Пайвандҳои дастрасӣ

Нетаняҳу: “Эрон хатарноктар аз "Давлати исломӣ" аст”


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар Маҷмааи умумии Созмони Милал ҷумҳурии исломии Эронро хатарноктар аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" донист.

Бенямин Нетаняҳу -- нахуствазири Исроил рӯзи 29 сентябр, ҳангоми суханронияш дар Маҷмааи умумии Созмони Милал, гуфт, ҷумҳурии исломии Эрон хатари бузургтаре аз гуруҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ-и собиқ мебошад. Ӯ афзуд, Эроне, ки ба таслиҳоти ҳастаӣ ё атомӣ мусаллаҳ шуда бошад, хатарноктар аз “Давлати исломӣ” барои ҷаҳониён аст.

Нахуствазири Исроил дар суханронии худ Давлати Исломӣ ва Ҳамосро низ бо якдигар муқоиса кард ва гуфт, ҳардуи онҳо андешаи бунёдгароии мушобеҳ (монанд) доранд ва афзуд, “ДОИШ, яъне Ҳамос; Ҳамос, яъне ДОИШ. Чаро ки ҳардуи онҳо шохаҳое аз як дарахти масмум (заҳролуд) ҳастанд.”

Нетаняҳу дар минбари Созмони Милал бахше аз суханҳои Абубакри Бағдодӣ, раҳбари “Давлати исломӣ”-ро ҳам нақл кард, ки ду ҳафтаи пеш гуфт, мусалмонон базудӣ дар ҳама ҷои ҷаҳон бо сарфарозӣ гом хоҳанд бардошт ва ғайримусалмонҳоро ба итоат аз худашон водор хоҳанд кард. Нахуствазири Исроил гуфт, Холид Машъал, раҳбари Ҳамос, низ ҳамин суханони Абӯбакри Бағдодиро пештар баён кардааст. Вай изҳор дошт, “нозиҳо (фашистҳо) низ ба нажоди бартар эътиқод доштанд; Исломгароёни ифротӣ низ худро бартар медонанд. Вале суол дар ин ҷост, ки оё ифротгароии исломӣ монанди фашистҳо ба қудрате хоҳанд расид, ки битавонанд баландпарвозиҳои худро амалӣ кунад?”

Нетаняҳу дар посух ба ин суоли худ гуфт, “танҳо як ҷой ҳаст, ки мумукин аст, бо дастёбӣ ба қудрате бузург ҷоҳталабии худро амалӣ кунад. Он ҷо Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки бунёдгузорони он - Хумайнӣ бо нидои “Ло илоҳа илаллоҳ”, муҷриёни бераҳми ин ҳукумат ва сипоҳи посдорон бар андешаи тасаллут бар дунё ҳастанд.”

Бенямин Нетаняҳу бо ишора ба суханронии ҳафтаи пеши Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон дар Созмони Милал гуфт, “Рӯҳонӣ ҳамин ҷо истод ва ашк рехт. Бо ин ҳадаф ки таҳримҳо алайҳи Эрон лағв шавад. Аммо беҳтар аст, ки ӯ ашк нарезад ва бо фармондеҳони сипоҳ дар мавриди ҳимояти онҳо аз терроризм сӯҳбат кунад.” Вай афзуд, “ин ки Рӯҳонӣ мегӯяд, Эрон ҳомии терроризм нест, яке аз аҷибтарин суханони таърих аст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG