Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "исломӣ шудани Ғарб" олмониҳоро ба майдон кашонд


Ҳазорон тан дар Олмон дар эътироз ба "шумораи зиёди муҳоҷирон ва афзоиши таъсири ислом дар ин кишвар" даст ба тазоҳурот заданд.

Рӯзи душанбеи 5 январ ҳазорон тан аз мардуми Олмон дар эътироз ба ба он чӣ омори зиёди муҳоҷирон ва таъсири рӯзафзуни ислом дар ин кишвар гуфта мешавад, даст ба тазоҳурот заданд. Ин эътирозҳо дар ҳоле баргузор шуд, ки Ангела Меркел, нахуствазири Олмон, онро нажодпарастона хонда ва аз мардум хоста буд, аз ин тазоҳурот дурӣ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, танҳо 18 ҳазор нафар дар шаҳри Дрезден дар шарқи Олмон даст ба тазоҳурот задаанд. Аммо биноҳои бузург дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумлаи калисои ҷомеи шаҳри Кёлн ва дарвозаи Бранденбург дар Берлин дар эътироз ба ин тазоҳуротҳо, чароғҳои худро хомӯш карда ва дар хомӯшӣ фарӯ рафтанд.

Ҷунбиши "Аврупоиҳои ватанпараст алайҳи исломӣ шудани Ғарб", ки созмондиҳандаи ин эътирозҳо аст, дар моҳҳои ахир бисёр хабарсоз шуда ва ҳар ҳафта дар шаҳри Дрезден эътирозҳо баргузор мекунад.

Аз сӯи дигар, ин тазоҳуроти ҷунбиши "Аврупоиҳои ватанпараст алайҳи исломӣ шудани Ғарб" аз сӯи нерӯҳои дигари сиёсӣ дар он кишвар ба мухолифат рӯбарӯ шуд ва онҳо алайҳи ин гурӯҳ тазоҳурот баргузор карданд. Чунин тазоҳурот аз ҷумла дар Берлин, Кёлн, Дрезден ва шаҳрҳои дигар баргузор шудааст.

Ба гуфтаи пулиси Берлин, тақрибан 5 ҳазор мухолифи ҷунбиши "Аврупоиёни ватанпараст" пеши роҳи раҳпаймоиҳои ин гурӯҳро дар ин шаҳр бастаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар маҷмӯъ 22 ҳазор нафар алайҳи тазоҳуроти ин гурӯҳ эътироз кардаанд.

Ангела Меркел дар суханронии Соли навии худ ин эътирозҳоро нажодпарастона ва аз тарафи касоне хонда буд, ки қалбҳояшон пур аз нафрат аст.

XS
SM
MD
LG