Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: Чин иттифоқчӣ ва дӯсти Тоҷикистон боқӣ мемонад


Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин

Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин

Дар Пекин созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкориҳои фанниву иқтисодӣ ва барномаи табодули фарҳангӣ ба имзо расид.

Дар Пекин рӯзи 2 сентябр созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникию иқтисодӣ ва барномаи табодули фарҳангӣ ба имзо расид. Ин созишномаҳо дар чаҳорчӯби сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин ба имзо расиданд.

Президент Раҳмон ба хотири иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 70-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Чин қарор дорад. Дар нимаи дуюми рӯз, ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар Пекин мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Чин – Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин баргузор шуд.

Дар ин мулоқот сӯҳбат дар атрофи масоили ҳамкориҳои ду кишвар ва масоили доғи байналмилалӣ рафтааст. Раҳмон дар ин мулоқот Чинро як шарики боэътимоди иқтисодӣ ва дӯсту ҳамсояи неки Тоҷикистон номидааст. Раҳмон гуфт: “Барои Тоҷикистон Чин иттифоқчии боэътимод ва шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи нек боқӣ мемонад. Мо барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Чин дар ҳама ҷанбаҳо, ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи ҳамсон дорем”.

Дар ин мулоқот ҳамкориҳо дар чаҳчорӯби Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, гардиши молу коло, тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, мусоидати Чин ба рушди бахши энергетикии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо баррасӣ шудааст.

Президенти Чин Сӣ Ҷинпин гуфтааст, ки ҳукумати кишвараш минбаъд ҳам барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад. Таъкид шудааст, ки Чин дар бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим дар амри татбиқи 3 ҳадафи стратегии Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ дар канори ин кишвар хоҳад буд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои навсозии роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум ва роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон тадбирҳо андешида мешаванд, менависад сайти президенти Тоҷикистон.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи таъмини амнияти минтақа, ҳамкориҳо дар самти тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон ва андешидани тадбирҳои муштарак барои коҳиши таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG