Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйироти кадрӣ. Аз барканорӣ то таъини раиси 5 пажӯҳишгоҳ


Дар пайи як тағйироти кадрӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон раҳбари 5 пажӯҳишгоҳи он нав шуданд.

Абдураҳмон Маҳмадов -- доктори илмҳои сиёсӣ раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи улуми Тоҷикистон таъин гардида, дар ин мақом Абдулвоҳид Шамоловро иваз кардааст. Маҳмадов дар гузашта раҳбарии Донишкадаи тарбияи ҷисмониро бар дӯш дошт. Баъдан дар факултаи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллӣ фаъолият карда, раҳбари Шӯрои ҳимояҳои илмии сиёсатшиносӣ низ буд. Дар солҳои ахир дар Шӯрои амният кор мекард ва раиси Академияи миллии олимпӣ мебошад.

Рӯзи 20 апрел маросими муаррифии раиси нави Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон бо ҳузури Абдуҷаббор Раҳмонзода -- ёрдамчии раисиҷумҳур сурат гирифтааст. Ба иттилои масъулони пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон, раиси нави ин муассисаи илмӣ Зикриё Акрамов таъин шудааст, таърихшинос ва устоди факултаи таърихи Донишгоҳии миллӣ буда, дар пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳо низ фаъолият мекард.

Сахидод Хоркашов, ки мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷкистон буд, раиси Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академия таъин шуда, дар ин вазифа Акбари Турсонро иваз намудааст.

Олим Бобоев

Олим Бобоев

Акобир Мирзораҳимов -- собиқ декани факултаи биологияи Донишгоҳи миллӣ ба ҷои Абдусаттор Саидов директори Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитология ва Лутфулло Саидмуродов собиқ вакили Маҷлиси намояндагон раҳбари нави Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демография таъин гардидаанд. Дувумӣ ба ҷои Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ омадааст, ки ҳоло вакили парлумон мебошад.

Раҳим Масов -- раиси Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва Акбари Турсон -- раиси Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ба сабаби ба синни бознишастагӣ ё​ нафақа расидан ва Абдулвоҳид Шамолов -- раиси пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақомҳои худ барканор шуданд.

Абдулвоҳид Шамолов, собиқ раиси пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Фарҳангистони улум дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабарро таъйид кард ва гуфт, "ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз раисии ин пажӯҳишгоҳ рафтам." Ба қавли ӯ, масъалаи барканории онҳо дар сӯҳбате, ки субҳи 20 апрел дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ сурат гирифт, баррасӣ шудааст.

Раҳим Масов

Раҳим Масов

Раҳим Масови 76-сола аз авоили солҳои навадуми асри гузашта боз раёсати пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносиро бар уҳда дошт. Ӯ соли 2001 дар сӯҳбати ихтисосии худ бо Радиои Озодӣ низ гуфта буд, "дар ин вазифае, ки кор мекунам маро интихоб кардаанд. Пештар, дар соли 1991, ин вазифаи интихобӣ, ки буд, аз байни чаҳор нафар бо гирифтани овози бештар роҳбар интихоб шудам. Баъдан, боз се маротибаи дигар такроран интихоб карданд."

Муҳимтарин осори академик Масов дар асари сегонаи ӯ бо номи "Тоҷикон, таърихи фоҷиаи миллӣ" гирдоварӣ шуда, ки дар он китобҳои ӯ “Таърихи табартақсим”, “Таърихи таҳти мӯҳри комилан махфӣ” ва “Тоҷикон: омезиш ва хориҷшавӣ” шомил шудааст. Ӯ узви Комиссияи давлатӣ дар масъалаи таъйини хатти марз бо кишварҳои ҳамсоя буд, вале ба далели пеш омадани ихтилофи назар аз ҳайати он берун шудааст. Раҳим Масов аз мухолифони тасвиби санади вогузории қисмате аз марзи Тоҷикистон ба Чин низ буд.

Акбар Турсон

Акбар Турсон

Акбари Турсон, донишманди маъруфи тоҷик дар ҳоле аз мақоми худ дар Фарҳангистони улум сабукдӯш шуд, ки чаҳор сол пеш, баъд аз бозгашт аз Амрико ба ин вазифа таъин гардида буд. Вай тайи 15 сол дар Иёлоти Муттаҳида зиста, дар соли 2011 дар пайи ислоҳот дар Академияи илмҳо бо қарори ҳукумати кишвар ба ин мақом расид.

Акбари Турсон дар авохири солҳои ҳаштодум ва оғози солҳои навадуми қарни гузашта низ раёсати институт ё Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хатти Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Дар Тоҷикистон ислоҳоти Академияи улуми ин кишвар дар соли 2011 ҷараён гирифт. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, 10 пажӯҳишгоҳи он дар 5 ниҳод муттаҳид карда шуд. Шумори аъзои раёсати ин ниҳоди илмӣ аз 11 то 9 нафар ва теъдоди кормандони дастгоҳи Академия аз 70 то 50 нафар коҳиш дода шуд.Пажӯҳишгоҳи наботот бо Пажӯҳишгоҳи физиология, Пажӯҳишгоҳи иқтисод бо Пажӯҳишӯгоҳи демография, геология бо зилзилашиносӣ, давлат ва ҳуқуқ бо фалсафа ва Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ бо Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт як карда шуданд.​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG