб шудааст.


Ба саволи севум 13 нафар Марио Ҳомес (Олмон), 7-нафарӣ Фернандо Торрес (Испания) ва Криштиану Роналду (Португалия), 5 нафар Алан Дзагоев (Русия)-ро беҳтарин голзан донистаанд. Фирдавс Мирзоёров, Умед (ҳарду аз Душанбе), Умедҷон (Қӯрғонтеппа), Юсуф (Кобул), Абдулло ва Рашоди Абдуманнон (ҳарду аз Хуҷанд) ва Мухлис (Файзобод) дуруст пешгӯӣ кардаанд, ки Фернандо Торес соҳиби “Бутсии тиллоӣ” мешавад, вале дар ҳисоби голҳояш иштибоҳ кардаанд.


Дар сабқати ниҳоии Ҷоми Аврупо-2012 шаш нафар – Марио Балотеллӣ (Италия), Марио Ҳомес (Олмон), Криштиану Роналду (Португалия), Фернандо Торрес (Испания), Марио Манҷукич (Хорватия) ва Алан Дзагоев (Русия) сеголӣ заданд.


Барандаи “Бутсии тиллоӣ” аз рӯи нишондоди гол+пас муайян шуд. Се нафар – Фернандо Торрес, Криштиану Роналду ва Марио Ҳомес натоиҷи якхела – 4 (3 гол +1 пас) ба даст оварданд. Вале Торрес аз рақибонаш камтар - ҳамагӣ 189 дақиқа бозӣ кардааст. Бинобар ин “Бутсии тиллоӣ” насиби Фернандо Торреси 28-солаи испанӣ, ки дар бошгоҳи футболи “Челси”-и Инглистон бозӣ мекунад, гардид.

Ба ин тартиб дар Озмуни Радиои Озодӣ касе ғолиб нашуд. Ҷойҳои дувуму севум низ ба касе мушарраф нагашт. Ҳамаи онҳое, ки ба саволҳо қисман ҷавобҳои саҳеҳ додаанд ва номашон дар боло зикр шуд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ (футболка) сарфароз мешаванд. Аз ҳамаи онҳое, ки номашон зикр шудааст хоҳишмандем барои гирифтани тӯҳфа ба шумораи 988659463 ё 988659464 муроҷиат намоянд.
XS
SM
MD
LG