Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Радио-Мулло” раҳбари нави Толибон шуд


Марде, ки аз ӯ чун душмани ашаддии артиши Покистон ёд мешавад, раҳбари нави ҷунбиши Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) интихоб шудааст.

Ҳамакнун, мақоми Ҳакимулло Маҳсуд, ки рӯзи 1 ноябр дар як бомбборони ҳавопаймоҳои амрикоии бесарнишин кушта шуд, ба Мавлоно Фазлулло гузашт. Мавлоно Фазлулло дар солҳои 2007-2009, замоне, ки ҷангиёни ТТП водии Своти Покистонро ишғол карда буданд, бо лақаби “Радио-Мулло” маъруф шудааст. Ӯро дар миёни фармондеҳони Толибон як суханвари бисёр қавӣ ва шахсияти шадидан тундрав арзёбӣ мекунанд.


Як генерали бознишастаи артиши Покистон Маҳмудшоҳ мегӯяд, пайравони ТТП Мулло Фазлуллоро дар миёни раҳбарони ин ҷунбиши мухолифиони давлат, як шахсияти фавқулодда тағйирёбанда арзёбӣ мекунанд.


“Ман суханрониҳои ӯро зиёд шунидаам ва аз онҳо бармеояд, ки вай хусусиятҳои як пешвои воқеиро дорад ва метавонад инсонҳоро танҳо бо садои мустаҳкамаш баланд кунад”, гуфт ин генерал дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ. “Суханрониҳои ӯ харизмаи шахсияти ӯро хеле барҷаста ба намоиш мегузорад, вале айни замон, ӯ хеле инсони тайғирёбанда аст. Вай метавонад зуд, ба истилоҳ, рангашро иваз кунад. Ва ҳамин хусусият, заъф ва бузургии ӯро таъкид мекунад”.


Генерал Маҳмудшоҳ мегӯяд, ки шахсан бо Мавлоно Фазлулло замони дар хадамоти махсуси Покистон амал карданаш шинос шудааст ва ин мулоқот дар минтақаи шимолуғарби Хайбар Пахтунхва рӯй дод. Барои дар миёни ҷанбиши Толибон касб кардани мартабаҳои баланд барояш падарарӯсаш – Мавлоно Сӯфӣ Муҳаммад, як рӯҳонии тундрав хеле кӯмак кардааст.


“Мавлоно Фазлулло шогирди Сӯфӣ Муҳаммад буд ва баъдан духтари устодашро ба занӣ гирифт. Вай дар мадрасаи тундрави салафии Панҷпин дар минтақаи Хайбар Пахтунхва илм омӯхтааст. Вале бо ин вуҷуд, ман шунидам, ки баъдан ӯ аз ҳамсараш ҷудо ва бо ҳамин, муносибатҳои ин ду мард ҳам бад шуд. Дар асл, бояд гуфт, ки Фазлулло ба ҷунбиши Муҳаммад зарба зад ва идораи онро ба дасти худ гирифт”, мегӯяд ин низомии бознишаста.
Муҳаммад солҳои 1990-ум зидди нирӯҳои ҳукуматӣ шӯриш кард ва аз ҳукумат талаб кард, ки дар водии Свот ва минтақаи Малоканди атрофи он қонунҳои шариат ҳукмрон шаванд. Вале баъдан аз ҷониби артиши Покистон шикаст хӯрд.


Дар Афғонистон

Ба иттилои генерал Маҳмудшоҳ, Фазлулло падарарӯсашро дар охирҳои солҳои 2001-ум, ҳангоми вуруд ба хоки Афғонистон ҳамроҳӣ кардааст. Ба дунболи ҳамлаҳои террористии сентябри соли 2001 дар Амрико ва шурӯи амалиёти зиддитеррори нирӯҳои ИМА дар Афғонистон, Муҳаммад тахминан 10 ҳазор ҷангиро ҳамроҳаш ба Афғонистон бурд. Вале ин ду мард баъдан, дар паи суқути режими Толибон дар Афғонистон ба Покистон баргаштанд ва боздошт шуданд. Замоне, ки Муҳаммад дар зиндон буду ҳоли харобе дошт, домодаш Фазлулло дар як масҷиди рустои Имом Деҳрии водии Свот дар соли 2005 радиои ғайриқонунии худро дар мавҷҳои FM роҳандозӣ кард. Вай дар фурсати ду сол тавонист назорати комилро бар водии Свот ба даст оварад.

Зери раҳбарии ӯ мардони водӣ муваззаф буданд риш монанд, сарбурӣ ва шаллоқи афроди гумонбар дар ҷосусӣ ба фоидаи давлат, сарбозон ва мухолифони ҳукумати тундрави Фазлулло ба муҷозоти маъмуливу ҳамарӯза табдил шуд.


Фазлулло, аз ҷумла, ҷунбиши ТТП-и худро бо кӯмаки моливу пулии занҳои маҳаллӣ ташкил кардааст. Хонумҳои тарафдор аз сиёсати ӯ, ки аз баромадҳои радиоиаш илҳом мегирифтанд, барои ташкили Таҳрики Толибони Покистон пулу ҷавоҳирот бахшиш мекарданд.


Вале баробари тақвияти назорати водии Свот аз ҷониби Фазлулло, аввалин шуда аз сиёсатҳои ӯ маҳз занҳо осеб диданд. Вай занҳоро даъват мекард, манзилро тарк накунанд, издивоҷҳои маҷбурӣ афзоиш ёфт ва талош кард мактаҳои духтаронаро бубандад.


Баъди он ки ҳукумати марказии Покистон натавонист бар пояи музокирот Фазлуллоро аз водӣ берун кунад, соли 2009 артиши миллӣ ба ин кор муваффақ шуд. Ҳоло бовар меравад, ки ӯву ҷангиёнаш дар беруни минтақаи шимолушарқи Нуристони Афғонистон ба сар мебарад.


Амри тирборони Малола

Маҳз Мулло Фазлулло буд, ки бо амри ӯ духтари 16-солаи сокини водии Свот Малола Юсуфзай октябри соли 2012 мавриди ҳамлаи ҷангиёни Толибон қарор гирифт. Навори видеоие, ки охирҳои моҳи сентябри имсол дар шабакаи YouTube пайдо шуд, нишон медиҳад, ки ин ҷангии ришдор куштори афсари артиши Покистон генерал-майор Саноуллохон Ниёзиро ҷашн мегирад. Ниёзӣ 15 сентябр бар асари таркиши як бомбаи сарироҳӣ дар марзи Афғонистон кушта шуд.


Ба андешаи генерал Маҳмудшоҳ, интихоби Мулло Фазлулло ба мақоми раҳбари Толибони Покистон метавонад ҳукумати ин кишварро аз пешбурди музокирот бо ҷангиён боздорад. Талошҳои қаблӣ барои барпо кардани музокироти сулҳ бо Файзулло шикаст хӯрд ва ҳукумат маҷбур шуд амалиёти низомиро дубора аз сар гирад.

Абӯбакр Сиддиқӣ, радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG