Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷудоиталаби тоҷикистонӣ" дар Украина кушта шуд


Акс аз саҳифаи Толиб Мирзоев дар "ВКонтакте"
Акс аз саҳифаи Толиб Мирзоев дар "ВКонтакте"

Ҷудоиталабони тарафдори Русия ҳалокати як ҷангии ҷудоиталабро, ки худро аз Тоҷикистон муаррифӣ мекард, тасдиқ карданд.

Толиб Мирзоев, мулаққаб ба “Тулиб”, як ҷангии ҷудоиталаб дар шарқи Украина, ки худро аз Тоҷикистон муаррифӣ мекард, рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Первомайски вилояти Луҳанск дар наздикии хатти ҷабҳаи байни ҷудоиталабон ва нерӯҳои давлатии Украина бар асари таркиш дар як “растяжка” кушта шудааст. “Растяжка” маъмулан мина ё норинҷакест, ки аз он ба чанд тараф сим кашида мешавад ва агар пои одам ба сим бархӯрд, мина ё норинҷак метаркад.

Толиб Мирзоеви 35-сола дар бригадаи “Призрак”, яке аз воҳидҳои ҷангии ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилояти Луҳанск фармондеҳии бахши контрразведкаро бар ӯҳда дошт.

Елена Семко, намояндаи расмии бригадаи "Призрак" рӯзи 12 ноябр дар як тамоси телефонӣ ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳалокати Толиб Мирзоевро тасдиқ кард ва гуфт, "ҷанозаи Толибро рӯзи 11 ноябр дар шаҳри Алчевск ба хок супурданд. Ӯ дар ҳамин шаҳр зиндагӣ мекард ва се фарзанд дошт. Марги ӯ барои мо як талафоти сангин аст."

Тоҷикон дар Донбасс
Тоҷикон дар Донбасс

Хабари ҳалокати Толиб Мирзоев аз дирӯз дар саҳифаҳои наздик ба ҷудоиталабони шарқи Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар "ВКонтакте" чарх мезанад. Дар саҳифаи худи Толиб Мирзоев дар "ВКонтакте" низ дар ин робита баҳси тунде даргирифтааст. Тарафдорони ҷудоиталабон аз ҳалокати Толиб Мирзоев изҳори андӯҳ мекунанд, вале онҳое ки дар ин низоъ аз Украина пуштибонӣ мекунанд, менависанд, ки "боз як душмани Украина аз байн рафт".

Исми Толиб Мирзоев дар поёни соли 2014, вақте расонаӣ шуд, ки се нафар – ӯву боз як нафари дигар бо лақаби "Муҷоҳид", ки худро аз Тоҷикистон муаррифӣ карданд, ва як нафари дигар аз Грозний, пойтахти Чеченистони Русия дар як навори видеоӣ гуфтанд, ки дар шарқи Украина "бар зидди фашизм", "бар зидди Амрико" ва "барои барқарор кардани СССР" меҷанганд.

ВИДЕОИ ҶУДОИТАЛАБОН

Ин нахустин видеое буд, ки аз ҳузури шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон дар ҷангҳо дар шарқи Украина дарак медод. Аммо сафорати Тоҷикистон дар Украина дар пайи нашри ин навор шаҳрванди Тоҷикистон будани ду нафареро, ки дар ин видео аз ширкати худ дар ҷангҳои шарқи Украина ҳикоят мекарданд, рад кард. Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Украина Хайрулло Толибов ба Озодӣ гуфта буд, дар натиҷаи пажӯҳиши диаспораҳои тоҷик дар вилояти Луҳански Украина маълум гаштааст, ки чунин афрод дар он ҷо зиндагӣ намекунанд ва рабте ба тоҷикон надоранд. Елена Семко, намояндаи бригадаи “Призрак” низ рӯзи 12 ноябр ба Озодӣ гуфт, Толиб Мирзоев дар инҷо ҳамроҳ бо ҷангиёни чечен меҷангид.

Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар баҳори соли 2014 дар пайи суқути ҳукумати рӯ ба Маскави президенти Украина Виктор Янукович ва тасарруфи вилояти Қрими Украина аз сӯи Русия дар вилоятҳои аҳолиаш аксаран русзабони Донетск ва Луҳанск исён бардошта, қисматҳои бузурге аз ин ду вилоят, бо шумули марказҳои маъмуриашонро тасарруф карданд. Ҷудоиталабон дар манотиқи таҳти назорати худ аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” хабар дода, гуфтанд, ки дигар ба Киев итоат намекунанд.

Дар ҷангҳо байни ҷудоиталабон ва нирӯҳои давлатии Украина, бино ба ҳисобҳо, то 6000 нафар аз ҳарду тараф ҷон бохтаанд. Дар моҳи феврали соли 2015 дар Минск қарордоди оташбас байни тарафҳои даргири низои шарқи Украина ба имзо расид, вале гоҳ-гоҳе аз ин манотиқ садои тиру таркиш шунида мешавад. Дар Ғарб бар ин боваранд, ки ошӯби ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро Русия пуштибонӣ ва таъмин мекунад. Маскав инро рад мекунад, вале мегӯяд, аз ҳуқуқи русзабонҳо дар ҳар кишвари дунё ҳимоят хоҳад кард.

Барфиев - дар марказ
Барфиев - дар марказ

Дар матбуот дар бораи ширкати зодагони Тоҷикистон дар ҷангҳои Украина гузоришҳое ба нашр расидаанд, вале то кунун хабари ҳалокати танҳо як нафар аз Тоҷикистон дар ин ҷангҳо расман тасдиқ шуда буд. Додситонии вилояти Хатлон моҳи январ хабар дод, ки Муродалӣ Барфиев, сокини 30-солаи маҳаллаи Сарчашмаи шаҳри Қӯрғонтеппа вақте кушта шуд, ки дар Украина аз тарафи ҷудоиталабони Русия меҷангид. Алайҳи Муродалӣ Барфиев дар Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомот, бо иттиҳоми зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, вале ин парванда ба далели марги ӯ қатъ карда шуд.

Дар моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе изофа карда шуд, ки барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ва зархаридӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, моддаи 406-уми Кодекси ҷиноӣ дар баробари онҳое, ки дар Сурияву Ироқ ё Афғонистону Покистон дар сафи гурӯҳҳои тундрав меҷанганд, муҷозоти афродеро ҳам, ки дар Украина ба ҷудоиталабон пайвастаанд, дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG