Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусодираи миллиардҳо суми соҳибкори узбак


Барои ҳисоб кардани пулҳо даҳҳо нафар лозим шудааст.

Барои ҳисоб кардани пулҳо даҳҳо нафар лозим шудааст.

Дар Узбакистон як соҳибкори сарватмандро, ки бо номи Аҳмадбой маъруф аст, барои муддати кӯтоҳе дастгир карданд. Мақомот аз дафтари ӯ 40 миллиард суми узбакӣ ва 2 миллион доллар кашфу мусодира кардаанд.

Маъмурони амниятии Узбакистон дафтари кории Аҳмад Турсунбоев, як соҳибкори сарватманд ва соҳиби “пирамидаи молӣ”- ро, ки бо номи “Аҳмадбой” маъруф аст ҷустӯҷу карданд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, муфаттишони ниқобпӯш рӯзи 15-уми июн баъди муҳосираи дафтари кори ӯ дар ноҳияи Чиноз дар вилояти Тошканд, худи ӯро барои муддати кӯтоҳе дастгир ва сипас озод кардаанд. Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки соҳибкори 38-сола ба қаллобӣ дар ҳаҷми бисёр бузург муттаҳам мешавад.

Як манбаи дигар гуфтааст, ки барои муҳосираи хонаи соҳибкор тамоми кормандони раёсати умури дохилии вилоятро сафарбар кардаанд ва даҳҳо нафар низ барои тафтиш ва ҳисоб кардани пулҳои нақд дар дафтарӣ корӣ ҷалб шудаанд. Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ки аз идораи кории Аҳмад Турсунбоев, 40 миллиард сум ва 2 миллион доллар кашфу мусодира карданд. Аксҳои ҳисоб кардани пулҳо ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид.

Баъди муҳосираи дафтари кории Аҳмад Турсунбоев аз тарафи маъмурони амниятӣ дар байни корбарони узбакистонии шабакаҳои иҷтимоӣ ба қавле воҳима бархост. Алишер Эргашев, яке аз корбарони Фейсбук навиштааст: “Агар зинда монад, пулҳоятонро пас мегиред, агар не, аз фарзандонаш пулро талаб карда наметавонед.” Ишораи ин корбар ба амонатҳои мардум аст, ки барои гирифтани суд ба ширкати молии Аҳмад Турсунбоев додаанд.

Ширкати «Чиноз Авто Ҳамкор» дар ноҳияи Чиноз бо ваъдаи судби калони тақрибан 100 фоизӣ аз мардум амонат ҷамъ мекунад. Бо вуҷуди онки кори ширкат фурӯши мошин аст, аммо айни замон хадамоти бонкӣ ҳам пешниҳод мекунад ва ба гуфтаи баъзеҳо ба “пирамидаи молӣ” монанд аст. То моҳи апрел ин ширкат то 40 ҳазор муштарӣ доштааст.

Аҳмад Турсунбоев, 2-3 сол пеш шӯҳрат ёфт. То он замон соҳибкори 38-сола қассоб будааст. “Ду сол пеш ӯ ба фурӯши мошин шурӯъ кард ва баъд аз мардум пул гирифта ваъда медод, ки солона 200 дарсад фоида мепардозад. Ӯ ҳамчунин пул қарз медод”- гуфта буд, як сокини Чиноз. Фарҳод Мустафоев, як намояндаи шӯъбаи соҳибкории ҳукумати ноҳияи Чиноз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати Аҳмад Турсунбоев аввали ҳамин сол сабти ном шуд.

“Вай аввали имсол ба ҳайси соҳибкор сабти ном шуд. Бар асоси ойиннома, ширкаташ ба фурӯши мошин машғул аст, тафтиши фаъолияти ширкат салоҳияти мо нест. Ба ин кор бояд идораи андоз машғул бошад. Ман ҳам шунидаам, ки аз мардум пул мегирад. Дар байни мардум ҳамингуна гапҳо ҳаст, вале мо фаъолияти ширкати ӯро тафтиш карда наметавонем.” – мегуяд, корманди ҳукумати ноҳияи Чиноз.

Як тоҷир аз шаҳри Тошканд ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки фаъолияти “Чиноз Авто Ҳамкор”- ро мушоҳида кардааст ва дар он аломатҳои возеҳи пирамидаи молиро мебинад.

“Ман 8 моҳ боз фаъолияти “Аҳмадбой”-ро мушоҳида мекунам. Мардум ба ӯ ҳазорон доллар меоранд. Худам ба ин ширкат рафтам, онҷо ба касе санад намедиҳанд. Дар Тоҷикистону Покистон ҳамингуна пирамидаҳо ташкил карда буданд. Барои онки мардумро ҷазб кунанд, аввал ба муштариён суди калон медиҳанд, вале вақте ки пули зиёд ҷамъ карданд, суд дигар аз байн меравад.” -мегӯяд ӯ.

Як корбари Фейсбук бо номи “Ахмадбай Чиназский”, зимни мукотиба бо хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ иддаоҳо дар бораи қаллобӣ дар ширкати Аҳмадбой Турсунбековро рад кард, вале нахост дар ин бора телефони сӯҳбат кунад.

Мақомоти расмии Ӯзбакистон ҳам то кунун нагуфтаанд, ки ширкати Аҳмадбой Турсунбеков оё пирамидаи молӣ аст ва ё не ва маълумоте дар бораи ғайриқонунӣ будани фаъолияти ширкати ӯ нашр накардаанд.

Дар Тоҷикистон дар гузашта мақомоти Тоҷикистон фаъолияти ширкатҳои “Ҷамол компания” ва “Ҳафт бурҷ”-ро баъд аз он бастанд, ки ҳазорон нафар бо умеди ба даст овардани суди зиёд амонатҳои худро ба ихтиёри ин ширкатҳо супурданд ва аз ҳамон амонатҳояшон ҳам маҳрум шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG