Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дин ва сиёсат дар ҷаҳони имрӯз


Тарафдорони аҳзоби исломгарои Покистон дар тазоҳуроти зидди ҳукумати Парвиз Мушарраф

Тарафдорони аҳзоби исломгарои Покистон дар тазоҳуроти зидди ҳукумати Парвиз Мушарраф

Бунёди ҷаҳонии омӯзиши афкори умум -- Геллап, дар гузорише, ки имрӯз нашр кард, мегӯяд, бо вуҷуди афзоиши нуфузи сиёсии исломгароён дар кишварҳои мусулмон, шумори тарафдорони давлатдории динӣ дар ин мамолик коҳиш ёфтааст. Ин хулоса зимни тадқиқоте ба миён омадааст, ки муносибати дину мазҳаб ва қонуну порлумонҳоро баррасӣ мекунад.

Чанд рӯйдоди муҳими кишварҳои мусулмон дар даҳ соли охир диққати ҷаҳониёнро ба худ кашидааст. Пеш аз ҳама пирӯзии ҷумбиши тундгарои Ҳамос бар Созмони озодибахши Фаластин дар интихоботи порлумонии соли гузашта. Сипас, ба порлумони Миср роҳ ёфтани 88 узви созмони "Ихвон-ул-муслимин" ва ҳамчунин авҷи баҳсҳои дунявияту мазҳбагароӣ дар Туркия. Коршиносон ин рӯйдодҳоро аломати афзоиши таъсири сиёсии ҳизбу ҷумбишҳои исломгаро номидаанд. Пажӯҳишгарони Маркази афкоромӯзии Геллап мегӯянд, зимни ин падидаҳо баҳс аз ҳамзистии дин ва демократия, руҷӯъ ба давлатдории теократӣ ва нақши рӯҳониён дар ҳукумат ба марҳилаи нав ворид гаштааст.

Дин бояд ба ташаккули сиёсат кӯмак кунад, аммо...
Ба пурсиши онҳо, ки оё усули дин ва қонунгузорӣ то куҷо ба ҳам пайванд дошта бошанд, аксарият дар кишварҳои мусулмон, ба истиснои Туркия, гуфтаанд, шариати исломӣ бояд дар қонунгузорӣ, ба камияш нақше дошта бошад. Вале теъдоди онҳое, ки шариатро ягона манбаъи қонунгузорӣ мешуморанд аз онҳое, ки шариатро яке аз чанд манбаи қонунгузорӣ медонанд, ҳатто дар кишваре мисли Эрон низ камтар аст. Чунончи, 14%-и эрониён шариатро ягона қонун гуфтаанд, аммо 66 дарсади онҳо бар инанд, ки шариат як бахше аз қонун бошад. Аммо шумораи тарафдорони яккақонунии шариат дар Миср 67 ва дар Покистон 59 дарсадро ташкил додааст. Назари посухиён аз Туркия бо мавзеъгирии амрикоиҳо наздиктар аст, ки мегӯянд, дин бояд аслан манбаъи қонунгузорӣ набошад. Дар Туркия ин теъдод 57 ва дар Иёлоти Муттаҳида 44 дарсад будааст.

Корманди Пажӯҳишгоҳи Ҳудзон дар Вошигнтон, доктор Пол Маршалл, ки муаллифи даҳҳо рисола роҷеъ ба дин ва сиёсат аст, мегӯяд: "Дин бояд ба ташаккули сиёсат кӯмак кунад. Ин чиз дар ҷаҳон зиёд аст ва мушкиле шумурда намешавад. Мушкили тундгароёни исломӣ ин аст, ки онҳо чанд иштибоҳ мекунанд. Якум, мегӯянд, қонуне ба ҷуз аз шариати исломӣ вуҷуд надорад. Дуввум фақат мо ҳастем, ки медонем, шариати ҳақиқӣ чист. Яъне мо бояд ба ҳар кас ёд диҳем, ки бояд чӣ кунад. Ва ончи мо мегӯем, ҷои баҳс надорад. Ва тафовути аслӣ ин ҷост, ки агар шумо мехоҳед, сиёсат бар пояи ақидаҳои динӣ сохта шавад ва дар ин зимн дин ё биниши хоси динии шумо ба тамоми кишвар таҳмил гардад, махсусан ба мардуме ки онро қабул надоранд, ин роҳ бояд рад шавад."

Оё рӯҳониён дар таҳияи қонунҳои кишвари шумо бояд чӣ нақше дошта бошанд? Ба ин пурсиш ҳам дар кишварҳои мусулмон ва ҳам дар Амрико асосан посухи манфӣ дода шудааст. 56 дарсади эрониён, 53 %-и индунезиҳо, 74 дарсади туркҳо ва 65 дарсади амрикоиҳо гуфтаанд, рӯҳониён дар таҳияи қонунҳо бояд ягон нақши мустақим надошта бошанд. Танҳо дар Покистон ва қаламравҳои фаластинӣ ин адад аз ним кам аст, танҳо 44 дарсади покистониҳо ва 40 дарсади фаластиниҳо нақши мустақими рӯҳониёнро дар навиштани қонунҳо рад кардаанд. Вале дар ҳамин кишварҳо низ мутаносибан танҳо 19 ва 24% хостаанд, ки рӯҳониён қонунгузорони асосӣ бошанд. Тарафдорони чунин андеша дар Эрон 12, дар Туркия 6 ва дар Иёлоти Муттаҳида 4 дарсадро ташкил додаанд.

Бо вуҷуди афзоиши майли аҳолӣ ба сиёсатмадорони исломгаро, аксарияти пурсидашудагон дар кишварҳои мусулмон гуфтаанд, тарафдори давлатдории теократӣ намебошанд.

XS
SM
MD
LG