Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президент Эмомалӣ Раҳмон зимни боздидаш аз вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 20-уми ноябр тақозо кард, ки ҳама ҷинояткорон дар пеши қонун баробар ҷавоб диҳанд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон зимни боздидаш аз вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 20 ноябр, тақозо кард, ки ҳама ҷинояткорон дар пеши қонун баробар ҷавоб бигӯянд. Ба гуфтаи Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент, раиси ҷумҳурӣ таъкид кардааст, “ҷиноятҳоеро, ки ҷавонон дар роҳҳо ҳангоми рондани автомашина содир мекунанд, бояд қайд карда шуда, сарфи назар аз фарзанди кӣ буданашон, дар назди қонун яксон ҷавоб гӯянд”.

Президент ҳамчунин гуфтааст, ки вазорати корҳои дохилӣ ҷойи афроди “тарсончаку дурӯя нест ва дар ин ниҳод бояд онҳое кор кунанд, ки ҷасур, далер, нотарс ва ба халқу ватани худ содиқ ҳастанд. Ашхоси нолоиқро бояд аз мақомот дур кунед”, таъкид кардааст президент.

Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмон мушаххасан аз касе ном набурд, бисёриҳо аз ин изҳорот ба ин натиҷа расиданд, ки ишораи раиси ҷумҳурӣ ба садамаи пурфоҷеа бо иштироки писари раиси ширкати давлатии Роҳи Оҳан Амонуллои Ҳукуматулло – Расули Амонуллои 16-сола аст. Дар ин садамаи автомобилии шаби 9 октябр, бо ширкати мошини тамғаи БМВ-и Р.Амонулло, се нафар кушта ва се тани дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд.

Баъди яку ним моҳи ин ҳодиса тафтишот нисбати модари ин ронандаи наврас барои нақзи қонуни “Масъулияти волидон” парвандаи маъмурӣ боз кард, вале то ҳанӯз маълум нест, ки мавқеи тафтишот нисбати худи Р.Амонулло чӣ хоҳад буд. Тибқи иттилои хеле кам ва маҳдуде, ки аз ВКД Тоҷикистон, ниҳоди аслии таҳқиқкунандаи ин ҳодиса ба даст меояд, эҳтимолан тафтишот дар ниҳояти амр на Расули Амонулло, балки шахси дигар – Умари Шарифовро масъули рӯй додани ин фоҷеа унвон хоҳад кард. Исми Шарифов танҳо баъди ду-се ҳафтаи фоҷеа дар сайти интернетии вазорат пайдо шуд.


Худи Амонуллои Ҳукуматулло бо пахши изҳороти хаттӣ масъулияти фарзанди худро дар ин ҳодиса радд карда, матбуотро дар тӯҳмату бадномкунии исми ин хонавода муттаҳам кардааст.

Ҷараёни тафтиши фоҷеа дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро ба бор овард. Ҳоло дар зеҳни бисёриҳо ин савол матраҳ аст, ки то куҷо муфаттишони вазорати умури дохила омода хоҳанд шуд, ки фарзанди як шахси бонуфуз ва наздики президентро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Мунаққидон бо ишора ба мустақил набудани тафтишот ва ҳам судҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки чунин навъи қазияҳо бидуни мудохилаи президент Раҳмон ҳал намешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG