Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисҷумҳур ба порлумон пешниҳод кард, ки Мирзоалӣ Болтуев аз раҳбарии КМИР бозхонда шавад.

Бино бар хабари торнамои раисҷумҳур, пешниҳод бар он асос ёфтааст, ки раиси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсиҳо (КМИР) Мирзоалӣ Болтуев бознишаста мешавад.

Ин манбаъ меафзояд, Мизроб Кабиров, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва ду узви ин комиссия - Низомиддин Зоҳидов ва Саймурод Тағоев низ бино бар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳои худ сабукдӯш хоҳанд шуд.

Ваколати узви дигари ин комиссия Бобоҷон Лақаев ба сабаби фавти ӯ поён ёфтаасст.

Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси намояндагонро пешниҳод кардааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли гузашта аз ҳавзаи Синои пойтахти Тоҷикистон ба унвони вакил интихоб шуда буд.

Ба вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Кароматулло Холиқов, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ пешниҳод шудааст.

Ҳанӯз аз соли 2003 намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносони байналмиллалӣ ба зарурати ислоҳи КМИР ишор мекарданд. Ин зарурат махусан дар остонаи интихоботи соли 2005 бо пуштибонии Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе дар шакли тарҳе пешниҳод гашт, вале қабул нашуд.

Коршиносон нокомии интихоботҳои гузаштаро ба номустақилӣ ва ношаффофии кори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рабт додаанд.

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ борҳо гуфтаанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ниёз ба як тағйири куллӣ дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG