Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин чанд сол қабл яке аз пуштибонони тамомияти арзии Украина буд, аммо ҳоло бо гузашти чанд сол, хеле тағйир кардааст.

Соли 2008 раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии АРД-и Олмон вақте хабарнигор аз ӯ пурсид, ки оё Русия қасди гирифтани Қрим аз Украинаро надорад, аз ин пурсиш нороҳат шуда буд ва бо лаҳни тунд посух дод:

"Қрим қаламрави мавриди низоъ нест. Бар хилофи Осетияи ҷанубӣ ва Гурҷистон, дар онҷо ихтилофоти қавмӣ вуҷуд надорад. Русия аз муддатҳо ба ин тараф марзҳои Украинаро ба расмият мешиносад."

Дар ин навори кӯтоҳ бахше аз гуфтугӯи Путин бо хабарнигори олмониро бубинед. Ин гуфтугӯ пас аз гузашти муддати кӯтоҳ аз мудохилаи низомии Русия дар Гурҷистон, анҷом шудааст.

МАТНИ ТОҶИКИИ ГУФТУГӮ

Хабарнигор: Вазири умури хориҷии Фаронса ахиран ибрози нигаронӣ кардааст, ки даргириҳои оянда дар Украина рух хоҳанд дод. Рӯшантар бигӯем, барои Қрим ва Севастопол. Ҷое, ки пойгоҳи баҳрии Русия дар он ҷой гирифтааст. Оё Қрим ва Севастопол ҳадафи ояндаи Русия ҳастанд?

Путин: Шумо гуфтед аҳдофи оянда. Мо дар инҷо низ ҳадафе надоштем. Пас фикр мекунам, сӯҳбат кардан дар бораи аҳдофи оянда муносиб нест.

Хабарнигор: Пас ин нигарониро рад мекунед?

Путин: Агар иҷозат бидиҳед сӯҳбат кунам, қаноат ҳосил хоҳед кард. Қрим як қаламрави мавриди низоъ нест. Бар хилофи Осетияи Ҷанубӣ ва Гурҷистон. Дар онҷо ихтилофоти қавмӣ вуҷуд надорад. Русия аз муддатҳо ба ин тараф марзҳои Украинаи имрӯзиро ба расмият мешиносад. Дар умум, мо ба гуфтугӯҳо дар мавриди сарҳадот поён додаем. Масъалаи мушаххассозии нуқтаҳои марзӣ боқӣ мондааст, вале ин як кори техникӣ аст. Фикр мекунад, суол кардан дар бораи як чунин аҳдоф, лаҳни таҳриккунанда дорад.

Нимҷазираи Қрим, ки бахше аз хоки Украина буд, дар баҳори соли гузашта ба қаламрави Русия замима шуда. Раъйпурсӣ дар нимҷазираи Қрим ва шаҳри Севастопол рӯзи 16 марти соли 2014 баргузор шуд. Дар варақаҳои раъйпурсӣ ду суол сабт шуда буд -“Оё шумо ҷонибдори пайвастани Қрим бо Русия ҳамчун як бахши Федератсиони Русияед”” ва “Оё Шумо аз эҳёи Қонуни асосии Ҷумҳурии Қрим аз соли 1992 ва мақоми Қрим чун як бахши Украина ҷонибдорӣ мекунед?”. Ба иттилои расмӣ, аз пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия тақрибан 97 дар сади ширкаткунандагони раъйпурсиии рӯзи якшанбе пуштибонӣ кардаанд.

Ҳукумати Киев, раҳбарони ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ раъйпурсии Қримро “ғайриконститутсионӣ” номиданд. Қарордод дар бораи пайвастани Қрим ва Севастопол ба Русия рӯзи 18 марти соли 2014 имзо шуд. Баъдан онро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федерсияи Русия тасвиб карданд. Палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумони Русия ҳамчунин қонуни конститутсионӣ дар бораи таъсиси ду минтақаи нав – Ҷумҳурии Қрим ва шаҳри дорои аҳамияти федеролӣ – Севастополро пазируфтанд. Владимир Путин зери ҳарду санад имзо гузошт.

Илҳоқи Қрим ҷомеаи ҷаҳониро барои эъломи таҳримҳо болои Русия водор сохт. Ин таҳримҳо боиси ду баробари коҳиш ёфтани қурби пули русӣ ва бӯҳрон дар иқтисоди Русия шуданд. Садҳо мансабдорони воломақом ва тоҷирони Русия ва ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск аз имкони сафар ба давлатҳои Аврупо ва Амрико маҳрум шуданд, ҳисобҳои бонкии онҳо дар ин кишварҳо мунҷамид шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG