Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳзоби сиёсӣ дар 2012 чӣ мушкилу муваффақият доштанд?


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Намояндагони ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2012 ҳам мушкил ва ҳам муваффақиятҳо ёрашон буд.

Ба қавли масъулони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки дар садри он раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон меистад, дар соли 2012 барояшон даст дод, то аъзои ҳизбро ба 200 000 нафар расонанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Усмон Солеҳ, яке аз масъулони ин ҳизб, дар соли 2010 аъзои ҲХДТ ҳамагӣ 135 000 нафар буд. "Аз сабаби он ки самти муҳими фаъолияти мо зиёд кардани аъзои ҳизб буд, бештар ба он таваҷҷуҳ доштем",-афзуд Усмон Солеҳ.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯянд, 2012 барояшон чандон соли осон набуд. Ба гуфтаи Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ин ҳизб, онҳо аз аввали ин сол таҳти санҷиш ва фишори мақомоти давлатӣ, аз он ҷумла Додситонии кул қарор доштанд. Ҷаноби Ҳусайнӣ мегӯяд, ҳанӯз даъвои ҳизбаш дар бораи қонунӣ набудани ин санҷишҳо побарҷост ва онҳо барои тантанаи ҳақиқат ба зинаҳои болотари додгоҳҳои кишвар муроҷиат хоҳанд кард. "Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки имсол бо санҷишу даъвоҳо ҷамъбаст шуд",-мегӯяд муовини раиси ҲНИТ.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲУСДТ), гуфт, онҳо дар соли 2012 ҳам бо ҳодисаҳои хуш ва ҳам нохуш рӯбарӯ шуданд. Ҷаноби Зоиров мегӯяд, "ҳодисаи нохуш ин буд, ки бойгонии ҳизби мо гум шуд. Ҳуҷҷатҳое, ки тӯли ин ҳама сол мо омода карда будем, аз ҷумла шаҳодатномаи сабти ҳизб ғайб зад. Аз нигоҳи хушхабарӣ ин аст, ки аз замони қайди давлатии ҳизби мо даҳ сол гузашт. Дар ҳамин рӯз мо нусхаи шаҳодатномаи ҳизбро дастрас кардем."



Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов мегӯяд, дар соли 2012 онҳоро мушкили идеологиву сиёсӣ домангир набуд. Балки ба гуфтаи ӯ, коммунистҳои кишвар бештар мушкили иқтисодӣ доштанд. Дар идома ҷаноби Шабдолов афзуд, "ин ки ҳизби моро ҳизби пиронсолҳо мегӯянд, дурӯғ аст. Ҳар сол ҳизби мо ба сафи худ якуним ҳазор нафарро ҷалб мекунад, ки ҳаштод дарсади онҳо ҷавононанд."

Ҳайдулло Абдуллоев, намояндаи Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ба раҳбарии Масъуд Собиров, мегӯяд, онҳо бештар барои демократикунонии ҷомеа талош карданд. Ба қавли ӯ, дар соли 2012 онҳо тавонистанд, ки чандин матлабу изҳоротро тавассути нашрияҳои даврии Тоҷикистон ба чоп расонда, нисбат ба воқеа ва ҳаёти мардум бетараф набудани худро баён доранд. "Он гурӯҳе, ки садорати ҳизбро соҳиб шуданианд, дар ҲДТ мушкили ҷиддиеро ба вуҷуд наовардаанд",-гуфт ӯ.

Аз нигоҳи раҳбари Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон (ҲАТ) Амирқул Қароқулов соли 2012 барои садорат ва аъзои ин ҳизб "соли ормонҳо" будааст. Ӯ мегӯяд, "дар давоми сол мо фаъолияти бисёр босамар ва озодонаву мустақил доштем."

Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) аз соле, ки сипарӣ мешавад, бо некӣ ёд овард. Дар ин сол, гуфт ӯ, онҳо дар бораи иқтисоди Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ ба Шӯрои ҷамъиятӣ як пешниҳод кардаанд, ки пазируфта шудааст. Илова ба ин, ба гуфтаи Олим Бобоев, дар ин сол ба ҳайати ҳизби онҳо бештар ҷавонон шомил шудаанд. "Имрӯз аъзои ҳизб ба бештар аз 18 ҳазору 600 нафар расидааст",-гуфт Олим Бобоев.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG