Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои "Мовароуннаҳр" шунида шуд, аз дигарон на


Муштариёни ширкати "Мовароуннаҳр"
Муштариёни ширкати "Мовароуннаҳр"

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба номаи раҳбарият ва муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» посухи расмӣ дод.

Бархе аз шореҳон онро аввалин вокуниши мустақими раҳбари давлат ба аризаи дастҷамъона номиданд ва ҳамзамон ин суолро матраҳ намуданд, ки чаро аз миёни даҳҳо шикояти ҳамсон, президент танҳо ба ин қазия расидагӣ кард.

Онҳо мегӯянд, садои 500 муштарии «Мовароуннаҳр» дар Кохи раёсатҷумҳурӣ шунида шуд, аммо муроҷиати дастҷамъонаи тоҷирони бозорҳои «Сомон» - и Чкаловск ва «Зарнисор» - и Душанбе, норозигии шадиди сокинони маҳаллаи Якуми Майи деҳаи Қӯштеппа ва Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ аз тахриби манзилҳо, эътирози падару модарони маҳбусон аз шиканҷа ва шикваи хешовандони 31 сокини Исфара аз ҳукми Додгоҳи Олӣ, ки низ ба сарнавишти садҳо нафар рабт мегирифт, чунин вокуниши сатҳи олиро надоштанд.

Бузурмеҳр Ёров, вакили дифоъ
Бузурмеҳр Ёров, вакили дифоъ
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯяд, дар таҷрибаи кории худ зиёд дидааст, ки бо вокуниши раисҷумҳур ба номаҳо мушкили афрод ҳалли худро ёфтааст, аммо вижагии қазияи «Мовароуннаҳр» дигар аст: «Дар бораи дигар парвандаҳо шояд аз он хотир вокуниш ба миён наомад, ки онҳо бештар тобиши ҷиноятӣ доштанд, масъалаи ҷазо ва таҳқиқи зиёд дар миён буд. Аммо номае, ки аз раҳбарият ва муштариёни «Мовароуннаҳр» буд, сирф масъалаи иҷтимоӣ буд, яъне моликияти шаҳрванд, сохтмони он ва аз ҳабс озод кардан. Аз ин нуқтаи назар, ман фикр мекунам, ки роҳбари давлат саривақт ва дуруст ин масъаларо пайгирӣ кард.»


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

Коршиносони дигар, ҳарчанд аз вокуниши раисиҷумҳур ба қазияи муштариёни «Мовароуннаҳр» истиқбол мекунанд, ба он ишора мекунанд, ки чаро ин вокуниш дар тамоми муддати моҷаро ба амал наомад ва замоне рӯй дод, ки муштариёни ширкат хостори баргузории як гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе шуданд. Барои ин онҳо бо номае ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муроҷиат карданд. Шаҳрдори Душанбе дар таърихи 16-уми май бо як қарор баргузории гирдиҳамоиро манъ кард ва танҳо шарҳ дод, ки он ба талаботи моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, раҳпаймоиҳо ва расму оинҳо» мухолифат мекунад. Раҳбарият ва муштариёни “Мовароуннаҳр” ҳарчанд посухи рад гирифтанд, аксари муштариён дар шабакаҳои иҷтимоӣ менавиштанд, ки бо вуҷуди ин рӯзи 3-юми июн ба майдони рӯбарӯи порлумон хоҳанд баромад.

Аммо ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, сабаби асосӣ ин буд, ки таҳдиди муштариёги «Мовароуннаҳр» дар як фурсати барои ҳукумат ҳассос ба миён омад: «Чун инҳо шарт гузоштанд, ки новобаста аз қарори мақомот даст ба эътироз мезананд, яъне гирдиҳамоӣ ташкил мекунанд ва ҳам қазияи Зайд
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик
аидов пеш омада буд, раҳбарияти Тоҷикистон мувофиқи мақсад донист, ки вокуниш нишон диҳад ва ин амали хайре низ буд. Ҳукумат аз он меҳаросад, ки ягон баҳона барои гирдиҳамоӣ ё раҳпаймоӣ нашавад, зеро намуди эътирозҳо аз солҳои 90 ба ин сӯ нестанд ва мақомот ҳам боре ба онҳо иҷозат надодаанд. Аз ин хотир, мушкилро дар ҳамин марҳала ҳал кардан мувофиқи мақсад буд.»

Иддае дигар аз коршиносон бар ин ҳам ишора мекунанд, ки дар сурати баргузории гирдиҳамоӣ, он метавонист тарафдорони Зайд Саидовро низ ба майдон кашад. Вале мақомоти расмӣ вокуниши раисҷумҳури Тоҷикистон ба қазияи «Мовароуннаҳр»-ро яке аз амалҳои муқаррарии давлат мешуморанд.

Маҳмудхон Сараев, аз шӯъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи иҷроияи раёсатиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба дастгоҳ на фақат муроҷиатҳои матбуотӣ, балки тариқи почта ва сомонаи раисҷумҳур низ ироа мешаванд ва ин ҳамаро аз рӯи доираи мавзӯъ ба афроди масъул барои вокуниш ироа мекунанд: «Бархе мустақим ба худи ҷаноби раисҷумҳур рафта, аз сӯи он кас резолютсия гузошта мешавад, ки ба баррасӣ гиранд. Қисмати дигарро, ки ба номи раҳбарияти давлат ва ҳукумат омадааст, шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандон мавриди омӯзиш қарор дода, ба муҳлати муайян барои баррасӣ ба сохторҳои дахлдор мефиристад.»

Вокуниш ба номаи раҳбарият ва 500 муштарии ширкати «Мовароуннаҳр» дар ҳоле иттифоқ афтод, ки кӯшишҳои сесолаи онҳо барои идомаи биноҳои нотамоми ширкат натиҷа надоданд. Додгоҳӣ Олӣ амволи ширкатро ҳабс карда ва ин ҳақро аз он гирифт, ки худ сохтмони биноҳоро ба анҷом расонда, муштариёнашро соҳиби манзил кунад, чун ҳамаи онҳо ҳазорҳо доллар сармоягузорӣ кардаанд. Кӯшиши охирини онҳо дар додгоҳ моҳи равон натиҷа надоданд ва раҳбарияту муштариён тасмим гирифтанд, ки даст ба гирдиҳамоӣ зананд.
XS
SM
MD
LG