Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамсари Қувватов мегӯяд, ба ӯ борҳо таҳдид кардаанд


Қумрӣ Ҳафизова мегӯяд, ки ба ӯву хонаводааш борҳо аз тариқи телефон таҳдид кардаанд.

Қумрӣ Ҳафизова мегӯяд, ки ба ӯву хонаводааш борҳо аз тариқи телефон таҳдид кардаанд.

Мақомоти амниятӣ эҳтимоли ба Тоҷикистон овардани Умаралӣ Қувватовро рад карданд.

Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини ширкати "Фароз" ва "Тоҷирон", ки ҳоло дар куҷо буданаш рӯшан нест, мегӯяд, ба ӯ ва фарзандона аз тариқи телефон таҳдид кардаанд. Қумрӣ Ҳафизова афзуд, ки доир ба сарнавишти шавҳараш чизе намедонад ва ҳоло бисёр дар изтироб аст.



Аммо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз нопадид шудани Умаралӣ Қувватов аз зиндоне дар Дубай, аз тариқи расонаҳо огоҳ шудаанд.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини ширкати "Фароз" ва "Тоҷирон" аст, ки тобистони соли 2012 Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк кард. Ӯ бо ташкили "Гурӯҳи 24" гуфт, бояд Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013 иштирок накунад.

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми март дар сӯҳбат ба «Озодӣ» интиқоли эҳтимолии Қувватов ба Тоҷикистонро як амри ғайри имкон арзёбӣ кард.

Сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон афзуд, ҳеҷ имкон надорад, ки Умаралӣ Қувватовро ба Тоҷикистон оварда бошанд ва ин тахминҳо, асоси воқеӣ надоранд. Ба гуфтаи Николай Николаев, вакили дифоъаш, шаби 14-уми март Қувватовро аз ҳуҷрааш дар зиндони шаҳри Дубай берун бурда шуд ва ӯро дигар ба ин ҷо бознаоварданд. Ҷаноби Николаев мегӯяд, дар ин бора як зиндоние хабар дод, ки дар як ҳуҷра бо Қувватов нигаҳдорӣ мешуд. "Аз он рӯз ӯ на бо мо ва на бо хешу наздиконаш дар тамос нест. Маълум нест, ба куҷо интиқол дода шудааст, якбора нопадид шуд.

Николаев мегӯяд, ахиран Қувватов ба яке аз зиндонҳои Дубай интиқол ёфта буд, ки шароити нисбатан беҳтар дошт. Аз ҷумла, ӯ ҳақ дошт ҳар шом бо наздиконаш телефонӣ дар тамос шавад. “Ду рӯз пеш як ҳамҳуҷраи ӯ аз зиндон бо мо тамос гирифт ва гуфт, ки соатҳои дуи шаб омаданд ва ӯро аз зиндон берун бурданд. Ва баъди ин ӯ нопадид шудааст”.

Бо он кӣ Николай Николаев мегӯяд, хонаводаи Қувватов дар Маскав пайваста таҳдид мешавад, вале аз тасдиқи ин хабар, ки Қувватов аз зиндон рабуда шудааст, худдорӣ кард. Бархе аз наздикони Қувватов низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сар аз шаби 14-уми март ӯ дигар бо онҳо дар тамос нашудааст.

Рӯзи 10-уми март Додгоҳи шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб талаби ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати истирдоди Умаралӣ Қувватов ба ин кишвар рад кард ва мурофиаи додгоҳиро то 10-уми апрел мавқуф гузошт.

Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Амороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт. Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд.

Созмони Афви байналмилалӣ рӯзи 11 январи соли 2013 дар як изҳорот бо изҳори нигаронӣ аз сарнавишти Умаралӣ Қувватов гуфта буд, ки дар сурати истирдодаш аз Имороти Муттаҳидаи Араб, ӯро метавонанд дар Тоҷикистон шиканҷа кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG