Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хеши Саддом" афв ва аз Тоҷикистон ихроҷ шуд


Як шаҳрванди Ироқ, ки тобистони соли гузашта ҳангоми боздошт дар ноҳияи Фархор худро “хеши Саддом Ҳусейн” муаррифӣ карда буд, пас аз адои ҷазо аз Тоҷикистон ихроҷ шудааст.

Як марди ироқӣ, ки ҳудуди ҳашт моҳ қабл дар ноҳияи Фархор ба иттиҳоми марзшиканӣ боздошт шуда буд, аз сӯи мақомоти тоҷик мавриди афв қарор гирифта ва аз кишвар ихроҷ шудааст. Темур Боев, раиси додгоҳи ноҳияи Фархор имрӯз, 8-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Абдуллоҳ-ал-Арабия бар асоси моддаи 335, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне ғайриқонунӣ убур кардани марз гунаҳкор дониста шуд ва ба 2 солу 6 моҳ равонаи зиндон гашт. Аммо бинобар сабабе, ки пеш аз қабули Қонун “Дар бораи афв” боздошт шуда буд, дар нисбаташ ин қонун татбиқ шуда, аз зиндон раҳо гашт.

Ҷаноби Боев мегӯяд, ин шаҳрванди Ироқ иддао дошт, ки дар зодгоҳаш ӯро хатар таҳдид мекард ва ба хотири паноҳандагӣ хостан марзи Тоҷикистонро убур кардааст: "Аммо ҳеҷ далеле барои паноҳандагӣ хостан дар даст надошт. Чун марзи моро ғайриқонунӣ убур карда буд, бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҷазо гирифт. Ӯ роҳҳои қонунии паноҳандагӣ хостанро риоя накарда буд. Дар зиндони Ёвон қисме аз мӯҳлати ҷазояшро адо кард ва пас аз ин аз Тоҷикистон ихроҷ шуд."

Ҳангоми боздошт, тобистони соли 2014 Абдуллоҳ-ал-Арабия иддао дошт, ки ӯ аз фаъолони Ҳизби “Баъс” ва аз наздикони Саддом Ҳусейн ҳаст, ки дар пайгарди мақомоти кунунии кишвараш қарор дорад. Аммо Темур Боев мегӯяд, чун додгоҳ бар асоси санаду далел парвандаро баррасӣ мекунад, ин шаҳрванди Ироқ ҳуҷҷатҳое, ки наздикии ӯ бо Саддом Ҳусейнро тасдиқ кунанд надошт.

Боев афзуд: “Маълум шуд, ки ӯ ихтисои рӯзноманигорӣ дорад ва то лаҳзаи берун шудан аз Ироқ дар матбуоти ин кишвар кор мекардааст. Ҷои зисташ бар асоси ҳуҷҷате, ки дошт, шаҳри Бағдод, минтақаи Расофа, кӯчаи Ал-Карода будааст.”

Абдуллоҳ Ал-Арабия, ки 46 сол дорад, аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Фархор боздошт шуда буд. Маҳмадсаид Изатуллоев, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор пас аз як ҳафтаи боздошти ӯ гуфта буд, ки ҳангоми убури марз ва вориди ноҳияи Фархор шудан, ин шаҳрванди Ироқ аз сӯи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ боздошт шудааст.

Ӯ бо ҳафт забон, аз ҷумла, форсӣ озодона сӯҳбат мекунад ва ҳангоми пурсиш гуфтааст, ки ӯ аз пайвандони Саддом Ҳусейн буда, дар замони ҳукумати ӯ дар Хадамоти ҷосусии Ироқ кор мекардааст: «Аз хешони Саддом Ҳусейн будааст. Соли таваллудаш 1967. Бо ҳафт забон озодона сӯҳбат мекунад. Мо инро маълум кардем ва то имрӯз дар бораи шахсияташ чизе маълум набуд. Бо худ ҳам ҳуҷҷате надошт».

Ӯ гуфта буд, пас аз барканорӣ ва қатли Саддом Ҳусейн, Абдуллоҳ Ал- Арабия ҳашт сол зиндонӣ шуда, пас аз раҳоӣ ба Афғонистон фирор кардааст. Аз боздошти ин шаҳрванди Ироқ рӯзи 14-уми июли соли 2014 сомонаи расмии Вазорати умури дохилӣ низ хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG