Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти хабарии вакилони Зайд Саидов (2 ВИДЕО)


Вакилони дифои Зайд Саидов.
Вакилони дифои Зайд Саидов.

Вакилони дифои Зайд Саидов мегӯянд, ҳукми додгоҳ, ки зерҳимояи онҳоро ба 26 соли зиндон маҳкум кард, ба шакли комил эълон нашуд ва нусхааш ба дасти онҳо нарасидааст ва бо дарёфти он, шикояти касатсионӣ мебаранд.

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони Зайд Саидов рӯзи 26-уми декабр дар нишасти хабарӣ гуфт, ки агар то рӯзи 30-юми декабр матни ҳукм ба дасти вакилон дода нашавад, онҳо ба додгоҳи касатсионӣ шикоят мебаранд.

Исҳоқ Табаров, вакили дигари Зайд Саидов мегӯяд, вакилон ҳамагӣ ду соат пеш аз оғози эълони ҳукм хабардор шуданд ва зерҳимояи худро огоҳ карданд, ки ба ҳар ҳолати ногувор омода бошад. Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, баъди эълони ҳукм, Зайд Саидов гуфтааст, бовар надошт, ки ба ӯ 26 сол ҳукм медиҳанд, зеро ӯ ба адолати судӣ дар Тоҷикистон бовар доштааст. Табаров гуфт: «Аммо Зайд Саидов баъди ҳукм гуфтанд, ки ман фикр мекардам шояд суд 10 ё 15 сол ҳукм мебарорад».

Нишасти хабарии вакилони Зайд Саидов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
Линки мустақим

Фахриддин Зокиров ҳамчунин мегӯяд, феълан матни ҳукм дар дасти онҳо ва зерҳимояи онҳо Зайд Саидов мавҷуд нест. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вакили дифои Зайд Саидов, онҳо пурра ва дақиқ гуфта наметавонанд, ки суд дар хулосабарории худ ба кадом асосҳои мурофиавӣ ва моддӣ такя карда, нисбати зерҳимояи онҳо чунин ҳукм баровардааст.

Дар ҳамин ҳол Исҳоқ Табаров, вакили дигари Зайд Саидов мегӯяд, онҳо ба пурра омода будани матни ҳукм шубҳа доранд ва касе ба ғайр аз додрас онро надидааст. Исҳоқ Табаров гуфт, ки ин парванда аз рӯзи аввал сиёсӣ ва фармоишӣ буд. Ҷаноби Табаров аз 25-уми декабри соли 2013 ба унвони рӯзи «ҷанозаи адолати судӣ дар Тоҷикистон» ном бурд.

Фахриддин Зокиров, мегӯяд адолати судӣ дар Тоҷикистон низ дар пайи ин баррасии парвандаи зерҳимояи онҳо зери шубҳа аст. Вай гуфт, ҳарчанд ба мустақилияти додгоҳ эътимоде намондааст, онҳо зарур медонанд, ки барои риояи расмиёт вобаста ба меъёрҳои қонунгузорӣ, бори дигар ба додгоҳ шикоят баранд.

Дар ҳамин ҳол дафтари Додгоҳи олии Тоҷикистон аз шарҳи ҷузъиёти ҳукми Зайд Саидов худдорӣ карданд. Ин додгоҳ дар як мурофиаи сайёраш дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр вазири собиқи саноат ва соҳибкори маъруф Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳаққи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ, шуғли соҳибкорӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол ва 80 000 сомонӣ ҷарима маҳкум кард.

Аммо ин ҳукм бар асоси танҳо 6 парвандаи алайҳи вазири собиқи саноат ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав содир шуда, мақомот гуфтаанд, тафтиши парвандаҳои дигар алайҳи Зайд Саидов идома хоҳад ёфт.
Вакилони дифоъ мегӯянд, агар шикояти онҳо дар суди касатсинони низ ба инобат гирифта нашавад, барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар чорчӯбаи қонун ба созмонҳои байналмилалӣ шикоят хоҳанд бурд.

Нишасти вакилони дифои Зайд Саидов баъд аз ҳукми додгоҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00



НАХУСТИН ВОКУНИШҲО БА ҲУКМИ ЗАЙД САИДОВ

Маҳкумияти соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба 26-соли зиндон, маҳофили сиёсӣ ва коршиносии Тоҷикистонро дар ҳолати шок ва ҳайрат қарор додааст.

Ҳунарманди тоҷик Барзу Абдураззоқов, ки низ дар баробари беш аз 50 нафар ҳаводорону наздикони Зайд Саидов дар интизори ҳукми додгоҳ дар паси маҳбас қарор дошт, ба дунболи эълони ҳукми додгоҳ, ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки "аз ин ҳукми додгоҳ дар ҳолати шок қарор дорам ва ҳеҷ чизе бештар гуфта наметавонам."

Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи олӣ дар нисбати Зайд Саидовро сиёсӣ ва супориши арзёбӣ кард. Ҷаноби Зоиров гуфт, ки агар ин ҳукм супоришӣ намебуд, додгоҳ ҳатман мӯҳлати ҷазоро камтар мекард, на 26 соле, ки эълон доштааст. Раҳматулло Зоиров афзуд, ки ҳамаи парвандаҳои Зайд Саидовро дар даст дорад ва онҳоро ҳамаҷониба омӯхта дар наздиктарин фурсат зимни пахши як изҳорот баҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ хоҳад дод.

Эълони ҳукми Зайд Саидов ва нахустин вокунишҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
Линки мустақим

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили парлумон мегӯяд, "замоне ки айбдоркунандаи давлатӣ 28 соли зиндон талаб карда буд, ба чунин шакл анҷом шудани додгоҳ маълум буд. Аммо аз як чиз умедворӣ мекардам, ки шояд адолати судӣ вуҷуд дошта бушад. Аммо фикр мекунам камтарин умед ҳам барбод рафтааст."

Ҷаноби Ҳусайнӣ мегӯяд, ин ҳукм хислати сиёсӣ дошта ва «Зайд Саидов то ҷое беайбтарин ва бегуноҳтарин вазир дар ҳукумати кишвар буд.» Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, баъд аз чунин ҳукм нисбати Зайд Саидов, дар кишвар ҳалолкориву поккорӣ боқӣ намондааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр соҳибкори маъруф Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодира амвол маҳкум кард.

Эълони ҳукми Зайд Саидов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00


ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG