Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент ба ҷашни Наврӯз баҳои 4,5 дод


Дар муҷтамаи "Наврӯзгоҳ"-и пойтахти Тоҷикистон ҳунарнамоии идонаи ромишгарон ва намоишгоҳи косибон баргузор гашт.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамроҳ бо аъзои ҳукумат ва намояндагони порлумони кишвар дар ин ҳамоиш ширкат дошт, дар поёни ҳунарнамоии идона бори дигар Наврӯзро ба мардум фархунда гуфт ва аз шеваи баргузории ҳунарнамоии ҷашнӣ дар "Наврӯзгоҳ" истиқбол кард. Вай аз кори таҳиягарони намоиш ва кормандони Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон изҳори сипос кард ва ба ҷашни имсола 4,5 хол дода, ташкили онро беҳтар аз соли гузашта номид. Ин барнома аз сӯи Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон коргардонӣ шуда, фарогирандаи намунаҳои гуногуни суннату ойинҳои наврӯзӣ буд.

Дар ҳамин паёмаш ҷаноби Раҳмон аз кормандони телевизиони давлатӣ хоҳиш кард, ки шоми ҷумъа дар телевизиони кишвар таронаи «Очата бугӯ»-и овозхони мардумӣ Бобои Файз пахш карда шаванд. Ин сароянда бо таронаи
Бобои Файз
Бобои Файз
«Очата бугӯ» шӯҳрат ёфтааст, ки дар ҳунарнамоии наврӯзӣ низ иҷро шуд. Раисиҷумҳур хостори таҳияи як намоиши алоҳида ва муфассал бо ширкати Бобои Файз шуд.

Ҳангоме ки Бобои Файз таронаи фолклории «Очата бугӯ»-ро дар Наврӯзгоҳ иҷро мекард, дурбинҳои телевизион президентро нишон медоданд, ки бо хушҳолии зиёд ва шавқу шодӣ ин ҳунарнамоиро тамошо мекард. Таронаи «Очата бугӯ» таи як соли охир маъруф шуда, дар иҷрои Бобои Файз, мусафеди 67-сола борҳо аз тариқи телевизионҳои кишвар пахш шудааст. Бобои Файз дар «репетуар»-и худ таронаҳое дар васфи президенти Тоҷикистон низ дорад, ки дар телевизионҳои давлатӣ пахш шудаанд.

Дар консерти идона даҳҳо нафар аз овозхонҳои саршиноси кишвар, аз ҷумла Нигина Амонқулова, Зикруллоҳ ва дигарон ширкат карданд, аммо ин бор таваҷҷӯҳи раисиҷумҳур маҳз ба Бобои Файз равона гардид. Ҳавои мусоид имкон дод, ҳазорон нафар дар «Наврӯзгоҳ» ин ҳунарнамоиҳоро тамошо кунанд.

Дар беруни "Наврӯзгоҳ" дар дарозои наздик ба 2 километр растаҳои мухталиф бо сарулибос ва гулҳову пухтаниҳои наврӯзӣ, маҳсулоти дасти ҳунармандон ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Дар назди растаҳои хоси идора ва муассисаҳо базмҳои мусиқӣ ва мусобиқаҳо ба авҷ мерасид. Ин ҳолу ҳаворо метавонед дар навори видеои гузоришгари Радиои Озодӣ бубинед:

Базм дар Наврӯзгоҳи Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00
XS
SM
MD
LG