Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар як соли охир дар Тоҷикистон ҳукумат сиёсати худро дар баробари мухолифонаш шадидтар карда ва талошҳоро барои назорати комил бар ҷомеа афзоиш додааст.

Бархе аз мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон мегӯянд, ки барои ақидаҳои сиёсиашон наздикони онҳо дар дохили кишвар мавриди таъқибу фишор қарор гирифтаанд. Собир Валиев, ки аз ӯ муовини раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” ном бурда мешавад, гуфт, дар пайи чунин фишорҳо пйавандонаш маҷбур шудаанд, кишварро тарк кунанд.

Ӯ мегӯяд, шахси ба камолрасида аст ва барои ҳар кори худ бояд худаш ҷавоб гӯяд, на волидон ва хешу таборонаш. Ба қавли Валиев, баъд аз ду занги таҳдидомези телефонӣ ба падараш ва навиштаи "Хоини Ватан" дар дарвозаи хонаи онҳо, ҳоло падару модар ва хоҳаронаш аз Тоҷикистон хориҷ шудаанд ва дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Яке аз таҳлилгарони сиёсии Радиои Озодӣ, ки нахост аз худ ном барад, мегӯяд, таҷрибаи фишор ба наздикон, гаравгон гирифтани онҳо ва

Собир Валиев

Собир Валиев

поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо ба истиснои Тоҷикистон, асосан хоси ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Марказӣ буд.

Тоҷикистон то ба ин авохир танҳо як намуна дошт ва он ҳам муносибати дағалона бо модари Ризвон Садиров, ки дар ваҳшониятҳои зиёд даст дошт. Ба ҷуз аз ин, ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеч як аз падару модар ё хоҳари рақибони сиёсӣ ё рақибони мусаллаҳи худ таҳдид намекард.

Дар ин маврид метавон аз Ғаффор Мирзоев ва Ёқуб Салимов ном бурд, ки бо вуҷуди мухолифат бо ҳукумат ва талоши шӯриши зиддидавлатӣ, касе аз мақомот ба аъзои хонаводаи онҳо кордор нашуд, албатта, ба ононе, ки ҷиноят содир накардаанд ва онҳо ҳамчунон кору зиндагии худро дар Тоҷикистон идома медиҳанд. Чунин равиш то андозае ба Зайд Саидов низ иртибот дорад, зеро аъзои хонаводааш, махсусан писаронаш дар Душанбе кору зиндагии худро идома медиҳанд.

Аммо дар як соли охир дар Тоҷикистон ҳукумат сиёсати худро дар баробари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифонаш шадид кард ва ба гуфтаи ҷомеашиносон, талошҳоро барои назорати комил бар ҷомеа афзоиш дод. Бархеҳои дигар талошҳои ҳукуматро ба шӯриши генерал

Абдуҳалим Назарзода

Абдуҳалим Назарзода

Абдуҳалим Назарзода рабт медиҳанд. Аммо бархеҳои дигар мегӯянд, ки ин иқдоми ҳукумат ба ҷилавгирӣ аз афзоиши дигарандешӣ дар ҷомеа иртибот дорад.

Мирғиёс Аҳроров, ҳуқуқшиноси тоҷик дар Русия, бо такя ба моддаи 347-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон мегӯяд, фишор ва ё таҳдид ба аъзои хонаводаҳои рақибони сиёсии ҳукумат ва боздоштшудагон дар ҳеч қонун пешбинӣ нашудааст ва он ба муқаррароти байналмиллалӣ низ мутобиқат намекунад.

Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова низ мегӯяд, “агар яке аз аъзои хонавода ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад, аъзои дигари хонавода бар хилофи қонун аз тарафи мақомоти интизомӣ мавриди таъқиб қарор мегиранд. Чунин кор нодуруст аст, зеро Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳкориро пешбинӣ намудааст. Ҳар кас барои кирдори шахсии худ ҷавоб медиҳад ва вай набояд ба сарнавишти ояндаи хешовандон таъсири манфӣ расонад”.

Ба гуфтаи Воҳидова, ҳатто қонун ба таври истисно ба аъзои хонавода иҷоза медиҳад, ки бар зидди наздикони худ шаҳодат надиҳанд ва ё дар сурати аз кирдори ғайриқонунии узви хонаводаи худ ба мақомот хабар надодан, онҳо гунаҳгор дониста намешаванд.

Файзиннисо Воҳидова

Файзиннисо Воҳидова

Дар солҳои Шӯравӣ, агар шахсе аз хонавода “доғи судӣ” мегирифт ё ба таъқиби сиёсӣ дучор мегардид, сарнавишти баъдии пайвандони вай табоҳ мешуд ва онҳо аз насл ба насл наметавонистанд ба мақомҳои давлатӣ ё интизомӣ баргузида шаванд. Ҳатто ба онҳо барои сафар ё кор ба ягон кишвари хориҷӣ иҷоза намедоданд.

То ҳол бар хилофи қонунҳои мавҷуда, раванди фишор ба хешовандон дар Узбакистону Туркманистони пасошӯравӣ то ҳол боқӣ мондааст. Аммо дар Тоҷикистон чӣ тавр? Оё аъзои чунин хонаводаҳо метавонанд ба ояндаи хуби худ умед банданд? Собир Валиев баъд аз боздоштҳо ва таъқибу фишорҳои ахир ба чунин оянда бовар надорад, бо вуҷуди ин умедвор аст, ки ҳукумати Тоҷикистон рақибони сиёсиашро эътироф мекунад ва бо онҳо муборизаи солимро пеш мегирад.

Таҳлилгари Радиои Озодӣ мегӯяд, дар паҳнои Шӯравии пешин таҷрибаи афви рақибони сиёсӣ низ вуҷуд дорад. Масалан, Борис Елтсин, раиси ҷумҳури вақти Русия баъд аз чанд моҳ даҳҳо генерал ва маршалҳоро, ки ба табаддулоти давлатӣ даст зада буданд, бо имзои худ аз зиндонҳо раҳо карда буд. Вале дар Тоҷикистон дар солҳои наздик чунин кор сурат нахоҳад гирифт ва ояндаи фарзандон ё аъзои хонаводаи боздоштшудагону рақибони сиёсии таъқибшуда норӯшан боқӣ хоҳад монд.

Дар чунин ҳолат аъзои хонавода, ба вижа фарзандони хонаводаҳои таҳти таъқиб қарордошта ва ё “доғи судӣ” дошта аз ояндаи хуб маҳрум хоҳанд монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG