Пайвандҳои дастрасӣ

Гаравгонҳои Путин


Эстон Кохвер, Олег Сенncов, Надежда Савченко

Эстон Кохвер, Олег Сенncов, Надежда Савченко

Филмсоз, халабон ва ходими полис – гаравгонҳоеанд, ки аз ҷониби режими беномус рабуда шудаанд.

Се нафаре, ки дар қаламрави кишварҳои худ рабуда шудаанд, аз ҷониби як давлати хориҷӣ ба зиндон андохта шуда, ояндаи онҳо торик аст.

Шинос шавед: гаравгонҳои Владимир Путин – ду мард ва як зан - қурбонии «ҷиҳоде» шудаанд, ки раҳбари Кремлин зидди қонунҳои байналмилалӣ эълон кардааст.

Дар чанд соли охир Путин чандин коре кард, ки ҷаҳонро дар ҳолати шок гузошт.

Ӯ нахустин раҳбари як давлат баъди аҳди Адолф Ҳитлер аст, ки қаламрави як кишвари аврупоиро ишғол кардааст.

Ӯ ҷанги маснӯиеро дар шарқи Украина шурӯъ кард, ки ҷони ҳазорон нафарро гирифтааст. Ӯ Русияро дар як вабои инсонбадбинӣ, таҳаммулнопазирӣ ва ҳам таъқибу фишор андохтааст. Ӯ як бозии хатарноки муқовимат бо Ғарбро раҳбарӣ мекунад.

Ҳамакнун ӯ як одамрабо шудааст, ки нақшаш шабеҳи раҳбари гурӯҳи байналмилалии ҷиноӣ табдил медиҳад.

Ходими полис

Маскав таъкид мекунад, ки Эстон Кохвер – як ҷосуси эстонӣ буда, дар қаламрави Русия бо ҷурми ҷосусӣ боздошт шудааст. На, Кохвер ҷосус нест ва ҷосусӣ накардааст. Танҳо гуноҳи ӯ ин аст, ки корашро бо сифати баланд анҷом медод ва ба як ҳадафи хеле муносиб табдил шуд. Кохвер як корманди хадамоти амнияти дохилии Эстония буда, дар КаРо, сохтори шабеҳи ФБР кор мекард.

Ӯро замоне боздошт карданд, ки фаъолияти қочоқчиёни марбут ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии русӣ дар қаламрави Эстонияро таҳқиқ мекард. Субҳи 5 сентябри соли 2014 Кохнер барои мулоқот бо як хабаррасони махфиаш ба ҷангале дар рустои эстонии Мииксе дар чандкилометрии марзи Русия рафт, вале ба дом афтод. Дар роҳ ӯ мавриди ҳамлаи гурӯҳи ношиносе қарор гирифт, ки бо истифода аз норинҷаки садоӣ ва таҳдиди силоҳ вайро дастгир карда, ба Русия интиқол доданд. Таҳқиқи ҷои ҳодиса дар худи ҳамон рӯз аз ҷониби марзбонони эстониву рус собит кардааст, ки гурӯҳи ношиносе вориди хоки Эстония шуда дубора ба Русия баргаштааст.

Мурофиаи додгоҳие, ки дар вилояти Пскови Русия баргузор шуд, Кохверро дар ҷосусӣ айбдор ва ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Филмсоз

Русия исрор меварзад, ки Олег Сентсов як террорист аст. Ин дуруст нест. Танҳо гуноҳи Сентсов ин аст, ки ӯ як марди ҷасур аст ва ошкоро зидди ишғоли ватанаш - нимҷазираи Қрим аз ҷониби Маскав баромад кардааст.

Сентсов як кинорежиссери умедбахш аст, филми ӯ «Гамер» дар ҷашнвораи Роттердам соли 2012 баҳои баланд гирифт. Вай ҳамчунин падарест, ки батанҳоӣ ду фарзандро бузург мекунад. Зодаи Қрим буда, фаъолона дар намоишҳои эътирозии «Еврамайдан» иштирок кардааст. Вай низомиёни украиниеро, ки дар пойгоҳҳои нимҷазираи Қрим дармондаанд, бо ғизо таъмин мекард.

Сентсовро кормандони хадамоти амнияти Русия рӯзи 11 маи соли 2014 дар як хиёбони шаҳри Симферопол баъди иштирокаш дар намоиши эътирозии зидди ишғоли Қрим боздошт карданд.

Баъди чанд рӯз вай дар як боздоштгоҳи Маскав пайдо шуд ва ӯро дар оташ задани дафтарҳои ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» ва созмони «Ҷомеаи русҳои Қрим» айбдор карданд. Ӯро ҳамчунин дар кӯшиши тарконидани ҳайкали Ленин дар Симферопол гунаҳгор мекунанд.

Дар мурофиаи додгоҳ додситонҳо далели хеле нокофии гунаҳгор будани ӯро намоиш доданд, шоҳиди калидӣ Геннадий Афанасйев дар додгоҳ гуфт, ки аз баёноти қаблиаш ба хотири зери фишор сабт шудани онҳо даст мекашад.

Дар мурофиае, ки дар шаҳри Ростови лаби Дон ҷараён гирифт, додситонҳо талаб карданд, ки ӯро ба 23 соли зиндон маҳкум кунанд. Сентсов ба додрас гуфт, «Аз шумо чизе тақозо намекунам. Додгоҳи ишғолгарҳо аз рӯи мантиқи худ одилона буда наметавонад».

Халабон

Надежда Савченко аз маъруфтарин гаравгонҳои Путин аст.

Маскав мегӯяд, ки ӯ қотил аст. Ин дуруст нест. Танҳо гуноҳи ӯ ин аст, ки ҷони худро ба хотири истиқлолияти Украина дар хатар гузоштааст. Аввалин бонуи халабони низомӣ дар Украина ихтиёран барои мубориза бо ҷудоиталабоне дар Донбасс баланд шуд. Вақте ӯро ҷудоиталабони рӯ ба Маскав моҳи июни соли 2014 дар назди маҳаллаи Металлисти вилояти Луҳанск боздошт карданд, дар амалиёти наҷоти сарбозони украинӣ кӯмак мекард. Баъди як ҳафта ҷудоиталабон як навори видеоиро пахш карданд, ки дар он бо дастони дар як қубури оҳанӣ басташуда бозпурсӣ мешуд.

Баъди як муддат Савченкоро ба як боздоштгоҳи Русия интиқол доданд ва дар куштори ду журналист ва ҳам убури ғайриқонунии марзи Русия айбдор карданд. Вакилони дифои Савченко гуфтанд, ки сабти сӯҳбатҳои телефонии ӯ ва ҳам шаҳодати видеоӣ ишора ба он мекунад, ки дар рӯзи марги журналистон ӯ аллакай дар боздошт буд. Савченкоро 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳадафҳо

Ба ҷуз ин ки Кохвер, Сентсов ва Савченко аз ҷониби Путин ба асорат гирифта шудаанд, онҳо боз умумияти дигаре ҳам доранд.

Ҳамаи онҳо дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ ба дунё омада, дар кишварҳои

Браян Уитмор

Браян Уитмор

мустақили худ чун афроди содиқ, муваффақ ва манфиатовар бузург шуданд. Ва барои Путине, ки суқути Шӯравиро як фоҷеа меномад, ҳамин чиз кофӣ аст, ки ин нафаронро мавриди ҳадаф қарор диҳад.

Вале барои дигарҳо ин нафарон ҳама гаравгонанд, ки аз ҷониби як давлате рабуда шудаанд, ки то рафт хатарнок ва ҳам раддимаърака мешавад.

Браян Уитмор, журналисти амрикоӣ, шореҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG