Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Хуҷанд парванда алайҳи як пулисро бо иттиҳоми латукӯби як сокини маҳаллӣ анҷом дода, ба додгоҳ ирсол кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, ин парванда дар пайи шикояти як сокини маркази вилояти Суғд боз шуда буд. Ӯ гуфтааст, ки нозири минтақавӣ дар як маҳаллаи Хуҷанд вайро ҳангоми бозпурсӣ дар утоқи кориаш латукӯб кардааст. Ин корманди пулис ба нақзи банди 316-уми Қонуни ҷиноӣ («берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ») айбдор мешавад.

Ин дуюмин парванда алайҳи кормандони пулиси Суғд аст, ки бо ҷурми латукӯб ва шиканҷаи сокинон имсол ба додгоҳ рафтааст. Дар додгоҳи шаҳри Чкалов ду моҳ боз муҳокимаи парвандаи як мақоми пулиси Исфара бо иттиҳоми шиканҷа идома дорад.



Ба гуфтаи Шариф Қурбонов, додситони вилояти Суғд, ки тафтиши ин парванда аз сӯи ин ин ниҳод анҷом гирифтааст, гуфт, Азимулло Азимов, сардори бахши кофтукоби ҷиноии шӯъбаи аввали умури дохилаи Исфара мутобиқи 3 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: банди 143 - “шиканҷа”, 316 - “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва 358 - “ғайриқонунӣ дастгир ва ҳабс намудан” ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Як манбаъи наздик ба тафтиши ин парванда аз додситонии Суғд гуфт, Азимулло Азимов моҳи декабри соли гузаштаи 2012 як сокини 30-солаи Исфараро боздошт карда ва ба таври ғайриқонунӣ нигаҳ дошта, латукӯб кардааст. Дастгиршуда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба додситонӣ шикоят бурдааст.

Банди “шиканҷа” ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли гузаштаи 2012 бо пешниҳоди СММ ба хотири мутобиқ намудани қонунгузории Тоҷикистон ба Конвенсияи ҷаҳонии алайҳи шиканҷа ворид карда шуд. Мақомот ин амрро дар амри коҳиши шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбати инсон дар кишвар муассир меноманд.

Вале ба ақидаи бархе ҳуқуқшиносон ва вакилони мудофеъ, танҳо бо таъини ҷавобгарии ҷиной барои омилони шиканҷа намешавад онро барҳам зад.

Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифои тоҷик мегӯяд, азбаски меъёр ва сифати кору фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо миқдори тафтиши пешакии анҷомдодаи онҳо арзёбӣ мешавад, мақомоти тафтишотӣ ба хотири кушодани гиреҳи ҷиноятҳо гумонбаронро дар сурати иқрор нашуданашон таҳти азобу шиканҷа қарор медиҳанд. Вай афзуд: “То ин сиёсат ва усули муайян кардани нишондод ва сифати кори мақомоти тафтишотӣ дигар нашавад, вазъро тағйир дода намешавад. Азобу шиканҷа додани одамон дар саросари кишвар ҷой дорад ва бо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани 1 -2 нафар наметавон вазъро ислоҳ кард.”


Ҷӯрабой Бобоев

Ҷӯрабой Бобоев

Вале на ҳама мавридҳои шиканҷа ва парванда алайҳи омилони он то ба додгоҳ меравад. Ҷӯрабой Бобоев, як сокини Исфара ҳамроҳи вакили дифоъаш моҳҳо боз бо роҳи додгоҳӣ талош дорад, ба таҳқиқи марги писараш, Исмонбой Бобоев, ки моҳи феврали соли 2010 баъд аз як шабонарӯзи боздошт дар боздоштгоҳи шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфти вазорати корҳои дохилӣ(ба истилоҳ РОБОП) дар шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расид, даст ёбад.

Мақомоти интизомӣ он замон сабаби марги Исмонбой Бобоевро нафасгир шудан аз беморӣ номида буданд, вале Ҷӯрабой Бобоев аз рӯи нишонаҳои зарбулат дар бадани писараш мӯътақид аст, ки ӯ аз шиканҷа ҷон додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG